Аз 20 ноябр фурӯши билетҳо ба самти Русия бо шиносномаи дохилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон манъ шудааст.
Масъулони дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ин вазорат тамоми фурудгоҳҳо ва муассисаҳои тобеи ширкати «Роҳи оҳан»-ро дар мавриди манъи фурӯши билетҳо ба самти Русия бо шиносномаи дохилӣ огоҳ кардааст.” Ба гуфтаи ин масъулон, ин иқдом бо дархости Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва бо таваҷҷӯҳ ба роҳандозии муқароароти нави муҳоҷират аз сӯи Русия, ки қарор аст, аз 1 январи соли 2015 мавриди иҷро қарор бигирад, сурат мегирад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия тибқи созишномаи байнидавлаӣ аз соли 2006 то кунун ҳаққи рафту омад ба кишвари ҳамдигар бо шиносномаи дохилиро доштанд. Аммо аз 1 январи соли 2015 Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё, ки Русияву Беларус ва Қазоқистону Арманистонро фаро мегирад, фаъол мешавад ва тибқи оинномаи ин созмони нави таҳти нуфузи Маскав, равуои шаҳрвандони кишварҳои дигар ба қаламраваш бояд танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сурат бигирад.
Ба ин далел, мақомоти Тоҷикистон аз ҳоло фурӯши билетҳо бо шиносномаҳои дохилиро ба самти Русия манъ кардаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия, то имрӯз ба иллати вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳи афроди мамнӯъулвуруд шомил шудаанд. Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад, ки бояд ҳамаи онҳо аз соли нав танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ба он кишвар равуо кунанд.
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 20 ноябр ба Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир, консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург ва Уфа имкони ба шаҳрвандони тоҷик додани шиносномаҳои хориҷии биометриро доранд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Русия дар бораи кушодани нуқтаҳои иловагии шиносномадиҳӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск ва Краснодар низ дархост шудааст.
Муҳаммади Эгамзод гуфт, ба далели афзоиши шумори хоҳишмандони дарёфти шиносномаҳои биометрӣ, як ҳайат аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз Душанбе чанд рӯз пеш ба кумаки ходимони консулгариҳои Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни Русия омадаанд.
Ӯ мегӯяд, ҳамин тавр, консули Тоҷикистон дар Маскав Ашраф Гулов амр додааст, ки дар ин рӯзҳо ба реҷаи корӣ нигоҳ накунанд: "Масалан, рӯзи 18 ноябр кормандони консулгарӣ тақрибан то соати 23 эҳтиёҷмандонеро, ки дар навбат истода буданд, қабул карданд. Дар бинои тоза тармимшудаи консулгарӣ ҳоло тамоми шароит барои қабул ва хидматрасонӣ ба муҳоҷирони тоҷик фароҳам шудааст."
Намояндаи сафорат дар мавриди тартиби шиносномагирӣ гуфт: "Ҳар як нафар бояд шахсан ариза ва ҳуҷҷатхои лозимиро пешниҳод намояд, акс бигирад ва пайи ангуштонашро гузорад. Худи ин раванд, тасаввур намоед, чи қадар вақтро ба ҳар як нафар талаб менамояд. Мушкили дигар, ин албатта фарҳанги навбатистист, ки мутаасифона, дар одату рафтори мардуми мо хеле ва хеле кам ба назар мерасад. Мо бояд ҳамаи ин чизҳоро ба назар бигирем. Зиёдии шумораи мардум дар атрофи бинои Хадамоти консулгарӣ, ки мунтазири навбати худ истодаанд, дар чунин рӯзҳо як чизи муқаррарист."