Як таҳқиқот дар шаҳри Душанбе мушаххас кардааст, ки тақрибан 80 дарсади ронандаҳои пойтахт тасма ё камарбанди бехатарӣ намебанданд. Ин таҳқиқотро созмони “Насли ҷавони Тоҷикистон” дар байни 5000 ронанда ва мусофир дар се моҳи ахир анҷом додааст. Аз рӯи таҳқиқоти созмонҳои ҷаҳонӣ, истифодаи тасмаи бехатарӣ хавфи маргро ҳангоми садама то 50 дарсад ба ронанда ва мусофири курсии пеш ва то 70 дарсад барои мусофирони курсиҳои қафо коҳиш медиҳад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:
Як ронандаи дигар гуфт, ки танҳо ҳангоми дидани нозири роҳ тасмаро мебандад
Наимҷон Мирзораҳимов, раиси созмони "Насли ҷавони Тоҷикистон", рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин пурсиши онҳо муайян кард, ки аз 20 нафар як мусофири курсии пеш тасма мебандаду бас. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, сабаби аслии истифода накардани тасмаи бехатарӣ аз сӯи ронандаҳо ва мусофирон ин будааст, ки “мошини онҳо ё тасма надорад, ё корношоям аст ё барояшон мақбул нест”.
Ин пурсиш дар пайи афзоиши марги сокинон дар садамаҳои нақлиётӣ роҳандозӣ шудааст. Дар пурсиш, ки танҳо дар шаҳри Душанбе анҷом шуд, аз миёни ронандаву мусофирони чаҳор ноҳияи пойтахт, аз ҳама бештар ронандаҳо дар кӯчаи марказӣ аз тасма истифода мекардаанд. Сабаб ҳам ҳузури бештари нозирони роҳ дар хиёбонҳои “протоколӣ” гуфта мешавад. Аммо ронандаҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, борҳо барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷарима шуданд ва ҳоло ба як кори маъмулии онҳо табдил шудааст.
Абдурашид Шарифов, ки чанд сол боз сари чанбараки мошин мешинад, ҳамеша пеш аз ҳаракат кардани мошин тасмаи бехатариро мебандад. Ӯ мегӯяд, дар аввал бастани тасма барояш як кори зиёдатӣ буд, вале ҷаримаҳои нозирони роҳ ва ҳам ҳолатҳои ногувор ӯро водор кард, то ба ин қоида одат кунад.
Абдурашид гуфт, “бастани тасма ҳангоми ҳаракат ҳам бехатарии худам ва мусофирони мошинро то ҳадде кафолат медиҳад. Ҳам бо риояи ин қоида ба ҷайбам зарба намерасад.” Вале баръакси Абдурашид, ки ба бастани тасмаи бехатарӣ одат кардааст, садҳо ронандаи дигар ин қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.
Бобоҷон, ронандаи дигар, мегӯяд, танҳо ҳангоми дидани нозири роҳ тасмаро мебандад, чун ба гуфтаи худаш ронандагӣ кори хастакунанда аст ва наметавонад тамоми рӯз бо бастани тасма ҳаракат кунад. “Гузашта аз ин, гирифтори зиққи нафас ҳастам ва наметавонам ҳамеша аз тасмаи бехатарӣ истифода кунам”, - шарҳ дод ӯ.
Пажӯҳиши ахир нишон додааст, ки аксари ронандаҳо мисли Бобоҷон бештар ҳангоми рондани мошин дар субҳгоҳон тасма мебанданд ё бо дидани нозири роҳ. Худи ронандаҳо ҳам ҳангоми пурсиш иқрор карданд, ки пас аз нисфирузӣ ва ба хотири хастагии давоми рӯз умуман аз тасма истифода намекунанд.
Бо вуҷуди он ки кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи махсусро барои набастани тасмаи бехатарӣ дар назар надорад, аммо барои риоя накардани Қоидаи ҳаракат дар роҳ ронанда аз 25 то 50 сомонӣ ҷарима мешавад. Ин миқдор ҷарима дар муқоиса ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ночиз аст, ҳарчанд ҳолатҳои бидуни тасмаи бехатарӣ ҳаракат кардани ронанда дар ин кишварҳо ангуштшумор аст.
Муаллифони ин пажӯҳиш ба хулосае расиданд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам бояд дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, бастани тасмаро дар моддаи алоҳидаи қонун зикр ва андозаи ҷарима ба ронандаҳои саркашро боло баранд.
Зиёратшо Хушвақтов, муовини раҳбари Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло вазъи иқтисодии сокинон иҷозат намедиҳад, ки ронанда барои набастани тасма аз 50 сомонӣ боло ҷарима шавад. Ӯ гуфт, “беҳтар аст, корҳои таблиғотиро аз боғчаву мактабҳо шурӯъ карда, сокинонро барои риояи ҳаракат дар роҳҳо одат диҳем. Агар як сабаби дар пайи садамаҳои нохуш фавтидани одамон суръати баланди мошин аст, омили дувум набастани тасмаи бехатарист.”
Аз рӯйи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир ба ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон 48 мошини шахсӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда 5 сол қабл 39 ададро ташкил медод. Аз ҳама бештар сокинони Душанбе, яъне аз 1000 нафар 73 нафар соҳиби мошин будаанд. Танҳо дар семоҳаи аввали имсол 22 ҳазор қоидавайронкунӣ вобаста ба набастани тасмаи бехатарӣ ошкор ва аз рӯи он санад тартиб дода, ронандагон ҷарима карда шудаанд.