Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ҳудуди 700 ронандаро дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ боздошт кардааст. Боздошти ронандаҳои маст дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ду моҳи пеш бо тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ, ҷазо барои ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ва беҳуҷҷати ронандагӣ сахттар шуд. Бар асоси тағйироти нав, ронандагони мастро то 15 шабонарӯз ҳабс мекунанд ва ё аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавад.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бештари ронандаҳои дар ҳолати мастӣ боздоштшуда, ҳабсро интихоб кардаанд ва бо онҳо дар муддати 15 рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ низ анҷом мешавад, ки такроран ба ин кор даст назананд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, “дар ду моҳ ҳудуди як миллион сомонӣ аз ин қонуншиканиҳо ҷарима ситонида шуд, вале дар бисёр ҳолат ронандаҳои дар ҳолати мастӣ боздоштшуда 15 рӯз ҳабсро интихоб кардаанд”.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳамин шабу рӯз дар боздоштгоҳи муввақатии Вазорати корҳои дохилӣ 30 тан аз ронандаҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишастанд. Дар ин шабу рӯз додгоҳҳои Тоҷикистон дастҷамъона ҳукми муҷозоти ин ронандаҳоро содир мекунад. Барои мисол, моҳи гузашта, додгоҳи шаҳри Турсунзода 11 ронандаеро, ки рӯзҳои 6 ва 9-уми октябр ҳангоми мастӣ боздошт шуда буданд, бар асоси тағйири нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муҷозот кард. Додгоҳ ду нафар аз ин ронандагонро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 9 тани дигарро ба 15 шабонарӯз ҳабс кард.
Парвандаи ронандҳои маст бар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷазо барои ронандагӣ дар ҳолати мастирошадидтар кардааст, баррасӣ мешавад. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "сокинон бояд эҳтиёт бошанд ва ҳангоми ронандагӣ маҳсулоти спиртӣ нанӯшанд, ки онҳоро ҷазои сахт интизор аст."
Ду моҳи пеш порлумони Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод, ки бар асоси он ронандагӣ дар ҳолати мастӣ то 15 шабонарӯз ҳабс ва 15 ҳазор сомонӣ муҷозот дорад.
Ҷазои ронандагони маст дар ҳоле шадид шуд, ки бар асоси омори расмӣшумораи садамаҳои пурқурбонӣ дар кишвар афзоиш ёфт. Мақомот ронандагӣ бо суръати баланд ва маст нишастани ронандагон пушти чанбари мошинро омили садамаҳо дар кишвар медонанд. Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи июли соли 2017 дар роҳҳои Тоҷикистон 724 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 230 нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 800 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.