Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қабристонҳои Душанбе назорати шабонарӯзӣ ҷорӣ шуд


Раёсати оромгоҳҳо дар 5 қабристони пойтахт назорати шабонарӯзиро ба роҳ монда, аз сокинон хостааст, барои пешгирӣ аз дуздӣ, болои қабри наздиконашонро бо панҷараҳои қиматбаҳо маҳкам накунанд.

Дар панҷ қабристони пойтахти Тоҷикистон назорати шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, аз сокинони Душанбе хоста шудааст, барои ҷилавгирӣ аз дуздӣ дар қабристонҳо, атрофи гӯри наздиконашонро бо панҷараҳои қиматбаҳо, махсусан панҷараҳои сохташуда аз алюминиюм, маҳкам накунанд. Масъулони "Раёсати оромгоҳҳо"-и пойтахт мегӯянд, ин дархости онҳо ҳатмӣ набуда, машваратист ва танҳо барои пешгирӣ аз вайронкориҳо ва дуздӣ дар қабристонҳост. Ба қавли онҳо, назорати шабонарӯзии гӯристонҳо аз сӯи нозирони минтақавӣ анҷом мешавад.

Ғаюр Раҳимов -- намояндаи муассисаи давлатии "Раёсати оромгоҳҳо"-и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "бештари мардум панҷараҳоро аз алюминиюм омода месозанд ва ҷавонҳо барои фурӯхтани он ба қабристон даромада, ҳама ҷоро вайрон мекунанд. Мо фақат хостем, атрофи қабрҳоро бо чунин панҷараҳои қимат оро надиҳанд, ки дар сурати гум шуданаш мо дар хиҷолат мемонему онҳо аз мо хафа мешаванд."

Як сокини шаҳри Душанбе гуфт, дар қабристони маҳаллаи километри ҳафтуми пойтахт як наздикашонро ба хок супорида ва ба хотири эҳтиёт аз ҷонварҳо, гирди онро бо панҷара маҳкам карда буданд. "Вале баъд аз чанд рӯз, вақте ба хабаргирӣ омадем, панҷараи қабр шикаста буд,"-нақл кард ӯ. Ҳамсӯҳбати мо, ки худро Собир Раҳматов, сокини кӯчаи “Саҳбо” муаррифӣ кард, гуфт, ҳодисаҳои шикастани панҷараҳои қабр дар мазори километри ҳафтум бештар ба мушоҳида мерасидааст.

Аммо Ғаюр Раҳимов гуфт, қабристони километри ҳафтуми пойтахт дар тобеияти шаҳри Душанбе нест ва ин қабристон тақрибан пур шуда, мумкин аст, дар ояндаи наздик маҳкам шавад. Вай гуфт, феълан дар Душанбе панҷ қабристон фаъол аст ва аз соли 2013 ба ин тараф як оромгоҳи дигар бо номи "Меҳробод" ба истифода дода шудааст, ки то кунун ҳамагӣ 100 қабр дар он ҷой дорад.

То кунун дуздӣ дар қабристонҳои шаҳри Душанбе расонаӣ нашудааст. Вале дар солҳои гузашта мақомоти вилояти Суғд аз чанд мавриди дуздӣ дар қабристонҳо, бахусус берун кашидани ҷасадҳо ва кандани дандони тилои онҳо шикоят карда буданд. Раёсати умури дохилии Суғд ҳатто дар соли 2009 ду нафар аз дуздони қабристонҳоро дастгир карда буд, ки сокинони ноҳияи Спитамен буданд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ рустаборони минтақаи Хатлон, ҷануби Тоҷикистон, низ аз шикаста ва рабуда шудани панҷараи қабристони масеҳиёни Фархор аз ҷониби афроди номаълум шикоят карданд. Калонтарин қабристони масеҳиён дар минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Фархор ҷойгир буда, беш аз 3000 қабр дорад ва гирду атрофи он бо панҷараи фулузӣ ва салибҳои хоси ин мазҳаб оро ёфта буд. Аммо афроди ношинос панҷара ва салибҳои фулузии рӯи гӯрҳоро дуздида, ба бовари мардуми маҳаллӣ, онҳоро ё ба онҳанпора табдил додаанд ва ё дар сохтмон истифода кардаанд.

Оромгоҳи масеҳиҳо дар паҳлӯи гӯристони мусалмонҳо ҷойгир буда, нигаҳбон надорад. Аз ҳазорҳо нафар русу рустабор, ки дар замони Шӯравӣ дар Фархор ба сар мебурданд, имрӯз, бино ба ҳисобҳо, ҳамагӣ панҷ нафар боқӣ мондааст, ки онҳо ҳам аксар солхӯрдаанд.

XS
SM
MD
LG