Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазфи "миллат" аз шиносномаҳои тоҷикӣ


Дар шиносномаҳои нав ё корти идентификатсионии пластикии Тоҷикистон, ки ба истифода дода шудааст, маълумот дар бораи миллати шахс ҳазф гардидааст. Ин шиносномаи пластикӣ ба ҷойи паспортҳои дохилии шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Дар гузашта дар шиносномаҳои дохилии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 16-солагӣ дода мешавад, дар баробари зикри макони иқомат, вазъи оилавӣ, собиқаи зиндонӣ шудани шахс, миллати соҳиби ин ҳуҷҷат ҳам зикр мешуд. Масъулин мегӯянд, тарҳи кортҳои пластикӣ ё шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон се соли пеш тасдиқ шуд ва ҳоло дар сурати хатми мӯҳлати эътибори шиносномаи дохилии шаҳрванд соҳиби он дорои чунин корти пластикӣ мешавад.

Ҳазф шудани миллати шаҳрванд дар корти пластикиро ҳуқуқшиносон “як таҷрибаи байналмилалӣ” меноманд.

Ҳазф шудани миллати шаҳрванд дар корти пластикиро ҳуқуқшиносон “як таҷрибаи байналмилалӣ” меноманд ва мегӯянд, дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи зикри миллати шахс кайҳо бекор шудааст. Чунин таҷриба дар кишварҳое ба мисли Амрико, давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо вуҷуд дорад.

Зимнан, дар Амрико, ки як кишвари бисёрмиллата ба ҳисоб меравад, масъалаи миллати шаҳрванд – баробар бо маънои шаҳрвандии ин шахс аст. Агар шахс дорандаи шиносномаи шаҳрванди Амрико бошад, пас, “миллати ӯ ҳам амрикоӣ” аст ва шахс худаш ихтиёр дорад, ки ҳуввияти миллӣ ё этникии худро ба дигарон ошкор кунад – масалан, бигӯяд, ки “ӯ шаҳрванди Амрико аст, вале миллаташ – тоҷик ва зодаи Тоҷикистон”.

Вале аз назари бархе намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, масъалаи ҳазф шудани миллати шахс дар шиноснома “нақзи ҳуқуқи инсонӣ” аст, чунки дар ин сурат агар ӯ намояндаи миллати дигар ҳам бошад, ҳамчун “шаҳрванди Тоҷикистон” қабул мешавад.

Як духтари руси сокини Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бидуни ошкор шудани номаш гуфт, ҳарчанд Тоҷикистонро ватан ва зодгоҳаш медонад, вале худро рус ва меросбари фарҳанги қадимии ин миллат мешуморад. Ӯ гуфт, аз ин хотир, ки ҳоло амалан “як тоҷик” арзёбӣ мешавад, барояш “эҳсоси нав ва ғайримунтазира аст”. Вай гуфт, дар чунин ҳолатҳо хуб мешуд, ки пеш аз ҷорӣ кардани қоидаҳои нави марбут ба шаҳрвандон, мақомоти тоҷик назарпурсӣ анҷом диҳанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Вале Султон Исроилов, як сокини узбактабори Тоҷикистон, баръакс, ин муқаррароти навро истиқбол кард ва гуфт, “ин беҳтарин навъи шиноснома аст, чун дигар касе ба миллат таваҷҷӯҳ намекунад". Ӯ гуфт, дар гузашта чанд дафъа маҳз сабти миллат дар шиноснома барои ӯ дар қабул шудан ба кор мушкил эҷод кардааст. “Шоҳид будам, ки агар дар як ҷои кор намояндагони як миллат бисёр буданд, ҳатман ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ онҳо ба ҳаммилати худ бартарӣ медоданд. Ҳолатҳои тақаллубкорӣ низ зиёд дида мешуд. Бисёриҳо рафта, дар шиноснома миллати худро дигар мекарданд. Ин бисёр иқдоми хуб аст", - афзуд ӯ.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, зикр нашудани миллат дар шиносномаҳои миллӣ, ки дар дохили кишвар истифода мешаванд, бар асоси хулосаи омӯзиши як комиссия аз соли 2014 гирифта шудааст. Ӯ гуфт, "ин танҳо барои тасдиқи шаҳрвандии шахс аст. Дар ҷумҳурии мо халқу миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва ба хотири баробарии ҳамаи миллатҳо, инҷо танҳо шаҳрвандӣ сабт мешавад. Дар бисёр кишварҳои пешрафтаи дунё ин кори маъмул аст. Ин хулосаи комиссияе ҳаст, ки тарҳи шиносномаи навро омӯхта буданд. Бо дарназардошти таҷрибаҳои дигар кишварҳо дар ин шиноснома танҳо шаҳрванди кишвар будан таъкид шудааст."

