Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон гуфт, чӣ касе ба ӯ бо корд дарафтод


Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, гуфт, ҷавоне, ки дар рӯзи рӯшан дар дохили масҷид бо корд ба ӯ дарафтод, аз ҷумлаи ифротгароён будааст.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 17-уми октябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт: “Падараш муаллим будааст, модараш фарроши мактаб.”

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гуё, ки хидмати ислом карданд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамонеро, ки инҳоро даъват карданду роҳнамоӣ карданду супориш доданд, аз пеш надидаанд,” – афзуд муфтии Тоҷикистон.

Абдулқодирзода ҳамчунин гуфт, аз ӯ пурсидаанд, ки “бо ҷавони ҳамлавар чӣ кор кунем?”, рӯҳонии тоҷик дар посух гуфтааст, “Худо ҳидояташ кунад.”

Дар навори 30-дақиқаии рӯҳонии тоҷик, ки Маркази исломии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Ютуб нашр кард ва он бисёр таҳрир шудааст, захми бузурги корд дар пешонии ӯ дида мешавад. Саидмукаррам Абдулқодирзода асосан дар бораи ифротгароии исломӣ суҳбат мекунад.

Як ҷавон рӯзи 11-уми сентябри имсол дар дохили масҷид ва дар байни намозгузорон ба муфтии Тоҷикистон бо корд дарафтода, пешонии ӯро захмӣ кард. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки ҷавон бинобар эҳсоси авбошӣ ба рӯҳонии тоҷик дарафтодааст ва аз он рӯ то кунун парвандаро пинҳон доштаанд ва чизе намегӯяд.

Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола чордаҳ сол боз раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст. Вай дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран иҷтимоӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.

Мухолифон вай ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намудаанд.

XS
SM
MD
LG