Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи асосии Тоҷикистон дар канори рӯди Сир (15 АКС)


Дар Наврӯзи асосии Тоҷикистон ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд, ба гуфтаи масъулон, то 25 ҳазор сокинони одӣ ҳам ҳузур доранд. Вуруд ба варзишгоҳ бо даъватнома аст ва на ҳама хоҳишмандон ба ин тантанаҳо роҳ ёфтанд.

Дарвозаҳои чаҳорбоғи бозсозишудаи Боғи Камоли Хуҷандӣ дар соҳили рӯди Сир аз субҳи якшанбеи 22 - юми март ба рӯи сокинони одӣ боз буд. Садҳо ҳамватанони Камол ва меҳмонони Хуҷанд дар ин рӯзҳои ҷашни Наврӯз марқад ва хонаи рамзии шоири қарни 15 и тоҷикро барои бори аввал зиёрат карданд. Аз саҳар то шом пайи қадами сокинон ба ин боғи фароғативу фарҳангии бозсозишуда канда намешуд.

Як хонуми миёнсоле, ки ҳамроҳи духтарону кӯдакон дар боғи Камол сайр мекард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Бо духтарону набераҳоям барои сайругашти наврӯзӣ ва дидани муҷассамаи Камолу зиёрати мақбараи рамзиаш омадем. Бубинанду бифаҳманд, ки чӣ гузаштагони бузурге доштем ва поси хотири онҳоро гиромӣ доранд."

Аз рӯи муҷассамаи биринҷии 7 метраи Камоли Хуҷандӣ рӯзи 21 март раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон парда бардошта, як каф хоки аз мазори Хоҷа Камол аз шаҳри Табрези Эрон овардаро дар мақбараи ӯ гузошт ва маҷмаи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷандро расман ифтитоҳ намуд. Ин маҷмаа аз деворҳои бозмондаи Қалъаи бостонӣ, чаҳорбоғ, мақбараву муҷассама ва хонаи ин шоири тоҷики асри 15, маркази Камолшиносӣ, музейи таърихиву кишваршиносӣ иборат аст.

Мамнур, ҷавоне аз шаҳри Чкалов мегӯяд: "Ин ҷо пиру барно ҳозир ҳастанд. Ман сари оромгоҳи рамзии Камол ашк дидам, ки бархе пирон ашк мерехтанд. Онҳо як умр орзуи зиёрати ин шоири бузургамонро дошта, аммо чунин имкон акнун ба онҳо даст дода. Умед дорам ин мавзеъ ва маркази илмии каошиноси он дар шинохти ин шоири асил ва гиромидошти шахсият ва осори бузургони гузаштаву ва худогоҳии насли имрӯзи тоҷик нақши боризе хоҳад дошт."

Рӯзи 22 март аз саҳарӣ чорбоғи Камол пуродам ба назар мерасид. Ва рӯзи дуюми таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд дар саҳни театру боғи Камол бо сайругашти сокинон, консерти ҳофизон, ҳунарнамоии дорбозону намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт.

Баъди баргузории маросими ҷумҳуриявии таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи Хуҷанд низ барномаҳои бузурги наврӯзӣ дар Суғд хотима намеёбанд. Тибқи барномаи расмӣ, рӯзи душанбеи 23 - юми март дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузории намоиши густардаи наврӯзие таҳти увнони “Наврӯзи байналмилалӣ аз нигоҳи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон” дар назар аст. Вале дар ин барномаи наврӯзии хосон, танҳо раисҷумҳур, меҳмонон ва ҳудуди 700 нафар умдатан кормандони мақомоту бознишастаҳои дар назди ҳукумат корноманишондода, ки расман даъват шудаанд, ширкат хоҳанд ҷуст.

XS
SM
MD
LG