Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш. "Бозгашт"-и Камол баъди 7 қарн (15 АКС)


Акс аз Манижа Юсупова
Акс аз Манижа Юсупова

​Аз мақомоти Тоҷикистон хоста шуд, барои таҷлил аз ҳафтсадсолагии Камоли Хуҷандӣ, шоири маъруфи тоҷик, дар соли 2020 асноди заруриро таҳия карда, баъдан ба ЮНЕСКО муроҷиат намоянд.

Баъд аз шаш қарни зиндагӣ ва даргузашти Камоли Хуҷандӣ дар ғурбат мақбара ё оромгоҳи ӯ дар зодгоҳаш, дар наздикии дарёи Сир, ифтитоҳ ва аз рӯи муҷассамаи 7-метрааш пардабардорӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки барои таҷлил аз Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шимоли кишвар қарор дорад, гуфт, агарчӣ қисми зиёди зиндагии Камол "бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ" дар ғарибӣ, дар шаҳри Табрези Эрон гузаштааст, аммо "ӯ дар ҳама ҷо бо ёди Ватан ва ёру диёр буд".

Ҷаноби Раҳмон дар ҳоле ки як каф хоки мазори аз Табрез овардашудаи ин шоири тоҷикро дар оромгоҳи тозабунёдаш мегузошт, аз мақомот хост, барои таҷлил аз ҳафтсадсолагии Камоли Хуҷандӣ дар соли 2020 асноди заруриро таҳия намоянд. Ба гуфтаи ӯ, баъдан дар ин замина ба ЮНЕСКО муроҷиат хоҳад шуд.

Ин як каф хоки мазори Камоли Хуҷандиро аз марқади воқеии ӯ дар шаҳри Табрез дар соли гузашта Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ҳамроҳ бо як гуруҳ аз шоирон оварда буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мақбара, муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири тоҷик дар боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар канори рӯди Сир ё Сайҳун ҷой гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ аз метали биринҷӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Даврон Раҳматов сохта шуда, атрофаш бо сангҳои хорои маҳаллӣ ороиш ёфтааст.

"Дар хонаи Камол чор хуми калон ҳаст, ки дар яке гандум, дар дигараш шолӣ, дар севумӣ равған ва дар ҷаҳорумин об гузошта мешавад, ки ин ба зарурати захира кардани озуқаворӣ ишорат мекунад ва ин анъанаи аз рӯзгори бостон то имрӯз расидаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст,"-навиштааст торнамои расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир дастур додааст, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва боғи Камоли Хуҷандиро дар оянда ба як осорхона дар зери осмони кушод бо растаҳои ҳунармандон табдил диҳанд ва таъкид доштааст, ин кор боис ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар мегардад.

Оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар ҳоле бунёд шуда, ки ҳарчанд аз ӯ шоири тоҷик ном бурда мешуд, аммо зоҳиран ному нишоне дар зодгоҳаш аз ӯ боқӣ набуд. Танҳо дар соли 1996 ҳангоми таҷлил аз 675-солагии ӯ дар маркази вилояти Суғд муҷассамааш гузошта шуда, инчунин, чанде аз кӯчаҳо ва муассисаҳоро ба номаш номгузорӣ карда буданд.

Вале Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон бештар рамзи ғурбат ва ё ғарибӣ боқӣ мондааст. Бо гузашти ҳафт қарн шеъри ӯ, ки мегӯяд:

"Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб" ҳанӯз аз забонҳо науфтода, балки марҳаме бар қалбҳои реши муҳоҷирон ва хонаводаи онҳост.

Камоли Хуҷандӣ ё Хоҷа Камол шоири ғазалсарои тоҷик аст, ки дар аввалҳои қарни 14 дар Хуҷанд таваллуд шуда, баъдан "бо сабабҳои иҷтимоӣ" ба шаҳри Табрези Эрон меравад ва дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад. Вақте шоҳ Тӯхтамишхон ба Табрез ҳуҷум мекунад, дар катори дигар ғаниматҳо Камоли Хуҷандиро низ гирифта, ба шаҳри Сарой мебарад. Шоир дар Сарой 4 сол зиста, дубора ба Табрез бармегардад ва соли 1401 дар он ҷо дунёи фониро падруд мегӯяд.

XS
SM
MD
LG