Давоми шаш моҳи ахир чаҳор сокини минтақаи Кӯлоб ба иттиҳоми таҷовуз ба номус маҳкум ба зиндон шудаанд.
Иззатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рӯзи 13-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин чаҳор нафар як тани онҳо бо номуси як духтари ноболиғ дастдарозӣ кардааст.
Ба гуфтаи вай, сокини ҷамоати Ёқсуи ноҳияи Данғара Иброҳимов аз набудани волидани ҳамсояаш С.С-и 17-сола истифода карда ва вориди хонаи онҳо мешавад ва ба ӯ дастдарозӣ мекунад. Додгоҳ дар моҳи декабри соли гузашта Иброҳимовро ба 15-соли зиндон маҳкум карда буд.
Ҳамин тавр Саидмуҳаммад Абдраҳҳмонов, истиқоматкунандаи ҷамоати Зардоди шаҳри Кӯлоб ба 18 сол, Бобоҷон Муродов, бошандаи ҷамоати Кӯлчашмаи Муъминобод ба 13 сол ва Ҷумъахон Каримов, сокини шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ бо ҳамин иттиҳом ба 16 сол зиндон маҳкум ба зиндон шуданд.
Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ҳисоб меравад. Дар қисми 3 банди “а”-и моддаи 138-и Қонуни ҷинои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси ноболиғи то 14-сола аз 12 то 25 сол ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.
Озори ҷинсӣ, латту кӯб ва таҷовуз ба номус аз навъҳои маъмулии хушунат нисбат ба занони тоҷик мебошад. Бар пояи пажӯҳиши саросарии тиббиву демографии Кумитаи омори Тоҷикистон 19 дарсади занону духтарони аз 15 то 49-солаи тоҷик озори ҷисмонӣ дидаанд ва 4 дарсади онҳо иқрор шудаанд, ки ҳадди ақалл як бор мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтанд. Танҳо аз панҷ як нафар зан барои хатми хушунат бар сараш талош кардааст.