Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пероҳани шеъри ман нав аст, медонӣ?


Ин бор дар гӯшаи «Блогистон»-и Озодӣ навбати шеър аст. Чанд дубайтиеро ин бор нашр мекунем, ки Гули Мурод Гулов, як тоҷики муҳоҷир аз Русия фиристодааст.

Ин дубайтиҳоро Гули Мурод Гулов аз Русия фиристодааст. Гули Мурод соли 1959 дар рустои Росровути ноҳияи Ғончӣ ба дунё омада, донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Баъди чанд соли устодӣ дар мактаби Росровут, инак, 22 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Асосан дар жанри рубоиву дубайтӣ машқи шеър мекунад ва то имрӯз 3 китобаш бо номҳои «Нафаси тоза», «Фардои дигар» ва «Манзараи умр» нашр шудаанд.

Чанде аз дубайтиҳои нави Гули Муродро барои хонандагони Озодӣ нашр мекунем.

Бароям хубиҳо кун, омадам ман,

Сарираҳрӯбиҳо кун, омадам ман.

Ба лаб шеъру тарона дар дилам меҳр,

Биё, кафкӯбиҳо кун, омадам ман.

Хуш модари ман китобу дафтар мехонд,

Қуръону ривояти Паямбар(С) мехонд.

Умре зи паи дуои фарзандонаш,

Ал-Фотиҳаву сураи Кавсар мехонд.

Ба ёдат мижжа таҳ нокарда шиштам,

Замини сина аз дурдона киштам.

Чу симои хушу ширину нармат,

Дубайтиҳои ширгармат навиштам.......

Зи атлас дӯхта поҷомаи пул,

Куҷое меравам ҳангомаи пул.

Ту обу дону хоку ҷони моӣ,

Ба ҳар сурат Ту бошӣ - момаи пул.

Пухтӣ ту - лазиз мешавӣ, эй ангур,

Хушкидӣ - мавиз мешавӣ, эй ангур.

Пӯсидӣ, ғаме махӯр, ки май хоҳӣ гашт,

Сад гунаи чиз мешавӣ, эй ангур.

Яке вайронаро таъмир мекард,

Яке хоби дигар таъбир мекард.

Ба рӯи дафтари ҷоинамозаш,

Яке акси Худо тасвир мекард.

На як шеъре ба майдон офаридам,

Ғазалҳое начандон офаридам.

Валекин дар танӯри синаи худ,

Дубайтиҳои тафсон офаридам.

Гузашта ҳусну мазмуни дигар дошт,

Дили дилдодаҳо аз ҳам хабар дошт.

Надонӣ, тифли ман, дар он замона,

Муҳаббат лаззати шаҳду шакар дошт.

Чу солу моҳҳо ман ҳам гузаштам,

Ба чун арвоҳҳо ман ҳам гузаштам.

Cавора чун қатору корвонҳо

Ба пушти роҳҳо ман ҳам гузаштам.

Маро дил бурд бозори Саховат,

Маро наздик кард то бар қиёмат.

Валекин худ накард дар тӯли умраш,

Иваз ҷою макони истироҳат.

Омехта ба ба обу алав аст, медонӣ?

Маҳсули ҳама даводав аст, медонӣ?

Мошинаи асри бистуяк дӯхтааст

Пероҳани шеъри ман нав аст, медонӣ?

Ба саҳна дастаи гул бозӣ мекард,

Қатора - банди кокул бозӣ мекард.

Намоишномаро дидам саропо

Асосӣ нақшро пул бозӣ мекард.

XS
SM
MD
LG