Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Пизишкиён - табиб ва ҷарроҳи дил раиси ҷумҳури Эрон шуд


Ҷарроҳ ва табиб. Раиси ҷумҳури 9-уми Эрон.
Ҷарроҳ ва табиб. Раиси ҷумҳури 9-уми Эрон.

Масъуд Пизишкиён, вакили мардумии ислоҳталаб рӯзи 5-уми июл дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бар Саид Ҷалилӣ, як сиёсатмадори муҳофизакор пирӯз омад ва президенти 9-уми ин кишвар шуд.

Вазири собиқи тандурустӣ, намояндаи вилояти умдатан озаринишини Озарбойҷони Ғарбӣ 16 сол боз вакили ин вилоят дар порлумони Эрон буд. Дар интихоботи рӯзи 28-уми июн ӯ назар ба чаҳор номзад ба мақоми раиси ҷумҳур бештар аз ҳама яъне 42.5 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва дар даври дуввум 53.6 дар сад ба тарафдории ӯ раъй додаанд.

Бо вуҷуди ҳузури 20-сола дар саҳнаи сиёсат, Пизишкиён ба ягон ҷанҷолҳои сиёсӣ олуда набудааст ва боре ба ҳам ришвахорӣ ва ё фасод муттаҳам нашудааст. Ӯ дар шаҳри асосан курднишини Маҳобод дар вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ ба дунё омадааст ва забонҳои курдиву озариро хуб медонад ва равон гап мезанад.

Масъуд Пизишкиён, ки ихтисосаш табиб аст, дар ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 1980-1988 ба ҷабҳаи аввали ҷанг рафта, ба ҳайси табиб хидмат кардааст. Баъди ҷанг ба ҷарроҳии дил машғул буд. Ӯ дар муассисаҳои илмӣ низ кор кардааст ва аз соли 1994 то соли 1999 мудири Донишгоҳи улуми тиббии Табрез буд.

Баъди муддати кутоҳе аз тарки донишгоҳ соли 2000-ум ба Теҳрон омада, дар ҳукумати Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ба ҳайси муовини вазири тандурустӣ кор кардааст.

Соли 2001 Муҳаммади Хотамӣ ӯро вазири тандурустӣ таъйин кард. Ду сол пас аз ин порлумони Эрон бо танқид аз кори Пизишкиён, ки гӯё, дар вазорат таъйиноти нодурусте анҷом дода ва қарзи Бонки Ҷаҳониро номуносиб харҷ кардааст, хост ӯро аз мақомаш барканор кунад, аммо натавонист.

Соли 2008 ва се сол баъд аз тарки ҳукумат, Пизишкиён довталаби курсии вакили порлумон шуд ва дар ҳавзаи шаҳри Табрез пирӯз омад. Ӯ панҷ дафъа ва ба муддати чаҳор солӣ вакили мардумӣ аз ин шаҳр дар порлумон интихоб шудааст.

Аз соли 2016 то соли 2020, ки порлумони Эрон дар дасти сиёсатмадорони мӯътадил ва ислоҳталаб буд, Масъуд Пизишкиён, ба ҳайси яке аз муовинони раиси порлумон кор кардааст.

Соли 2013 номзад ба мақоми раиси ҷумҳур буд, вале аз ин корзор даст кашид. Соли 2021 дигарбора бахташро санҷид, вале Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди иборат аз рӯҳониёни ҳоким дар Эрон номзадиашро сабти ном накард.

Пизишкиён улуми исломиро ҳам хуб медонад ва қории Наҳҷул Балоға, китоби муҳим барои шиамазҳабон аст, ки гӯё дар он фармудаҳои Ҳазрати Алӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Масъуд Пизишкиён соли 2023 амалкарди мақомоти Эронро, ки занонро бо баҳонаи ҳиҷоби номуносиб озору азияти зиёд доданд, танқид карда гуфт, ки онҳо бо ин корашон сабаби нафрати мардум ба дин мешаванд.

Ӯ дар гузашта, гуфтааст, ки тарафдори музокирот бо кишварҳои ғарбӣ аст ва шиорпартоӣ ба зидди дигар кишварҳо, аз ҷумла Амрикоро танқид кардааст. Айни замон ӯ ба тарафдорӣ аз усулҳои исломӣ дар кишвар суҳбат карда ва ба риояти сиёсатҳои таъйин кардани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон таъкид кардааст.

Дахолати Хоманаӣ дар аввали ҳамин сол сабаб шуд, ки Пизишкиёнро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март маҳрум накунанд. Ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аққалиятҳо дар Эрон садо баланд кардааст, вале мунтақидонаш гуфтаанд, ки Пизишкиён эҳсосоти миллатгароиро дар байни озариҳо доман мезанад. Иддаое, ки ӯ рад кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG