Баъзе аз ронандаҳо аз ҳузури зиёди кормандони БДА (ГАИ) дар роҳҳои канори пойтахт ва шоҳроҳҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз нозирон дар паси дарахту буттаҳо ё дохили мошини худ истода, бо суръатсанҷ (радар) гуноҳи ронандаҳоро меҷӯянд.
Ҳангоми аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтан, дар роҳ чаҳор дафъа бо нозирони БДА рӯбарӯ шудам, ки дар дасташон суръатсанҷ (радар) доштанд.
Ду ҳафта пеш мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз тамбашавии роҳҳои марказии пойтахт пулиси роҳ бардошта шуда, ҷояшро патрул мегирад. Баъд аз ин, шумори зиёди ходимони пулиси роҳ дар канораҳои шаҳр ва даромадгоҳи пойтахт аз пештар дида зиёдтар ба назар мерасанд.
Бархе аз ронандаҳо мегӯянд, ҳарчанд ҳоло вазъ дар марказ беҳтар шудааст, шоҳроҳҳои дуртар аз марказ ва роҳҳое, ки бо ноҳияҳо мепайванданд, пур аз нозирони БДА аст.
"Онҳоро фақат дар ҳолати изтирорӣ медидем"
Саидэҳсон Солиев, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки бо мошини шахсӣ ба кор меояд, рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз маҳдуд шудани кори нозирони роҳ ва гузоштани патрулҳо ба ҷои онҳо хушҳол буд. Ҷойи кори Саидҳсон Солиев дар маркази пойтахт аст ва дар гузашта ҳузури нозирони роҳ дар сари ҳар қадам ӯро дилгир мекард. Ҳоло, ба мушоҳидаи Саидэҳсон, нозирони роҳро на дар маркази пойтахт, балки дар роҳҳо ба самти ноҳияҳо бештар дидан мумкин аст.
“Ҳафтаи гузашта рӯзи якшанбе, вақте аз Душанбе то ба шаҳри Турсунзода рафтан, дар роҳ чаҳор дафъа бо кормандони БДА рӯбарӯ шудам, ки дар дасташон суръатсанҷ доштанд. Дар гузашта, танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ онҳоро мушоҳида кардан мумкин буд”, - гуфт ӯ.
Сабаби аслии ин вазъро Саидэҳсон дар тарки хиёбонҳои марказӣ кардани нозирони БДА медонад, зеро ба таъкиди ӯ, нозиронеро мушоҳида кардааст, ки ҷумҳуриявӣ, на минтақавӣ буданд.
"Сари ҳар қадам манъ карда, вақтро мегиранд"
Танҳо Саидэҳсон нест, ки аз афзоиши шумори нозирони роҳ ё кормандони БДА дар роҳҳои берун аз маркази пойтахт шикоят мекунанд, балки ин вазъ дар роҳҳои канори Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб низ ба чашм мерасад. Маъруф, як ронандаи мусофиркаши “Старекс” дар дохили пойтахт, гуфт, чандин корманди БДА-ро танҳо дар самти аз “Садбарг” то маҳаллаи 46-ум мушоҳида кардааст. Онҳое, ки дар самти Душанбе-Кӯлоб мусофиркашонӣ мекунанд, мегӯянд, то ронда шудани кормандони БДА аз хиёбонҳои марказии пойтахт, сафи онҳо дар роҳҳо то ин ҳад зиёд набуд.
Давлаталӣ, як ронандаи дигар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳатто ҳолатҳое ҳам мешавад, ки корманди БДА ронандаҳои мусофиркаши ин самтро худсарона сари ҳар қадам манъ карда, вақтро мегиранд ва аксари онҳо дар даст суръатсанҷ ё радар доранд”.
Оғози моҳи декабр бо дастури вазири умури дохилии Тоҷикистон, ходимони БДА-ро дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе патрул иваз кард. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ин кор бо ҳадафи аз байн бурдани тамшабавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе гирифта шудааст.
"Теъдоди нозирони БДА тағйир наёфтааст"
Рӯзи 15-уми декабр як корманди БДА дар шаҳри Душанбе бидуни бурдани номаш ҳузури нозирони роҳро бо суръатсанҷ дар роҳҳои канори Душанбе ва шоҳроҳҳо тасдиқ кард, аммо гуфт, тибқи қоида ҳузури нозирони роҳ дар дилхоҳ макон номумкин аст, “ғайр аз ҳолатҳои изтирорӣ”.
Аммо дар посух ба нигаронии бархе аз ронандаҳои норозӣ аз ҳузури зиёди кормандони БДА дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва берун аз он, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ рӯзи 15-уми декабр гуфт, “таъсиси патрулҳо аз ҳисоби нозирони роҳ дар хиёбонҳои марказӣ таъсис ёфт ва штати онҳо кам ё зиёд нашудааст ва шумори кормандони БДА ҳам тағйир наёфт”.
Умарҷони Эмомалӣ гуфт, кормандони БДА, вобаста ба муқаррарот, метавонад дар ҷои таъиннамуда ҳузур дошта бошад. Умарҷони Эмомалӣ ҳузури кормандони БДА дар дидбонгоҳҳои канори шаҳрро як кори маъмулӣ донист. Вай гуфт, ҳоло нозирони роҳ танҳо аз кӯчаҳои марказӣ бардошта шуданд, аммо ҳузури онҳо дар кӯчаҳои дигари пойтахт бетағйир мондааст.
Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, патрул мисли кормандони БДА дар нуқтаи махсус наистода, бидуни сабаб мошинро манъ намекунанд. Танҳо дар ҳолате, ки аз ҷониби ронанда қоидавайронкунии ҷиддӣ сурат гирад, патрул нақлиётро боздошта, нисбаташ чора меандешад. Патрул ҳақ хоҳад дошт, барои вайрон кардани қоидаи роҳ нисбати ронанда санад тартиб бидиҳад.