Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба Украина 40 млрд евро ҷудо мекунад


Кишварҳои узви паймони НАТО ба созиш расиданд, ки соли оянда барои Украина ба маблағи 40 миллиард евро кумаки низомӣ кунанд.

Хабаргузории "Reuters" бо такя ба ду дипломати аврупоӣ дар ин бора хабар додааст. Интизор меравад, ин уҳдадорӣ ҳафтаи оянда дар саммити НАТО дар Вашингтон тасдиқ шавад.

Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз кишварҳои ҳампаймон даъват карда буд, барои кумаки низомии Украина уҳдадориҳоро дар сатҳи баъди оғози ҷанг нигаҳ доранд, ки солона 40 миллиард евроро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи манбаи хабаргузорӣ, кишварҳои НАТО аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ накардаанд, вале ба созиш расидаанд, ки ҳаҷми пардохтҳоро дар саммитҳои оянда баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG