Бино бар таҳрири нави Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 июн баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расид, қонуни қаблии соли 1995-и кишварро такмил ва нукоти норӯшани онро мушаххас намуд. Ин тарҳро дар иҷлосияи палатаи поёнии порлумон Ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода муаррифӣ кард ва раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов ҷузъиёти онро шарҳ дод.
Ба таъкиди ҷаноби Ватанов, “бар асоси ин тарҳ шартҳои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва ҳамчунин дар таъқиби ҷиноӣ набудани фард аст. Агар аз нафарони бешаҳрванд дар қаламрави Тоҷикистон фарзанд ба дунё ояд, тифл ҳаққи гирфтани шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад.”
Ҳамзамон ҷаноби Ватанов афзуд, ки “шахсе, ки шаҳрванди хориҷӣ аст, аммо барои Тоҷикистон хизмати шоёне кардааст бо розигии ӯ, барояш шаҳрванди фахрӣ дода мешавад.” Аммо бар асоси тарҳи мазкур, “шахсоне, ки ихтиёрӣ шаҳрвандии дигар кишварҳоро доранд ва бешаҳрвандӣ ҳастанд, имтиёзи гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистонро надоранд.”
Ҳамчунини бар асоси ин тарҳ, шаҳрвандони хориҷие, ки тифли тоҷикро фарзандхонӣ кардааст, дар ин сурат он кӯдак ҳаққи гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад. Нуктаи дигар ин аст, ки тибқи ин лоиҳа дар сурати таваллуд шудани фарзанд тавассути афроди хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тифл ҳақ дорад, бо ризояти волидайн, шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шавад.
Ҳамчунин, "дар ҳолатҳои дигар агар яке аз волидайни фарзанд шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, дар ин маврид низ бо розигии падару модар, метавонад шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт намояд."
Ба сурати умум тарҳи нави Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон мушкили онҳоеро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва шаҳрвандии ягон давлатро надоранд, ҳал мекунад, аммо дар мавриди он зодагони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии он кишварҳоро гирифтаанд, чизе намегӯяд. Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи душаҳрвандӣ дорад, аммо ҳазорон нафар аз зодагони Тоҷикистон акнун дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба сар мебаранд ва барои сафар ба зодгоҳи худ бояд раводид гиранд ва ҳамчун хориҷӣ ба Тоҷикистон оянд.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД