Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои тарсондани кӯдакон тир кушодааст." Боздошти мудири тандурустии Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомӣ Бобохон Абдураҳмонов, сардори яке аз дармонгоҳҳои Кӯлоб ва ва мудири шуъбаи тандурустии ҳукумати шаҳрро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардаанд. Дар додситонии Кӯлоб гуфтанд, ки Абдураҳмонов бар тибқи моддаи 237 Кодекси ҷиноӣ, яъне авбошӣ бо истифода аз силоҳ муттаҳам мешавад, аммо аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.

Як манбаи огоҳ аз идораи пулиси Кӯлоб гуфт, ки Абдураҳмонов як ҳафта қабл дар назди ҳавзҳои моҳияш бо таҳдид ба кӯдакон аз туфанги шикорӣ ба ҳаво тир холӣ кардааст. Аз ин рафтори ӯ ба мақомот шикоят кардаанд ва ҳоло тафтишот муайян мекунад, оё аслиҳаи ӯ қонунӣ буд ва ё не.

Манбаи огоҳ аз қазия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Бобохон Абдураҳмонов дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҳавзҳои моҳӣ дорад.

“Кӯдакони гирду атроф дар онҷо оббозӣ мекардаанд гуё чанд маротиба огоҳ кардааст, ки дар ҳавзҳои моҳӣ оббозӣ накунанд. Кӯдакон боз омада оббозӣ мекунанд, ба болояшон бо камони шикорӣ тир мекушояд. Баъди шикояти волидайни кӯдакон ӯро боздошт ва нисбаташ парванда боз карданд. Қазияро додситонии шаҳр санҷида истодаанд,”--афзуд мусоҳиби мо.

Назари Бобохон Абдураҳмонов ва вакили дифоаш ба қазия маълум нест.

Видеоро инҷо бинед:

Як табиб ва мансабдорро дар Кӯлоб дастгир карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Пеш аз ин хабарнигорони маҳаллӣ борҳо корҳои Абдураҳмоновро ба боди интиқод кашида буданд. Ҳафтаномаи “Пайк” 30-юми декабри соли 2023 аз хусусигардонии “Марказӣ барқароркунии саломатӣ” гузориш дода буд. Ин ҳафтанома дар ин мақолааш ишора кард, ки марказро худи Бобохон Абдураҳмонов харидааст.

“Тайи як кушиши «бобарор» сардори Маркази саломатии шаҳрии №2 шаҳри Кӯлоб Бобохон Абдураҳмонов бинои Шуъбаи барқароркунии саломатии шаҳрро хусусӣ карда гирифта, ба Маркази дандонипизишкӣ табдил дод. Бо ин ҳаракат сарвари табибони шаҳр мардуми шаҳр ва ноҳияи Кӯлобро аз ягона чунин як Марказ маҳрум сохт”, - зикр карда буд муаллифи мақола.

Бобохон Абдураҳмонов, аз соли 2015 Сардори Маркази саломатии №2 ва мудири тандурустии шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунад. Ӯро чанд бор аз вазифа гирифтаву дубора таъйин кардаанд. Ҳоло бар асоси парвандае, ки боз шудааст, дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ аз панҷ то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG