Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли хусусӣ шудани ширкати Роҳи оҳани Узбакистон


Истгоҳи роҳи оҳан дар Тошканд.
Истгоҳи роҳи оҳан дар Тошканд.

Торнамои «Узметроном» навиштааст, ки саҳмияҳои давлат дар ширкати «Узбекистон темир йуллари»-ро мумкин аст доираҳои тиҷоратии наздик ба Алишер Усмонов, миллиардери узбактабори Русия харидорӣ кунанд.

Ба навиштаи торнамои "Узметроном", масъалаи харидории саҳмияҳои давлат дар ширкати "Узбекистон темир йулларӣ" дар ҷаласаи ғайринавбатии ин ширкат баррасӣ шудааст ва агар чунин кор сурат бигирад, имкон дорад раҳбарияти ин ширкат иваз шавад. Очилбой Раҳматов-раҳбари кунунии «Узбекистон темир йуллари» аз 13 сол ба ин сӯ дар ин мақом кор мекунад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бахши узбакии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки Хадамоти амнияти миллии Узбакистон се нафар муовинони Раҳматов-яъне Даврон Деҳқонов, Шерзод Исматуллоев ва Шӯҳрат Содиқовро мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Онҳо аз мақомҳои худ барканор ва бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар мақолае дар сафҳаи интернетии Trans-port гуфта мешавад, ки «Узбекистон темир йуллари» бо ширкатҳои роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя муносибати хуб надорад ва дар миёни раҳбарияти он ришвахориву бемасъулиятӣ ҳукмрон аст. Дар мусоҳибае бо Комрон Алиев, таҳлигари Узбакистон пурсидам, чӣ зарурате пеш омадааст, ки роҳҳои оҳани Узбакистонро хусусӣ кунанд?

Алиев: Пештар ҳамааш зери фармони давлат буд, мақомоти расмӣ фармонфармоӣ мекарданд. Барои онҳо дарди саре буд, онҳо бояд дар бораи сарнавишти ширкат майна об мекарданд. Вале акнун мехоҳанд, ки онро ба дасти касе бидиҳанд ва хусусӣ кунанд. Масъулият аз дӯши давлат гирифта мешавад ва давлат барои он ҷавобгӯ нахоҳад буд. Масалан, агар касе бихоҳад роҳи оҳанро ба самти Тоҷикистон бибандад ё боз кунад, дигар касе ҳукумат ё давлатро муттаҳам намекунад ва намегӯяд, ки ҳукумати Узбакистон бар зидди онҳо кор мекунад. Ин масъулият бар дӯши касе гузошта мешавад ва шахсони алоҳида ба он ҷавоб мегӯянд. Барои ҳамин бисёре аз масъалаҳо аз дастури рӯз ба таври автоматӣ бароварда мешавад. Ҳоло мегӯянд, ки саҳмияҳои ин ширкатро Алишер Усмонов харидорӣ мекунад».

Озодӣ: Агар ин ширкат хусусӣ шавад ва ба дасти шахсони алоҳида гузарад, дар он сурат имкон дорад, ки ришвахориву бемасъулиятӣ аз байн биравад?

Алиев: Ин танҳо ба нафъи кор хоҳад буд, барои он ки низоми саҳҳомӣ бояд барои худ пул пайдо кунад ва ин пул байни саҳҳомон тақсим мешавад. Ҳар кас метавонад ин саҳмияҳоро бихарад. Вале ришвахорӣ то ҳаде боқӣ хоҳад монд. Шояд ин тавр ҳам шавад, ки нархҳоро барои Тоҷикистон боло бибаранд ва бигӯянд, ки Тоҷикистон роҳи дигаре надорад ва маҷбур аст ҳар нархро пардохт кунад. Вале ин нукта низ бояд дар назар гирифта шавад, ки барои ҳар кор меъёр вуҷуд дорад. Додгоҳҳои байналмиллалӣ ҳаст, ки ба ин корҳо расидагӣ мекунад ва таъсири худро мегузоранд. Дар он сурат раҳбарони ширкат наметавонанд дар сояи ҳукумат пинҳон шаванд. Масалан, дар Русия саҳмияҳои Михаил Ходорковскийро давлатӣ карданд. Додгоҳҳои байналмиллалӣ барои ин кор Русияро ҷаримаҳои бузург бастаанд. Ба ҳар ҳол роҳҳои таъсиррасонӣ ба бахши хусусӣ вуҷуд дорад ва онҳо ба давлат мегӯянд, ки ба фаъолияти ширкатҳои хусусӣ дахолат накунад».

XS
SM
MD
LG