Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандӣ омода мешавад


Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандии ин кишвар омода мешавад, ки ҳуқуқи зодагони Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ҳимоят хоҳад кард ва ба хориҷиён имкони осонтари шаҳрвандиро фароҳам хоҳад овард.

Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порламони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов мегӯяд, қонуни нав «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» яке аз қонунҳои пешрафта ва демократӣ хоҳад буд, зеро ин кумита пешнависи қонуни навро дар муқоиса бо қонунҳои пешрафтаи кишварҳои дигар таҳия мекунад.

Гурӯҳи кории ҳукумат ин тарҳро барои баррасӣ ба парлумон фиристодааст ва ҳоло омӯзиши ин пешнавис дар кумитаи зери сарварии Ватанов идома дорад. Вай дар бораи зарурати таҳияи қонуни нав дар шароити кунунӣ мегӯяд: «Дар ҳақиқат аз қабули ин қонун хеле вақт гузашт, шароит тағйир ёфт. Фаҳмишу дарки мо ҳам дар бораи шаҳрвандӣ дигар шудааст, барои ҳамин мо бояд қонуне қабул кунем, ки на танҳо дархӯри шаҳрвандони Тоҷикистон, балки дархӯри он тоҷиконе шавад, ки онҳо бо гузашти вақт дар хориҷа шаҳрвандии худро аз даст додаанд».

Ин ҳолат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия иртибот надорад, зеро ду кишвар байни худ дар бораи душаҳрвандӣ шартнома доранд.

Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов

Қонуни кунунӣ «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» моҳи ноябри соли 1995 баъд аз фурӯпошии Шӯравии пешин таҳия шуда ва ба тасвиб расида буд. Он вақт Тоҷикистон ва аксари кишварҳои тозаистиқлол нахустин қонунҳои давлатии худро аз қонунҳои Шӯравӣ нусха мебардоштанд ва он вижагиҳои як давлати худкомаро дошт. Ба ин далел бар асоси қонуни соли 1995 ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Ватани аҷдодии худро тарк карданд ва дар кишварҳои дигар зиндагӣ мекунанд, шаҳрвандии Тоҷикистонро аз даст доданд.

УМЕД БАРОИ ДУШАҲРВАНДӢ БАРМЕГАРДАД

Ғаффор Сафаров, шаҳрванди тоҷиктабори Ҳолланд яке аз онҳост. Вай тақрибан 20 сол пеш барои гузарони зиндагӣ бо ду духтар ва хонумаш ба Амстердам омад ва ҳоло ҳама шаҳрвандии Ҳолландро доранд. Бар асоси қонуни соли 1995 онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро аз даст додаанд ва акнун барои сафар ба Ватани бобоӣ бояд аз сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ раводид бигиранд, то ба дидори падару модари худ расанд.

Бо дарки чунин мушкилиҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ, Маҳмадалӣ Ватанов мегӯяд, қонуни нав чунин тоҷиконро аз Ватан ноумед нахоҳад кард. Ин ба он маъност, ки на танҳо Ғаффор Сафаров, балки ду

Хонаводаи Ғаффор Сафаров.
Хонаводаи Ғаффор Сафаров.

духтараш ва шавҳарони онҳо низ ҳақ доранд, шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт кунанд, бо вуҷуди он ки зодбуми шавҳарони онҳо Ҳолланд аст. Фақат шарт ин хоҳад буд, ки бар зарари манфиатҳои давлатии Тоҷикистон кор накунанд.

Ҷаноби Ватанов мегӯяд тоҷиконе, ки бо хориҷиён оила барпо мекунанд, ҳақ хоҳанд дошт, ки бо фарзандонашон ва ҳамсари хориҷиашон шаҳрвандии Тоҷикистонро дархост кунанд. Дар пешнависи қонуни нав ҳатто гуфта мешавад, ки дохил шудан ба никоҳи шаҳрванди хориҷӣ ва ё баромадан аз никоҳи вай сабаби аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон нахоҳад шуд. Ҳамсари хориҷӣ низ дар сурати гирифтани талоқ ҳамзамон шаҳрвандии Тоҷикистонро нигоҳ медорад.

ТАҶРИБАИ ТУРКИЯВУ АРМАНИСТОН

Чунин таҷриба бо турктаборони кишварҳои хориҷӣ бештар шабоҳат дорад. Қудрат Шаҳидӣ, коршиноси умури Туркия дар Радиои Озодӣ мегӯяд, масалан, агар яке аз волидайн ё падар ё модари шаҳрванди Олмон решаҳои туркӣ дошта бошанд, фарзанди онҳо баъд аз таваллуд ҳамзамон шаҳрванди Туркия дониста мешавад ва ба вай шиносномаи Туркия медиҳанд. Туркия бо бисёре аз кишварҳо дар ин бора

Қудрат Шаҳидӣ
Қудрат Шаҳидӣ

созишномаҳои дуҷониба дорад. Чунин ҳолат аз кӯдакӣ муҳаббати вайро ба Ватани аҷдодӣ бедор мекунад ва дар оянда дар сурати расидан ба зинаҳои баланди илму фарҳанг ва тиҷорат нисбат ба ватани бобоӣ бетафовут нахоҳад буд.

