Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Панҷараҳоро мебаранд; говҳоро дар қабристон мебанданд"


Дар Бохтар оромгоҳҳои масеҳиёнро обод мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Рустаборони Хатлон аз мавридҳои, ба гуфтаашон, вайронгарӣ дар оромгоҳҳои наздиконашон шикоят доранд. Бахусус дар ноҳияи Ёвон ва Фархор. Дар Бохтар ҳам шикоят кам нест.

Елена Владимирова, сокини Бохтар, яке аз онҳост: "Онҷо духтари ман дафн шудааст. Чанд бор панҷараи гӯрро бурданд. Мегузорам, боз мебаранд. Ҳамеша дар онҷо говҳоро мебанданд. Аз рӯйи инсонгарӣ нест. Бояд пеши роҳи ин корро гиранд."

Вайронгарӣ дар оромгоҳҳои насрониён дар вилояти Хатлон ва дуздидани панҷараҳои атрофи гӯрҳо мақомотро водор кардааст, ки даст ба кор шаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар тасмим гирифтаанд, ки атрофи оромгоҳро панҷара гиранд, то қабри масеҳиён зери пойи гову гӯсфанд намонад.

Чанде пеш бо эълони ҳашар дар оромгоҳи масеҳиён дар деҳаи Саричашма атрофи қабрҳоро тоза кардаанд. Неъматулло Қодиров, яке аз ташаббускорон аз шаҳри Бохтар, гуфт, "шанбеи гузашта дастҷаъмӣ гӯристонро тоза кардем. Раиси шаҳр супориш дод, ки пеши ҳамин қабристон маҳкам карда шавад."

Шаҳрдори собиқи Бохтар дар ҷаласае дар гузашта аз дуздидани панҷара ва салиб ва фурӯхтани онҳо гуфта буд. Вай афзуд, ки мақомот ҷинояткоронро ҷустуҷӯ доранд.

"Ҳозир ин чизҳо кам шудааст, мақомот кор мекунад, қонун ҳаст ва муҷозот мешаванд. Шахсони гунаҳкор боздошт шуда, ҷазо гирифтанд, ин чиз дигар нест," – мегӯяд Неъматулло Қодиров.

Дар ҷамъияти як замон бузурги масеҳиён дар шаҳри Бохтар гуфтанд, ки теъдоди насрониён дар инҷо рӯз то рӯз кам мешавад ва ҳоло 50 нафар, асосан пиронсолон мондаанд. Дар Бохтар ду ибодатгоҳи православӣ ҳаст.

Дар зимн, дуздӣ дар оромгоҳҳо бо фаъол шудани корхонаҳои оҳангудозӣ бештар шудааст. Ғоратгарон натанҳо салибу панҷараҳои қабристони масеҳиҳо, балки санги мазор ва панҷараҳои атрофи гӯристони мусалмонҳоро ба яғмо мебаранд. Мақомот мегӯянд, чанд нафарро барои дуздии панҷараҳои оромгоҳҳо ҷазо додаанд.

XS
SM
MD
LG