Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо супориши Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, 24-уми апрел ҷаласаи ФФТ аз рӯи натиҷаи бозӣ миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе барпо гардид, ки ба он ҳамаи сармураббиёни дастаҳои лигаи олӣ даъват шуда буданд.
Вале дар ин ҷаласа бо сабабҳои номаълум Ҳамид Каримов, сармураббии тими «Хуҷанд» ва Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол», ширкат накарданд.
Бинобар ин бюрои кумитаи иҷроияи ФФТ барои вайрон кардани Регламент ё дастури баргузории чемпионат ё мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар соли 2012-ум, сармураббиёни ҳарду дастаро ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баст ва онҳоро ҳушдор дод, ки дар мавриди такрор намудани чунин амал ба онҳо ҷазои қатъӣ дида хоҳад шуд.