Арманистон низ тақрибан ҳамин меъёрҳоро барои арманитаборони хориҷӣ дар назар гирифтааст ва муқаррароти дарёфти шаҳрвандиро барои онҳо сода кардааст. Анӯш Мартиросян, коршиноси арман мегӯяд, дар хориҷа арманиҳои сарватманд зиёданд. Онҳо метавонанд дар Арманистон чун дар ватани худ сармоя гузоранд ва корхонаву ширкатҳо боз кунанд. Хонум Анӯш бо шӯхӣ мегӯяд, қонун барои садсолаҳо дуруст мешавад ва мумкин аст дар оянда аз тоҷикони хориҷӣ низ дар Амрикову Аврупо сарватмандон пайдо шаванд, бинобар ин роҳро барои онҳо бояд боз гузошт, то эътиқод ба ватани худро аз даст надиҳанд.

Вале нуктаи дигар ҳам ҳаст, ки агар тоҷиктаборон шаҳрвандии як кишвари дигарро низ дошта бошанд, метавонанд мисли тоҷикони дохилӣ дар интихобот интихоб шаванд ва ё интихоб кунанд? Ин суол то ҳол ҷавоби худро надорад. Дар қонуни шаҳрвандии Арманистон онҳо чунин ҳақро надоранд ва аз хидмати аскарӣ дар ватани бобоӣ низ озоданд.

БЕШАҲРВАНДОН ШАҲРВАНДИ КУҶОАНД?

Шояд қонуни кунунӣ «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» яке аз охирин қонунҳои кӯҳнаи он солҳост, ки то ба ин рӯзҳо эътибори худро нигоҳ доштааст. Ҳатто Қонуни Асосии Тоҷикистон баъд аз тасвиб дар моҳи ноябри соли 1994 ду бор дар солҳои 1999 ва 2003 ба тағйиру иловаҳо дучор шуд. Ҳуқуқдонон мегӯянд, дар давоми солҳои истиқлолият эҳсос мешуд, ки бо назардошти шароити имрӯзӣ қонун «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» низ ба такмилу иловаҳо ниёз дорад.

Масалан, дар солҳои Шӯравӣ ва ҳатто муддате пас аз он рафту омад ва барпо кардани оилаҳои муштарак аз шаҳрвандони «ҷумҳуриҳои бародар» падидаи маъмулӣ буд. Онҳо бо шиносномаҳои кишвари таваллуд, масалан Узбакистон, бо хонаводаи нави худ дар Тоҷикистон мушкил надоштанд ва ё баръакс. Вале бо ҷорӣ шудани раводиди миёни ду кишвар ва надоштани ҳақи душаҳрвандӣ бо Узбакистон чунин одамон шаҳрвандии кишвари дигарро аз даст доданд. Шуморе аз онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд, вале ононе ҳам ҳастанд, ки бо шиносномаи кӯҳнаи Узбакистон наметавонанд шиносномаи Тоҷикистонро бигиранд ва акнун бешаҳрванд дониста мешаванд.

Ахиран Радиои Озодӣ дар ноҳияи Шаҳритус бо бешаҳрванд Фирӯза Холмуродова мусоҳиб шуд, ки аз соли 2006 то ҳоло натавонистааст шиносномаи кӯҳнаву беэътибори узбакистонии худро бо шиносномаи Тоҷикистон иваз кунад, бо вуҷуди ин ки баъд аз арӯсӣ аз соли 1999 ё 16 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва соҳиби фарзанд низ ҳаст.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Ононе низ ҳастанд, ки то ҳол дар минтақаҳои дурафтодаи Тоҷикистон бо шиносномаи Шӯравӣ ё СССР зиндагӣ мекунанд ва шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро надоранд. Онҳо кистанд? Шаҳрванди Шӯравии мавҷуднабуда ё шаҳрванди Тоҷикистон? Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо имкони ҳуқуқиву молии ин афрод, аз қабили дарёфти нафақа ё кӯмакҳои дигари молӣ мумкин аст маҳдуд шавад.

Дар қонуни кунунии Тоҷикистон тартиби иваз кардани шиноснома тақрибан мисли қабули як хориҷӣ ба шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Бо назардошти ин ҳуқуқдон Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, бояд тартиби додани шаҳрвандӣ ба чунин афрод содатар шавад ва ҳатто мӯҳлати додани шаҳрвандӣ ба як хориҷӣ низ камтар гардад. Шаҳрвандии Тоҷикистонро аслан паноҳҷӯёни афғон ва ё шаҳрвандони Эрон дархост мекунанд. Ёров мегӯяд, давраи таҳияи ҳуҷҷатҳо ҳоло шаш моҳ дар назар гирифта шудааст.

Вале раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порламони Тоҷикистон мегӯяд, изҳори назар дар бораи моддаҳои пешнависи қонуни нав роҷеъ ба ин масъалаҳо ҳанӯз зуд аст, зеро он метавонад дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиб ба тағйиру дигаргуниҳо дучор шавад.

XS
SM
MD
LG