Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯсаи Поп Франсис бар пойи паноҳҷӯён


Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон ба муносибати "Иди пок"- масеҳӣ аз як маркази паноҳандагон дидан кард ва пойи чанд паноҳҷӯи мусалмон, ҳинду ва католикро бӯсид.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи панҷшанбеи 24-уми март ба муносибати "Иди пок" аз як маркази муҳоҷирон дидан кард ва пойи чанд паноҳҷӯи мусалмон, ҳиндӣ ва католикро бӯсид. Ин амали Поп Франсис барои хушомадгӯӣ ва пазириши паноҳандагон дар ҳоле сурат мегирад, ки пас аз ҳамлаҳои хунини Брюссел ва Порис, эҳсосоти зидди муҳоҷирон дар Аврупо бештар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, Поп Франсис маросими шустани пойро, ки бахше аз суннатҳои ҳафтаи "Иди пок"-и католикҳо аст, дар як маркази паноҳандагон дар атрофи шаҳри Рим, анҷом додааст.

Тибқи эътиқоди католикҳо, маросими шустани пой рӯзи панҷшанбеи муқаддас баргузор мешавад ва ёдовари яке аз суннатҳои зиндагии Исои Масеҳ аст. Ба эътиқоди католикҳо, Исои Масеҳ як рӯз қабл аз он, ки ба дор овехта шавад, пойҳои ҳавориюни (ёрон ё асҳоб) худро шуст ва дар ривоятҳои масеҳият, ҳамчун намунаи хизматгузорӣ ба дигарон хонда мешавад.

Дар ин маросим, ки дар фазои кушод баргузор шудааст, дар овезаҳои калон шиорҳое чун "Хуш омадед" ба забонҳои гуногун навишта шуда буд. Аз 900 паноҳҷӯи ин марказ шумораи каме аз онҳо дар ин маросим иштирок доштааст ва дигарон дар атрофи маҳали баргузории маросим ҷамъ омада ва бо телефонҳои мобилии худ аз Поп Франсис ва лаҳзаи шустани пойҳои паноҳандагон наворбардорӣ мекарданд.

Бӯсаи Поп Франсис бар пойи паноҳҷӯён
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Тибқи қонунҳои қаблии Ватикан, маросими шустан ва бӯса задан бар пой, фақат дар мавриди мардҳо иҷро мешавад ва бисёре аз кашиш ё роҳибҳо ин корро дар мавриди 12 марди католик анҷом медоданд, ки тибқи эътиқоди масеҳиҳо, ёдовари шустани пойи 12 нафар ёрон аз сӯи Исои Масеҳ ва таъкид бар мардона будани шуғли рӯҳоният дар калисои католикӣ аст. Аммо Поп Франсис дар моҳи январи соли 2016 ин муқарраротро тағйир дод ва ин суннат дар мавриди занон ва духтарон низ анҷом мешавад.

Ватикан рӯзи панҷшанбеи 24 март эълон кард, ки барои маросими имсол 8 мард ва 4 зан интихоб шудаанд. Яке аз занҳо аз коркунони католики ин маркази паноҳҷӯён ва 3 зани муҳоҷири аз Еритерия буданд. Чаҳор нафар марди католик аз Нигерия, 3 мусалмон аз Мали ва як ҳиндумазҳаб аз Ҳинд будаанд.

Тибқи муқаррароти нави Ватикан, ҳар нафаре аз "бандагони Худо" метавонад дар чунин маросиме иштирок кунад. Ҳарчанд иборати "бандагони Худо" дар суннатҳои католикӣ ба пайравони ин мазҳаб гуфта мешавад, вале қонуни нави Ватикан мегӯяд, ки кашишон ё роҳибҳо бояд "эътиқодмандон ва дигаронро, ки баргузида шудаанд, ба хубӣ омӯзиш дода то ба шакли огоҳона, довталабона ва фаъолона дар ин маросим ширкат кунанд."

Аз ин ҷумлаҳо метавон бардошт кард, ки Ватикан ширкати ғайрикатоликҳоро низ дар ин маросим ҷоиз медонад.

XS
SM
MD
LG