Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наврӯзи Озодӣ" - Наврӯзро бо мо ҷашн гиред!


Вижабарномаи видеоии "Наврӯзи Озодӣ" аз ҷониби ҳайати эҷодии Радиои Озодӣ таҳия шуда, аз таърихи Қалъаи Хуҷанд, маҳалли аслии ҷашни Наврӯзи имсола то Наврӯзи Сибиру Бишкек нақл мекунад.

Ин вижабарномаи видеоии "Наврӯзи Озодӣ" аст, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии мо таҳия шудааст.

Дар ин барнома шумо бо:

таърихи Қалъаи Хуҷанд – маҳалли ҷашни расмии Наврӯзи соли 2015,

суннатҳои суманакпазии сокинони Файзободу Қӯрғонтеппа,

назари донишмандон ба мақоми иди Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон,

нарху навои дастурхони наврӯзӣ,

ҷашни Наврӯз дар як хонадони эронӣ ва суфраи ҳафтсину ҳафтшин,

Наврӯзи тоҷикони Сибир ва Бишкек,

орзуҳои наврӯзии сокинон,

паёмҳои наврӯзии Меҳрнигори Рустам, Валиҷон Азизов, Сироҷиддин Фозилов, Дамирбек ва Фарангис шинос мешавед.

Илова ба ин, аз муҳимтарин рӯйдодҳои як соли Тоҷикистон – аз Наврӯз то Наврӯз - ёдовар хоҳем шуд.

Дар таҳияи ин барнома кормандони Радиои Озодӣ дар Прага, Душанбе, Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Хуҷанд саҳм гузошта, бархе аз қисматҳои ин барномаро ҳаводорони Озодӣ аз маҳалҳои зисти худ фиристодаанд. Гардонандагони ин барнома – Тоҳири Сафар ва Хиромон Бақозода.

Наврӯзро бо Озодӣ ва дар Озодӣ таҷлил кунед!

Барномаи наврӯзии Радиои Озодӣ (2015)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:44:01 0:00

XS
SM
MD
LG