Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари сеюм. Атои Худованд ё қотили модар?


Духтарони қолинбофи Мазори Шариф
Духтарони қолинбофи Мазори Шариф

Сурай, як сокини вилояти Кундузи Афғонистон, баъд аз зодани духтари сеюм бар асари лату кӯбу шиканҷаи шадид аз олам даргузашт.

Хушдомани Сурай, ки дар ин ҳодиса ҳамдасти писараш будааст, аз сӯи полис боздошт шуд ва аммо худи муҷрим баъд аз ҳодиса фирор кард ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Низомуддин Ношир, раиси волусволии Хонободи вилояти Кундуз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пайдо кардани иттилоъ дар бораи ин ҳодисаи мудҳишу дилхарош кормандони полис ва пизишкон ба ҷойи ҳодиса рафта, мушаххас карданд, ки ҷиноят аз сӯи ду нафар - модару писар содир шудааст - онҳо ба гардани Сурай ресмон андохта, ӯро ваҳшиёна бӯғӣ кардаанд. Ӯ афзуд, ки қабл аз таваллуди духтари сеюм шавҳару хушдоманаш ба Сурай ҳушдор дода буданд, ки агар боз духтар ба дунё оварад, ҳатман кушта хоҳад шуд. Дар ин бора зани ноком ба бародараш хабар дод ва аммо ӯ ба ин гуфтаҳо таваҷҷӯҳ накард ва, ба гуфтаи Ношир, “фикр кардааст, ки ин як мавзӯи хонаводагӣ аст ва сари таваллуди духтар касеро намекушанд”.

Ба иттилои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, 87 дар сади занҳои афғон мавриди озору азияти ҷинсиву равонӣ ва издивоҷи иҷбории бармаҳал қарор мегиранд. Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон хабар дод, ки фақат дар се моҳи ахири соли гузашта 1026 далели хушунат алайҳи занон ё нақзи ҳуқуқи онҳо сабти ном шудааст, дар ҳоле, ки соли 2010 дар маҷмӯъ аз 2700 чунин қазия хабар расида буд.

Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай, узви парлумони Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳҳои ахир дар кишвар чанд ҳодисаи пурсару садои марбут ба хушунат алайҳи занон рух дод, ки аз онҳо қазияи Саҳаргул, арӯси навраси шиканҷашуда, бидуни далел сангборон шудани як зани афғон ва ҳамакнун қатли зан барои духтар ба дунё овардан - дар сархати матолиби расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтанд.

Хонум Шукрия меафзояд, ки “ин ҳодисаҳои дарднок воқеъиятҳои иҷтимоии мост. Қабул кунед, ҳар хонуме, ки ду ё се духтар ба дунё меорад, аз робитаи шавҳараш гирифта то робитаи модарарӯсу дигар пайвандон нисбати ӯ тағйир мекунад”. Дар хонаводаҳои афғон, ба гуфтаи хонум Шукрия, “духтар ба дунё овардан навъе аз ору нанг талаққӣ мешавад”.

Хонум Шукрияи Борикзай гуфт, занон - вакилони парлумони Афғонистон аз ин бадрафториву хушунат алайҳи занон ҳамвора ҳарф мезананд ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин ҳаводисро ҷустуҷӯ мекунанд то ки он каме ҳам бошад камтар шавад. Ва аммо ӯ иқрор мекунад, ки коҳиш додани хушунат алайҳи занон дар кишваре чун Афғонистон кори саҳл нест.

Зимнан, ҳодисаи хушунат алайҳи зан бар асари пайи ҳам ба дунё овардани духтар, ба гуфтаи Ҳуриниссо Ғаффорзода, раиси созмони ғайриҳукумати “Оштии миллӣ”, дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад. Ӯ аз қиссаи маъруфи адиби тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ “Духтари сеюм” ёд овард, ки падар баъд аз таваллуди боз як духтар манзилашро тарк намуд, зеро мутмаин буд, ки духтар наметавонад касбу кори ӯро идома диҳад. Хонум Ғаффорзода афзуд, “ҳангоме, ки духтари ман таваллуд мекард, дар зоишгоҳ зани дигаре ҳамроҳи ӯ буд, ки бори сеюм духтар ба дунё оварда буд. Шавҳараш ба дидораш наомад, хушдоманаш ҳам, зеро ӯро дигар қабул надоштанд ва фақат модараш бо ӯ буд, ки тасаллияш медод. Ӯ мегуфт, ки аз ин ҷо бароям ҳолам чӣ мешавад, шояд ки худкӯшӣ мекунам”.

Ба гуфтаи хонум Ғаффорзода, бисёр мардҳо фикр намекунанд, ки “аввалан, таваллуди фарзанд хости Худованд аст ва сониян, агар аз ҷиҳати илмӣ бигирем, таваллуди духтар ё писар аз худи мард вобаста аст, зеро тифл аз ҷанини мард ба дунё меояд, на аз ҷанини зан”.

Ҳуриниссо Ғаффорзода
Ҳуриниссо Ғаффорзода
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, сабаби аслии бархӯрди манфӣ ба паиҳам зода шудани духтар дар он аст, ки бештари хонаводаҳо писарро давомдиҳандаи насл мехонанд. Аз ин рӯ мардҳо занҳоеро, ки паиҳам духтар таваллуд мекунанд, аз хона меронанд, ё худ хонаро тарк мекунанд ваё зани дуввум мегиранд.

Ҳуриниссо Ғаффорзода меафзояд, ҳодисаҳои худкушии занҳои “духтарзо” дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад ва аммо омори дақиқ дар ин бора вуҷуд надорад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, хушунат алайҳи занҳое, ки пайи ҳам ду ё се духтар ба дунё меоваранд, хоси мардуми тоҷик нест. Бо такя ба омор, хонум Ғаффорзода мегӯяд, ки ҳам дар вилояти Суғд ва ҳам дар шаҳри Душанбе талоқ бар асари пайи ҳам духтар таваллуд кардани занҳо ва ба ин далел даст ба худкӯшӣ задани онҳо бештар дар хонаводаҳои ӯзбактаборҳо иттифоқ меуфтад. Ин гуна ҳодисаҳо дар манотиқи шарқу ҷануби Тоҷикистон хело кам рӯй медиҳанд, меафзояд ҳамсӯҳбати мо.

Коршиносон хушунат алайҳи занонеро, ки паи ҳам духтар таваллуд мекунанд, бештар бо ноогаҳии мардҳо, аз маърифати исломӣ дур будани онҳо ва ҳамчунин таҳия нашудани барномаҳои ҳукуматӣ оиди ба мардум ташреҳ кардани ин гуна вазъ, аз ҷумла, тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ марбут мекунанд.

Онҳо мегӯянд, ин ҳодисаҳо дар ҳоле рӯх медиҳанд, ки садҳо оилаҳо солҳо боз ба нохуни тифл зоранд ва розиянд, ки духтари сеюми дигар хонаводаро ба фарзандӣ хонда меҳру муҳаббати худро нисораш кунанд.
XS
SM
MD
LG