Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 29-уми октябр дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар як нишасти матбуотӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон ба хабарнигорон муаррифӣ мешавад.
Никола Кавазович дар вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон мутахассиси босниягӣ – Камол Алиспоҳичи 47-соларо, ки сармураббии бошгоҳи футболи “Реван”-и Озарбойҷон таъйин шудааст, иваз намуд.
Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Никола Кавазович 6-уми сентябри соли равон дар шаҳри Мюнхени Олмон дар бозии дӯстона бар тими миллии Қатар бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд. Он вақт Никола Кавазович иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Никола Кавазович рӯзи 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бо тими миллии Эрон бозии дӯстона анҷом хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, Никола Кавазович аввали соли равон сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, таъйин шуд. Вай, ки литсензия ё муҷаввизи мураббигии дараҷаи «А»-ро дорад, дар ин вазифа Олимҷон Рафиковро иваз кард.
Бояд гуфт, ки “Истиқлол” таҳти раҳбарии Кавазович имсол соҳиби Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми раиси АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) гардид ва ҳоло барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон мубориза мебарад.
Никола Кавазович 29-уми июли соли 1975 дар Белград таваллуд шудааст. Ба футбол аз синнии 11-солагӣ дар дастаи «Баск»-и Белград машғул шуда, дар 13-солагӣ ба бошгоҳи ОФК (Белград) гузаштааст. Замоне ки Никола 19-сола буд, ба Маҷористон сафар карда, дар бошгоҳҳои футболи «Уйпешт» ва «Чепел» бозӣ мекунад.
Баъдан ӯ ба Белград бармегардад ва дар тими «Железничар» ҳунарнамоӣ мекунад. Вале Никола дар синни 22-солагӣ ба иллати ҷароҳати вазнин маҷбур мешавад, ки ҳамчун футболбоз майдонро тарк намояд.
Пас аз ин ӯ худро ба кори мураббигӣ мебахшад. Нахуст ба ҳайси мураббии футболи бачагона дар тими «Баск»-и Белград кор мекунад ва то ба вазифаи мудири мактаб мерасад. Солҳои 2005-2007-ум Кавазович бошгоҳи «Борча»-и Сербияро машқ медиҳад. Сипас дар бошгоҳи «Чукарички Станком», ки дар Суперлигаи Сербия бозӣ мекард, ёвари мутахассиси маъруфи сербиягӣ Драгослав Степанович таъйин мешавад.
Баъди гирифтани муҷаввизи дараҷаи «А» Кавазович сармураббии «Романия», бошгоҳи дивизиони аввали Босния, таъйин мегардад. Вале вай дар он ҷо муддати кӯтоҳ кор карда, пас аз ним сол ба ватанаш бармегардад ва дастаи «Биг Бул»-ро қабул менамояд. Охирин дастае, ки Кавазович машқ медод, бошгоҳи «Ресник» буд.