Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази моеъ поин меравад


Нархи гази моеъ, ки охири соли гузашта то 3,5 сомонӣ барои 1 литр боло рафта буд, дар Суғд то 3 сомонӣ поин шудааст.

Имрӯзҳо дар нуқтаҳои газфурӯшии Хуҷанд 1 литр гази моеъ ба 2 сомониву 90 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи таксиронҳо, дар баъзе газфурӯшиҳои ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов, минтақаҳои канори роҳи оҳан ва пойгоҳҳои ҳамлу нақли маводи сӯхт арзиши 1 литр гази моеъ аз ин ҳам пасттар, 2,80 - 2,70 сомонӣ аст.


Ба гуфтаи масъулони ширкатҳои воридкунанда ва масъулони танзимгари бозори маводи сӯхт, гази моеъ умдатан дар пайи шиддати рақобат байни ширкатҳои воридкунанда арзон шудааст. Қобилҷон Усмонов, сардори шуъбаи нақлиёт дар ҳукумати вилояти Суғд ба радиои «Озодӣ» гуфт, нархи гази моеъ дар Қазоқистон паст шуда, ширкатҳои воридкунанда ба Тоҷикистон барои ҷалби харидор бо пасттар кардани нарх бо ҳам сабқат мекунанд: “Шумораи ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Суғд торафт зиёд шуда истодааст ва “Нару”, “Газпромнефт-Тоҷикистон”, “Қоҳиркомпания” аз ҷумлаи чунин ширкатҳои нав ҳастанд, ки ба бозори маҳаллӣ дохил шуданд. Паст шудани нарх натиҷаи рақобати солим байни онҳо аст.”

Сардори шуъбаи нақлиёти Суғд, ки воридоти маводи сӯхтро назорат мекунад, ҳамчунин гуфт, минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳармоҳа қариб ба 4 ҳазор тон гази моеъ талабот дорад ва аз аввали соли равон то 19-уми феврал ба вилояти Суғд ҳудуди 6 ҳазор тон гази моеъ ворид шудааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Қазоқистон, кишвари аслии содиркунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳудуди 90 дар сади ин маводи сӯхти мавриди ниёзи Тоҷикистонро содир мекунад. Дар навбати худ, Хуҷанд, бинобар наздикӣ ба Қазоқистон, минтақаи асосии воридоти гази моеъ аст, ки баъдан ба Душанбеву манотиқи дигари кишвар низ интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, арзиши маводи сӯхт дар вилояти Суғд назар ба Душанбеву минтақаҳои дигари кишвар ҳамеша арзонтар аст.
Барои мисол, имрӯз, дар ҳоле ки нархи 1 литр гази моеъ дар Хуҷанд 2,90 сомонӣ аст, дар Душанбе 3,20 - 3,40 сомониро ташкил медиҳад.

Бобоҷони Икром, таҳлилгари масоили иқтисодии Суғд мегӯяд, ба пасттар шудани нархи маводи сӯхт мавқеи ҷуғрофии вилояти Суғд низ мусоидат мекунад: “Чунки вилояти Суғд бо вилоятҳои Тошканди Узбакистон ва Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст. Узбакистон корхонаи бузурги коркарди нафтро дорад ва Қирғизистон маводи сӯхтро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия ворид мекунад. Бинобар ин, аз Узбакистон ҳам камобеш маводи сӯхт ворид мегардад ва дар ноҳияҳои бо Қирғизистон ҳамсарҳади Исфараву Ғафуров нархи 1 литр маводи сӯхт дар муқоиса бо Хуҷанд ҳудуди 50 дирам пасттар аст.”

Вале аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар чӣ қадар гази моеъ интиқол мешавад?

Дар посух ба ин саволи радиои «Озодӣ» Қобилҷон Усмонов, сардори шуъбаи нақлиёт дар ҳукумати вилояти Суғд, гуфт, дар ин маврид чизе гуфта наметавонад, чунки ширкатҳои воридкунанда дар ин бора онҳоро дар ҷараён намегузоранд ва ҳудуди 6 ҳазор тон гази моеи имсол воридгашта миқдорест, ки дар вилояти Суғд мемонад ва истифода мешавад.

Бино ба омор, ҳудуди 75 дар сади нақлиёти шахсиву ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла наздики 3 ҳазор маршрутка, бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Теъдоди зиёди ин нақлиёт бо бензин низ кор мекунанд. Бархе коршиносон мегӯянд, бекор шудани боҷи гумрукӣ барои маводи сӯхти содиротӣ аз Русия низ эҳтимолан Қазоқистонро водор кард, ки нархи гази моеи содиротии худро поин барад ва дар пайи зиёд шудани воридоти он ба Тоҷикистон нархи ин маводи сӯхт дар бозори дохилӣ поин меравад.

Дар Тоҷикистон коҳиши шадиди гази моеъ ва ҷаҳиши аз ҳама чашмраси нархи он моҳҳои август - октябри соли 2012 мушоҳида шуда буд. Арзиши 1 литр гази моеъ аз 1 сомониву 90 дирами моҳи август дар моҳи сентябру октябр то 3 сомониву 50 дирам дар Хуҷанд ва дар Душанбе то 4 сомонӣ боло ҷаст. Он замон ширкатҳои воридкунанда сабаби инро коҳиши воридот аз Қазоқистон - кишвари аслии содиркунанда номиданд. Вале бархе коршиносону таҳлилгарон вуҷуди рақобати носолим миёни ширкатҳои воридкунандаро сабаби асосии ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши гази моеъ дар бозори дохилӣ дониста буданд.
XS
SM
MD
LG