Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳи мусалмонӣ -- осонтарин роҳи издивоҷҳои бармаҳал?


Як даъвои додгоҳӣ бар сари ҷиҳози арӯсӣ никоҳи зудҳангоми духтари 17-соларо ифшо кард.

Модари Гулнора (ном тағйир дода шудааст) мегӯяд, «ҷониби қудо либосу ҷиҳози духтарамро додан нахост ва мо маҷбур шудем ба додгоҳ муроҷиат кунем ва бо ин корамон ба худамон дарди сар харидем. Додгоҳ ҳам ман ва ҳам домодамро барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашид. Бо вуҷуди ин мақомот духтар ва домодамро насиҳат карданд, ки аз ҳам ҷудо нашаванд ва ҳоло онҳо аз нав ба зиндагии якҷоя шурӯъ карданд».

Модари Гулнора ба хотири он, ки ин сӯҳбат дубора зиндагии духтарашро дучори мушкил накунад, аз зикри номи аслии духтар ва домодаш худдорӣ кард. Парвандаи никоҳи зудҳангом низ боз нашуд, зеро ҳолати мазкур унвони «истисно»-ро гирифт.

Шаҳрванди дигари Тоҷикистн -- Муродҷонро падару модараш бо духтари 16-солае хонадор карданд. Вақте ки мақомоти масъул аз ин огоҳ шуда, Муродҷон ҳамсарашро гирифта, ба Русия фирор кард. Вай тасмим дорад, баъди ба синни балоғат расидани ҳамсараш ба ватан баргардад ва никоҳашоро расмӣ кунад. Алҳол вай бо ҳамсараш танҳо зимни никоҳи мусулмонӣ зиндагӣ мекунад.

Як омӯзгори мактаби таҳсилоти умумӣ, ки худро Шӯҳратҷон муаррифӣ намуд, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта як толибаи мактаби онҳоро баъд аз хатми синфи нӯҳ ба шавҳар додаанд. Ба гуфтаи муаллим, вай баъди таътили тобистона ин хонандаро миёни шогирдонаш надида, аз ҳамсинфонаш сабаб пурсидааст. Ҳамсинфонаш гуфтаанд, ки он духтарро ба як марди сисола доданд ва ҳамсинфон дар базми арӯсиаш ширкат кардаанд. Онҳо расмеро, ки дар ин тӯй гирифтаанд, ба муаллим нишон додаанд. Баъди пурсуҷӯ муаллим фаҳмидааст, ки он мард бо он духтарак ва танҳо никоҳи мусулмонӣ карда, духтаракро дар хидмати падару модар гузошта, ба Русия рафтааст, чун дар он ҷо низ зану фарзанд доштааст.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, никоҳи мусулмонӣ ба осонтарин роҳи издивоҷҳои ғайриқонунӣ табдил ёфта, дар ҳолати таъқиб домод ва дар баъзе мавридҳо зану шавҳар ба Русия муҳоҷират мекунанд. Бархе аз ин равандҳо дар даври панҷуми муколамаи Тоҷикистону Швейтсария роҷеъ ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи занон, зӯроварӣ дар хонавода, муҳоҷират, шиканҷа, ҳукми қатл, ҳуқуқ ба манзил ва монанди инҳо ошкор шуданд. Сафири масъалаҳои ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ Швейтсария Пол Коллер ва ҳамроҳонаш гузориши Тоҷикистонро шунида, тавсияю пешниҳодҳои худро изҳор доштанд.

Хайриниссо Юсуфӣ
Хайриниссо Юсуфӣ
Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, тандурустӣ, кор бо занон ва оила мегӯяд, ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон синни никоҳиро 18-солагӣ муайян кардааст, аммо то ҳанӯз баъзе афрод бармаҳал издивоҷ мекунанд. Хонум Юсуфӣ афзуд, «ҳоло мо тасмим дорем, ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйир ворид намуда, 18-солагиро синни ҳатмии никоҳ муқаррар намоем ва бовар дорам, ки вакилони порлумон ин иқдоми моро ҷонибдорӣ хоҳанд кард».

Ин дар ҳолест, ки то кунун қонунгузорӣ иҷозат медод, ки дар ҳолатҳои истисноӣ шаҳрвандон дар синни 17-солагӣ ҳам издивоҷ кунанд ва ин гузашт аз ҷониби баъзе падару модарон сӯиистифода мешуд ва додгоҳ низ ҳангоми баррасии масъала ба ин нукта такя мекард.

Хайринисо Юсуфӣ мегӯяд, бо назардошти чунин ҳолатҳо дар ҳамдастӣ бо Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ ва раҳбарии ӯ дар парлумон гурӯҳи машваратие таъсис ёфтааст, ки тасмим дорад, барои додрасҳо як силсила тренингҳо баргузор намояд, то онҳо ба ин банди қонун бештар таваҷҷӯҳ кунанд ва ҳам бо таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин масъала ошноӣ дошта бошанд.

Хонум Юсуфӣ дар иртибот ба яке аз нишонаҳои хушунат унвон шудани издивоҷи бармаҳал гуфт, як сол қабл қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар хонавода ба тасвиб расида буд, ки ба гуфтаи ӯ, намояндагони Швейтсария аз қабули ин қонун дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам мегӯяд, баъди қабули ин қонун зӯроварӣ дар хонавода назар ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.

Зумрад Солиева, корманди Вазорати корҳои дохилӣ коҳиши зӯровариро натиҷаи мулоқотҳои намояндагони вазорату идораҳои масъул бо мардум арзёбӣ кард. Вай гуфт, «мо дар ҳамкорӣ бо кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар вазорату идораҳо пайваста бо мардум вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Кӯшиш мекунем, сатҳи маърифати онҳоро баланд бардорем».

Зумрад Солеҳова
Зумрад Солеҳова
Бо вуҷуди ҷой доштани камбудиҳо, масъулонии Департаменти корҳои хориҷии Швейтсария ба корҳои анҷомёфта дар ин самт баҳои мусбат дода, тавсия додаанд, ки барои комилан аз байн бурдани никоҳи барвақтӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар хонавода, бояд бештар ба масъалаи таҳсили духтарон дар деҳот таваҷҷӯҳ зоҳир гардад.

Шаҳноза, як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе яке аз он бонувонест, ки издивоҷи пеш аз вақт олами орзуҳои кӯдакиашро тира кард. Вай зиёд мехост баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад, аммо падару модараш ӯро иҷборан дар 17-солагӣ ба шавҳар додаанд ва гуфтаанд, ки агар шавҳараш лозим донад, баъд таҳсилашро идома хоҳад дод. Шаҳноза ҳам бо ҳамин умед издивоҷ кардааст, аммо хонаводаи шавҳараш, ки аз фарҳангу маърифат дур будаанд, шадидан мухолифи ин хоҳиши ӯ баромадаанд. Бар замми ин, Шаҳноза аз ҷониби шавҳар ва хушдоману хоҳаршӯяш хушунати зиёде дида, баъди таҳаммули панҷ соли рӯзгори пуразоб ва бар асари лату кӯби шавҳар аз даст додани тифли батн, аз ҳамсараш ҷудо шуд.

Вай мегӯяд, барои духтари ҳабдаҳсола зуд пайдо кардани роҳу усули рӯзгордорӣ дар муҳити бегона ва муносибат бо шавҳару хонаводаи ӯ хеле душвор аст. Ба андешаи Шаҳноза, духтар бояд аввалу донишу таҷриба пайдо кунад ва баъд бо хости дили худаш ба шавҳар барояд. Шаҳноза бо алам гуфт, «агар дар вақташ худам кӯшиш мекардам, мехондам, шояд ба ин гуна рӯзҳои сахт дучор намешудам. Ман ба он волидоне таҳсин мегӯям, ки духтарашонро аввал мехононанду баъд оиладор мекунанд».

Баъди ду соли пош хӯрдани оилааш Шаҳноза ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ ва ҳоло таҳсилашро идома медиҳад. Вай мегӯяд, шояд каме дер ҳам бошад, аммо мехоҳад орзуҳояшро амалӣ намояд.
XS
SM
MD
LG