Астрид Торс, кумиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури ақалиятҳои миллӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена гуфтааст, ки то поёни соли ҷорӣ то 400 000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик маҷбур мешаванд, ки аз Русия баргарданд, ки ин метавонад боиси афзоиши шиддати иҷтимоӣ дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ шавад. Дар ин бораи хабаргузории русии РИА Новости хабар медиҳад.
Астрид Торс, ки рӯзи 20 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар бораи натоиҷи сафари ахираш ба Тоҷикистон гузориш медод, бо такя ба назари ҳамсӯҳбатонаш дар ин кишвар гуфтааст, “масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик тақрибан дар ҳар мулоқоти ман матраҳ мешуд. Чанде аз ҳамсӯҳбатонам гуфтанд, ки чунин шумори бузурги муҳоҷироне, ки бармегарданд, метавонанд боиси эҷоди танишҳои бештаре дар ҷомиа шаванд.”
Астрид Торс ба унвони кумиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ дар ҳафтаи якуми моҳи ноябр ба манзури ошноӣ ба вазъи ақалиятҳои қавмии сокини Тоҷикистон аз Душанбе боздид карда буд. Вале азбаски рӯзии аксари хонаводаҳои сокини ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла асбоби таъмини рӯзгори ақалиятҳои миллиаш асосан аз ҳисоби муҳоҷират ба Русия ба даст меояд, дар тақрибан тамоми мулоқотҳои ӯ чӣ бо мақомот ва чӣ бо намояндагони созмонҳои миллӣ ва намояндагони ҷомиаи маданӣ масъалаи муҳоҷират ва вазъи мардикорони тоҷик дар Русия матраҳ шудааст.
Ин масъала дар ҳоле аз минбари САҲА, яке аз созмонҳои бонуфузи фароқораӣ дар миён гузошта мешавад, ки аз соли нави 2015 дар роҳи сафар ва кору иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия маҳдудиятҳои бештаре эҷод хоҳад шуд ва ин маҳдудиятҳо, ба назари кумиссар Торс, метавонанд сабаби аз Русия азми Ватан кардани то 400 000 нафар аз артиши беш аз якмиллионнафарии муҳоҷирони тоҷики муқими Русия шавад.
Аз ҷумла аз 1 январи соли 2015 сафар ва кору иқомати шаҳрвандони тоҷик дар Русия бо шиносномаҳои дохилӣ манъ мешавад ва онҳое ки то ҳол шиносномаи хориҷӣ нагирифтаанд, маҷбур мешаванд, ба нуқтаҳои шиносномадиҳӣ дар консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Уфа ва Екатеринбург муроҷиат кунанд ваё, азбаски навбат дар ин се нуқта алакай хеле бузург шудааст, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Ватан баргарданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, барои кушодани чунин нуқтаҳои шиносномадиҳӣ дар шаҳрҳои Краснодару Санкт-Петербург ва чанд гӯшаи дигари Русия ҳам ба мақомоти он кишвар муроҷиат кардаанд, вале бо онки то поёни сол ҳамагӣ чизе бештар аз як моҳи дигар мондааст, ҳанӯз маълум нест, ки ин нуқтаҳо оё кай кушода хоҳанд шуд?
Аммо Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад. Мо барои таҳияи шароити муносиб барои таъмини шаҳрвандонам бо шиносномаҳои хориҷӣ дар Русия тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем. Ин масъаларо муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон Озода Раҳмон раҳбарӣ мекунад ва ҷараёнаш таҳти назорати шахсии сафири Тоҷикистон дар Федеросиюни Русия Имомуддин Сатторов қарор дорад."
Маҳдудияти дигар талаби ҳатмии санадест, ки донистани ҳам забони русӣ ва ҳам таъриху фарҳанг ва расму суннатҳои Русия аз сӯи муҳоҷирони хориҷиро тасдиқ кунад. Аммо нусхаҳои суолномаҳои таҳияшуда барои санҷиши дониши муҳоҷирон, ки Радиои Озодӣ ҳам нусхаҳое аз онҳоро дастрас кардааст, ба бовари мутахассисон, чунон мураккаб аст, ки гузаштан аз он ҳатто барои як нафари зода ва парвардаи худи Русия хеле мушкил аст, чӣ расад ба муҳоҷире, ки дар Тоҷикистон ба воя расидааст?
Тирамоҳ мавсими маъмулии бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия аст ва бино ба омори ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, то рӯзи 18 октябр дар Русия 1 миллиону 11ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ монда буд. Дар давом сол шумори онҳо то 1,5 миллион нафар мерасид.
Аммо ба сурати умум, мақомоти Русия дар бораи коҳиш ёфтани маҷрои муҳоҷират аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хабар медиҳанд. Ин мақомот пинҳон намекунанд, ки ба ҷои ин мардум онҳо муҳоҷирон аз Украинаро мепазиранд.
Константин Ромодановский, раҳбари ФМС рӯзи 20 ноябр ба хабаргузории ТАСС гуфтааст: “Як тамоюли соли 2014 ба таври қобили мулоҳиза муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро иваз кардани муҳоҷирон аз Украина шуд. Дар соли 2014 шумори шаҳрвандони Узбакистон, ки ба Русия меоянд, 28 дарсад, аз Тоҷикистон – 18 дарсад ва аз Қирғизистон 13 дарсад кам шудааст.”
Коҳиши шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия бар иловаи маҳдудиятҳои навбанави Маскав дар роҳи маҷрои муҳоҷират боз асосан аз ҳисоби “рӯйхатҳои сиёҳ”-и афроди мамнӯъулувурудест, ки мақомоти гуногуни Русия ва асосан ФМС тартиб медиҳанд. Агар дар гузашта ба ин “рӯйхати сиёҳ” танҳо онҳое меафтиданд, ки бо ҳукми додгоҳ ва барои сахт поймол кардани қоидаҳои кору иқомат дар Русия аз ин кишвар ихроҷ ё берун карда мешуданд, дар ин авохир ҳатто барои резатарин “гуноҳ”, аз ҷумла барои напардохтани пули телефон, ё хидматҳои коммуналӣ ва ҳатто барои рондани мошин бо суръати аз меъёр баланд муҳоҷирро метавонанд аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуданд. Ва вуҷуди исми онҳо дар “рӯйхати сиёҳ” дар бисёр мавридҳо фақат вақте маълум мешуд, ки онҳо бо пули гарон чипта харида, вориди Русия мешуданд.
Вазири кору шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Сумангул Тағоева моҳе пеш гуфта буд, ки алакай то поёни моҳи сентябр шумори тоҷикистониҳое, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, аз марзи 200 000 гузаштааст. Сомонаи “Россия для всех” аз қавли сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов овардааст, ки гуфтааст, шумори тоҷикистониҳои мамнӯъулвуруд то поёни сол метавонад ҳатто ба 300 000 нафар бирасад.
Аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистонро муҳоҷирон мекашанд. Соли гузашта асосан бо шарофати онҳо аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул интиқол ёфтааст, ки баробари беш аз нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар ва 40 дарсад бештар аз ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 мебошад. Ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум кардани ҳар муҳоҷири тоҷик, ба бовари ҷомиашиносон, ба ин маъност, ки дастикам як хонавода аз як манбаи муҳими таъмини гузарони зиндагиаш маҳрум мешавад. Ҳадди ақал барои 3 ё 5 соле, ки “ноновари хона”-аш дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия боқӣ мемонад.