Муҳаммадназари Мирзода, шоиру рӯзномнигори шинохтаи тоҷик ва консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар шеъри наваш, ки ба Озодӣ фиристодааст, исми маҳаллҳои мухталифи водии Раштро пушти ҳам чидааст. "Фарри Рашт" мисли як роҳнамо (навигатор)-и кӯтоҳест, ки шуморо савори аспи шеър ба сайри маҷозии ин водии кӯҳистонӣ мебарад.
Фари Рашт
Эй Чархи Фалак, ман валади Хоки Баландам.
Сарчашмаи рӯдам, ки ба ҳар водӣ писандам.
Аз Санги Кару Ҳоиту аз Лангари Шоҳам,
Ялдимичи Ясмандаму Шарҳо Ярашандам.
Оби Дараву Шаршараву Рӯди Кабудам,
Аз сад Камаробам ба Сияҳоб фикандам.
Барфи Кӯҳи Лозури Яхакпастаму Ярхаб,
Кулияму Аскалуни Кӯлову Камандам.
Пилдонияму Кавдаливу Дори Мазорӣ,
Аз Қалъаву аз Каҳдараву Қалъаи чандам.
Ярхичиву Нимичияму Ҷафриву Ҷавчӣ,
Шаҳринавии Қалъанаку Хуфаки Сандам.
Навдиҳаи Кочону Қалай Шеху Ниширйон,
Дашти Садаам, Лоякаму Бедаки Бандам.
Қизроқии Қазноқаму Шолегии Шӯлмак,
Белгии Навободаму Ғорифу Парандам.
Ганчикии Кугликаму Миртобии Тӯғчӣ,
Навдонаки Сарбандаму аз Дашти Равандам.
Кӯлобаи Лойобааму Калъаи Сурхам.
Ҷӯйбори Ҳазор Чашмааму оби Сипандам.
Зайруни Сари Шухаму Хумдеҳаи Гулмон,
Фатҳобдиям Ҳазрати Фолума Чарандам.
Аз Чоричироғ Камчичароғ Каҳдараву Шул,
Аз Войдараву Чилдараву Шухи Палангам.
Гулмоҳии Порвоғаму ширмоҳии Сорбоғ,
Чуғзидараам Уштури ғелида ба бандам.
Ман кундаи Чормағзиям, аз деҳи Баротам,
Хушманзара чун Арараи Деҳи Баландам.
Роғунсифат аз Оби Шифо шаҳраки Ғармам,
Бобои Чинорам, ки ба Ёнахш фикандам.
Шамоли Қалай Даштаму Борони Дубеда
Торони Сари Қошаму дар Чилдара чандам.
Кавги Шамарам аз Сари Пул то бари Кавгрез,
То Бунгаку Карсанг сад оҳанг бибандам.
Сайрунии Лахши Сари Най Ҷиргаи толам,
Нахчири Дарай Шераму Гургхонаи Шандам.
Аз Шухи Уқобам зи сари қуллаи Истоқ,
Сурхобаму Хингобаму Вахшоби давандам.
Ҳам Лолаи Зорунаму ревоҷи Лаби Ҷар,
Ҳам Арчаи Яхчам зи Ҳакимӣ дара кандам.
Тоҷиквара не Тоҷияму Тоҷварам ман,
Ман Тоҷкӯлохам зи сари Кӯҳи баландам.
Сози дараву рӯдаму аз манзари Раштон,
Ман зодаи Хуршеду Маҳам, Моҳписандам.
Муҳаммадназар Мирзода, шаҳри Санкт-Петербург.
Фари Рашт
Эй Чархи Фалак, ман валади Хоки Баландам.
Сарчашмаи рӯдам, ки ба ҳар водӣ писандам.
Аз Санги Кару Ҳоиту аз Лангари Шоҳам,
Ялдимичи Ясмандаму Шарҳо Ярашандам.
Оби Дараву Шаршараву Рӯди Кабудам,
Аз сад Камаробам ба Сияҳоб фикандам.
Барфи Кӯҳи Лозури Яхакпастаму Ярхаб,
Кулияму Аскалуни Кӯлову Камандам.
Пилдонияму Кавдаливу Дори Мазорӣ,
Аз Қалъаву аз Каҳдараву Қалъаи чандам.
Ярхичиву Нимичияму Ҷафриву Ҷавчӣ,
Шаҳринавии Қалъанаку Хуфаки Сандам.
Навдиҳаи Кочону Қалай Шеху Ниширйон,
Дашти Садаам, Лоякаму Бедаки Бандам.
Қизроқии Қазноқаму Шолегии Шӯлмак,
Белгии Навободаму Ғорифу Парандам.
Ганчикии Кугликаму Миртобии Тӯғчӣ,
Навдонаки Сарбандаму аз Дашти Равандам.
Кӯлобаи Лойобааму Калъаи Сурхам.
Ҷӯйбори Ҳазор Чашмааму оби Сипандам.
Зайруни Сари Шухаму Хумдеҳаи Гулмон,
Фатҳобдиям Ҳазрати Фолума Чарандам.
Аз Чоричироғ Камчичароғ Каҳдараву Шул,
Аз Войдараву Чилдараву Шухи Палангам.
Гулмоҳии Порвоғаму ширмоҳии Сорбоғ,
Чуғзидараам Уштури ғелида ба бандам.
Ман кундаи Чормағзиям, аз деҳи Баротам,
Хушманзара чун Арараи Деҳи Баландам.
Роғунсифат аз Оби Шифо шаҳраки Ғармам,
Бобои Чинорам, ки ба Ёнахш фикандам.
Шамоли Қалай Даштаму Борони Дубеда
Торони Сари Қошаму дар Чилдара чандам.
Кавги Шамарам аз Сари Пул то бари Кавгрез,
То Бунгаку Карсанг сад оҳанг бибандам.
Сайрунии Лахши Сари Най Ҷиргаи толам,
Нахчири Дарай Шераму Гургхонаи Шандам.
Аз Шухи Уқобам зи сари қуллаи Истоқ,
Сурхобаму Хингобаму Вахшоби давандам.
Ҳам Лолаи Зорунаму ревоҷи Лаби Ҷар,
Ҳам Арчаи Яхчам зи Ҳакимӣ дара кандам.
Тоҷиквара не Тоҷияму Тоҷварам ман,
Ман Тоҷкӯлохам зи сари Кӯҳи баландам.
Сози дараву рӯдаму аз манзари Раштон,
Ман зодаи Хуршеду Маҳам, Моҳписандам.
Муҳаммадназар Мирзода, шаҳри Санкт-Петербург.