Ҳафиз Бобоёров, пажӯҳишгаре, ки ҳуввияти тоҷикиро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, эҳтимол ин тасмим дар пасманзари таҷрибаи Амрико ва Олмон гирифта шудааст, аммо ба гуфтаи ӯ, вазъи Тоҷикистон ба куллӣ аз ин кишварҳо фарқ мекунад. Вай дар як сӯҳбати катбӣ рӯзи 29 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар контексти Осиёи Марказӣ, ки давлатҳо дар асоси тааллуқияти қавмӣ (этникӣ) сохта шудаанд, одатан дар байни қавм ва миллат фарқ дида намешавад ва ба унвони мисол, дар ҷумҳуриҳои минтақа миллат гуфта, қавми алоҳида (узбек дар Узбекистон, тоҷик дар Тоҷикистон, қирғиз дар Қирғизистон) фаҳмида мешавад.

Ҳафиз Бобоёров.
Ҳафиз Бобоёров.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари тоҷик, ҳанӯз фаҳмиши миллат чун мафҳуми шаҳрвандӣ ташаккул наёфтааст, яъне ҳар касе шаҳрвандӣ (шиноснома)-и ин ё он кишварро дорад, бояд миллаташ низ ба ҳамон кишвар мансуб бошад. Аммо, ба бовари Ҳафиз Бобоёров, ин ҷо як мушкилие боқӣ мемонад, ки ба табартақсими минтақа ба ҷумҳуриҳои қавмбунёд (этникӣ) дар аввали асри 20 аз тарафи ҳокимияти Шӯравӣ бармегардад: "Агар чунин тақсимот намебуд ва қавмҳои гуногун дар зери чатри як давлати бисёрқавмӣ (фарз кардем, бо номи Ҷумҳурии Бухоро) мезистанд, сабти на қавмият (тоҷик, узбек...), балки миллат (бухороӣ ва ё эронӣ) дар шиноснома зарур мебуд."

Ҳафиз Бобоёров мегӯяд, ки аммо дар контексти имрӯзаи Осиёи Марказӣ сабт накардани қавмият (на миллат!) дар шиноснома зарур аст, фақат агар дигар кишварҳои минтақа низ чунин тасмим гирифта бошанд, вагарна нобаробарии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар байни кишварҳои минтақа ба бор хоҳад омад: "Баъзеҳо иддао мекунанд, ки сабт накардани қавмият дар шиноснома метавонад боис ба маҳдуд кардани маҳалгароӣ ва қавмгароӣ шавад. Аммо дар воқеият чораҳои ҷиддитаре дар тасмимгирии сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз тарафи давлат ва кордеҳон лозим аст, то чунин мушкилиҳо роҳи ҳал пайдо кунанд."

Тоҷикистон ҳоло ягона кишвари Осиёи Марказӣ ҳаст, ки дар шиносномаи дохилӣ ва хориҷиаш нишондоди миллат ҳазф шудааст. Дар шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷии Узбакистон ва Қирғизистон миллат махсус таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG