Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар талоши "раҳоӣ" аз маводи сӯхти воридотӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғоз ба фаъолият кардани Корхонаи коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғоз ба фаъолият кардани Корхонаи коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав.

Бузургтарин корхонаи коркарди нафти хом дар Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ба кор шурӯъ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як сафари кории хеш ба ин ноҳия, рӯзи 20-уми июл бо буридани лентаи рамзӣ ин корхонаро ифтитоҳ намуд. Президент Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин корхона зикр кард, ки бо «истифодаи самараноки захираҳои табиии ватанӣ, ҳарчи бештар коҳиш додани вобастагии мамлакат аз маводи сӯхти воридотӣ», аз сиёсатҳои афзалиятноки ҳукумати Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи президент, ҳоло дар кишвар ҳафт корхонаи хурду бузурги коркарди нафт фаъолият доранд, ки қудрати коркардашон якҷо бо ин корхонаи нав ба 500 ҳазор тонна нафт дар як сол мерасад.

Ба гуфтаи президент, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Конибодом сохтмони боз як корхонаи истеҳсоли сӯзишвории нафтӣ бо қудрати коркарди 100 ҳазор тонна нафт дар як сол давом дорад. Вале ба таъкиди президент, ин ҳам эҳтиёҷоти кишварро ба маҳсулоти нафтӣ ки солона 1 миллион тоннаро ташкил мекунад қонеъ намекунад ва ба вазорату ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати истихроҷ ва коркарди маҳсулоти нафтӣ, «чораҷӯи намоянд».

Корхонаи коркарди нафтро дар Шаҳринав ширкати хусуии «Капитал» бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ ва бо маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ бунёд кардааст, ки айни ҳол иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафтро дорад. Тавре аз ширкати «Капитал» ба мо иттилоъ доданд, ин корхона иқтидори истеҳсоли бензини навъи А -80, керосини техникӣ ва сӯзишвории дизели тобистонаву зимистонаро дорад. Ғайр аз ин, корхона мазути баландсифат низ истеҳсол мекунад, ки метавонад Корхонаи гармидиҳии Душанберо пурра бо ин намуди сӯзишворӣ таъмин кунад.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ин корхона имкони бароварда кардани 15 дарсади талаботи кишвар бо чунин маҳсулотҳоро дорад ва нархи он нисбат ба сӯзишвории воридшаванда ҳадди ақал 10 дарсад арзон хоҳад буд. Ширкати «Капитал» дар оянда нақша дорад то охири соли 2014 иқтидори корхонаро то ба коркарди 300 ҳазор тонна нафти хом боло бубарад. Дар ҳоли ҳозир дар корхона 110 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ду сол қабл Русия барои содироти маҳсулоти нафтӣ ба кишварҳои ғайриузви Иттиҳоди гумрукӣ боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард, ки ба якбора гарон шудани сӯзишворӣ дар Тоҷикистон мунҷар шуд. Маҳз дар ҳамон давра вобастагии амиқи Тоҷикистон дар воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия бармало шуд ва коршиносон ба ҳукумати кишвар машварат дода буданд, ки барои кам кардани ин вобастаги бояд корхонаҳои коркарди нафт дар дохили ҷумҳурӣ сохта шавад ва воридоти нафти хомро аз дигар кишварҳо мисли Туркманистону Эрон ҷорӣ кардан зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, созишномаи ҳусни тафоҳуми лағви боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буд, аммо то ба ҳол он мавриди иҷро қарор нагирифтааст.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон ҳудуди 99 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад ва чунин вобастагии амиқ аз як кишвар ба амнияти энергетики кишвар хатар дорад: «Мо бояд сарчашмаҳои воридоти маҳсулоти нафтамонро диверсификатсия кунем. Масалан, кишварҳои Аврупо ҳатман аз якчанд кишвар сӯзишворӣ ворид мекунанд, 20 дарсад аз Русия бошад 20 дарсади дигар аз кишварҳои Халиҷ ва боқимондаашро аз дигар кишварҳо. Аммо дар Тоҷикистон баръакси ин ҳол аст».

Ҷаноби Вазиров афзуд, ки Тоҷикистон бояд барои ворид кардани нафти хом аз Эрон бештар талош кунад, чунки нафти ин кишвар ҳоло дар зери таҳрими абарқуратҳои ҷаҳон қарор дорад. Бинобар ин, Тоҷикистон барои ворид кардани нафт аз Эрон бо нархи нисбатан арзон фурсати муносиб дорад: «Дар ҷаҳон кишварҳое, ки худ нафт надоранду танҳо бо коркарди он машғуланд ва аз ин фоида мегиранд, бисёранд. Масалан Белорусия нафтро аз Русия ворид мекунад ва корхонаҳои калони коркарди нефт дорад. Ин кишвар натанҳо эҳтиёҷоти хешро бо сӯзишворӣ таъмин мекунад, балки онро ба дигар кишварҳо мефурӯшад».

Дар ҳоли ҳозир, нархи як литр бензин вобаста ба навъаш аз 5 сомониву 90 дирам то ба 6 сомониву 30 дирам ва сӯзишвории дизелӣ ба ҳисоби миёна 6 сомонӣ нарх дорад. Бояд гуфт, нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна гаронтарин ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG