Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба таҳсил --"бале", ба табъиз --"не"


Бо ба ҷавобгарӣ кашида шудани волидон барои эҷоди монеа дар таълими фарзанд, махсусан духтарони худ ва боло бурдани синни издивоҷ ҳам, дар зиндагии духтарони тоҷик тағйироти ҷиддие ворид нашудааст.

Пайкору муборизаи Гулбаҳор -- духтаре аз як минтақаи дурдасти Тоҷикистон барои таҳсил, шояд ба ҳадди Малола Юсуфзайи покистонӣ набошад, аммо дар ҳар сурат ин навраси тоҷик ҳам тавонистааст дар рӯзгори худ як чархиш ё тағири куллие ба вуҷуд орад. Ӯ имсол соҳиби унвони донишҷӯӣ шуд, аммо ин барои Гулбаҳор ба осонӣ даст надодааст. Барои идомаи таҳсили худ Гулбаҳор 2 ҳафта гуруснанишинӣ ва ашкрезӣ кардааст:

“Падарам намехостанд, ки мо баъди синфи 9 идомаи таҳсил кунем, духтари калон шудӣ бас аст хонда навишта метавонӣ мегуфт. Мехост аз мактаб бароям. Илтимосу хоҳиш кардам нашуд, хеле мехостам хатми мактаб кунаму соҳиби маълумоти олӣ шавам. Ду ҳафта чизе нахӯрдам, фақат гиря кардам, дигар нашуд аз падарам пинҳонӣ гурехта ба мактаб мерафтам ва то омадани онҳо боз ба хона медавидам. Ҳамин тавр чанд моҳ қариб ба мактаб рафта меомадам. Ва падарам ҳам вақте фаҳмид дигар илоҷе наёфт ва гуфт дигар худат медониву зиндагиат. Бо ҳамин дигар садди таҳсили ман нашуданд.”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гулбаҳор дар ин мубориза барои дифоъ аз ҳаққи худ ва идомаи таҳсил муваффақ шуд ва мегӯяд, ҳоло падару модараш ҳам аз ин, ки духтарашон соҳибмаълумот мешавад, хушҳоланд. Аммо на ҳама духтарони тоҷик, ба хусус онҳое, ки дар рустоҳои кишвар дар минтақаҳои дурдаст ба сар мебаранд, метавонанд барои идомаи таҳсили худ то охир талош кунанд. Ба ҷуз итоат ба амри падару модар ва хонашинӣ, ин гурӯҳи духтарон ғолибан роҳи дигареро дар пеши худ намебинанд. Дар аксар синфхонаҳои макотиби рустову минтақаҳо шумори духтарон ба фарқ аз писарон ҳанӯз ҳам хеле кам аст.

Соли гузашта дар робита бо Рӯзи занон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз андак будани шумори духтарони донишҷӯ ва маҳрумияти кӯдакон аз таҳсил нигаронӣ кард. Бар асоси иттилои расмӣ, дар ду соли ахир беш аз 2600 нафар аз кӯдакони синни мактаб, ки 1400 нафар аз онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, аз мактаб дар канор мондаанд. Аммо дар асл ин омор шояд ба маротиб бештар бошад. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои аслии маҳрумияти духтарон аз таҳсил, ба вижа дар манотиқи дуруфтода, фақри густарда ва мушкилоти моливу андешаҳои нодурусти волидон аст, ки таҳсили писаронро муҳимтар аз духтар медонанд.

Аммо ба гуфтаи Барфимоҳ Ғаниева, раҳбари созмони ҷамъиятии “Хайрхоҳи замон”, ки бо хонаводаҳо ва занон бештар кор мебарад, аз як сӯ имрӯз дар минтақаҳо ин ҳолат ҳам зиёд мушоҳида мешавад, ки худи духтарони наврас баъди синфи 9 дигар майли идомаи таҳсилро намекунанд: “Пештар албатта монеагузорӣ аз ҷониби волидон зиёд буд, аммо ҳоло баръакс таваҷҷӯҳ ба духтарони таҳсилдида ҳангоми издивоҷ бештар шудааст,вале чунин ба назар мерасад, ки худи духтарон ҳоло дигар таҳсилро чандон муҳим намедонанд ва мераванд пушти бахти худ. Шояд сабаб ин бошад, ки ҳоло тарғиб дар деҳотҷойҳо кам аст, мо бояд бештар бо онҳо кору машғулиятҳо барем, ки дар мадди авал донишу малумотро қарор диҳанд.”

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Масъулини вазорати маорифи кишвар мегӯянд, ҳоло ба фарқ аз чанд соли пеш вазъи фарогирии духтарон ба мактаб беҳтар шудааст. Ҷалолиддин Амиров, як масъули ин вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Оззодӣ гуфт, ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи аслии онҳо ба таҳсили духтарон равона шудаву талош доранд, то ягон кӯдак бе хатту савод ва маълумот намонад: “Дар кишвар барномаи махсуси таҳсилот барои ҳама ва таҳсилот барои духтарон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад ва мақсад ҳам ин аст, ки новобаста ба ҷинсият дар кишвар ҳама ба таҳсил фаро гирифта шаванд ва махсусан дар ноҳияҳои дурдаст ба хотири он, ки кӯдакон аз таҳсил дур намонанд дар маркази ноҳияҳо мактаб-интернатҳо ташкил шудааст ва онҳое, ки дар маҳаллӣ худ имкони баъди синфи 4 идомаи таҳсилро надоранд, ба ин муассисаҳо фаро гирифта мешаванд.”

Ҳар духтар баробар бо писарон ҳаққи таҳсил ва соҳибмаълумот шуданро дорад. Ҳар духтар ҳақ дорад, ки кӯдак бошад на арӯс ё ҳамсар. Бо ишора ба ин мушкилоти духтарон дар ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид дар ростои Рӯзи байналмиллалии духтарон, ки ҳамасола 11 октябр таҷлил мешавад, аз давлатҳо даъват кардааст, то барои хотима бахшидан ба табъизи духтарони ноболиғ ва рангин кардани ҳаёти онҳо талош аз чораҳои ҷиддӣ кор бигиранд. Рӯзи байналмилалии духтарон имсол ба мавзӯи хушунат ва табъиз алайҳи духтарони ноболиғ бахшида шудааст.

Дар паёми худ Созмони Милал бахшида ба ин сана гуфтааст, ҳар чорум духтари ноболиғ дар ҷаҳон аз 15 солагӣ мавриди озори ҷисмонӣ қарор мегиранд, ҳар духтарчаи саввум аз ҷониби шавҳарони худ озору азият мебинанд ва дар маҷмӯъ ҳудуди 70 миллион занони ҷавони зери сини 20-24 дар кишварҳои дар ҳоли рушд, бармаҳал издивоҷ мекунанд. Дар ин паём аз кишварҳо дархост шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти зиндагии духтарон, ки ба ояндаи онҳо ба вижа сатҳи донишу сиҳатиашон хатар дорад, аз тадобири зарурӣ кор бигиранд.

Бо вуҷуди барномаву чорабиниҳои мақомот барои ба мактаб овардани духтарони ноболиғ ва ба ҷавобгарии ҷинои кашида шудани даҳҳо падару модарон дар минтақаҳои кишвар барои монеъ шудан ба таҳсили духтарон, ҳамоно духтарони зиёди ноболиғе дар шаҳру навоҳии кишвар тарки мактаб карда, кунҷи хона менишинанд ва ё бармаҳал арӯс мешаванду аз хонаи падар берун мераванд.

Зимнан, дар мавриди издивоҷи бармаҳали духтарон, соле қабл Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон як пажӯҳише анҷом додаву муайян карда буд, ки наздик ба 14 дарсади духтарони ноболиғи Тоҷикистон пеш аз вақт издивоҷ кардаанд. Омори наву дақиқ роҷеъ ба ошкор шудани ҳодисаҳои издивоҷҳои бармаҳал нашр нашудааст. Аммо масъулини созмонҳои кор бо кӯдакону занон мегӯянд, ҳолатҳои ғайриқонунӣ, яъне дар синни 16 то 17 сола оиладоршавии духтарон, дар кишвар кам нест.

Дар ҳамин ҳол СММ тавсия медиҳад, ки беҳтар аст, ҳама кӯшишро ба харҷ дод, то духтарон аз донишҳои муосир бархӯрдор шаванд ва барои зиндагиашон пойдевори устуворе гузоранд.

XS
SM
MD
LG