Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаҳои "бесарусомон"-и давлатӣ дар вилояти Суғд кай фаъол мешаванд?


Як нишасти хабарӣ дар вилояти Суғд
Як нишасти хабарӣ дар вилояти Суғд

Бо гузашти зиёда аз даҳ сол аз талошҳо барои сохтани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, нозирон мегӯянд, ин раванд камбудҳои зиёде дорад. Яке аз намунаҳои он, пурра фаъол набудани сомонаҳои расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ аст.

Масъулин мегӯянд, мутахассис надоранд ва коршиносони соҳа нокифоя будани маблағгузории ин бахшро асос меоранд. Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки дастикам чор сомонаи расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд ғайрифаъол ё корашон номуназзам ба назар мерасад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чаро ваъдаи "ҳукумати электронӣ" пурра амалӣ нашуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

Барои мисол, сомонаи расмии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ тақрибан як сол боз хабари нав нашр накардааст. Охирон хабари ин сомона табрикоти раиси ноҳия ба муносибати фаро расидани соли нави 2024 аст.

Пойгоҳи хабарии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар чанд моҳ як маротиба аз вохӯрии масъулон бо мардум хабар медиҳад ва бештар иттилооти вазорату идораҳои ҷумҳуриро бознашр мекунад.

Масъулони сомонаи ноҳияи Спитамен бо чанд ҷумлаи кӯтоҳ ва аксҳои зиёд аз ҷараёни чорабиниҳои маҳаллӣ корбаронро огоҳ мекунанд ва аксари бахшҳои сомона фаъол нестанд.

Ҳукумати ноҳияи Деваштич баъди тақрибан панҷ сол моҳҳои охир ба нашри хабару иттилоъ шурӯъ кардааст. Ин ҳам пас аз он буд, ки хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ аз фаъолияти номуназзами сомона суол карданд. То ин вақт танҳо хабарҳои амниятӣ ва марзӣ дар сомонаи Деваштич нашр мешуданд.

Ганҷина Нуруллозода, муовини раиси ноҳияи Деваштич моҳи августи имсол гуфт, барои фаъол кардани сомона мутахассис надоранд ва ин корро ба уҳдаи яке аз кормандони бахши идеология вогузор кардаанд.

Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич ҳам ин танқидро қабул карда гуфт, худаш ҳам ба фаъол набудани сомонаи расмии ин ноҳия эрод гирифтааст. Ҷалилзода ваъда дод, ки сомонаро ба зудӣ фаъол мекунанд.

Сомонаи иттилоотии ноҳияи Шаҳристон баъди интиқоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва бознашри он дар сомонаи Радиои Озодӣ, ҳоло фаъол ба назар мерасад. Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли гузашта дар гузориши тозааш аз кори сомонаҳои расмӣ, бахусус сомонаҳои додгоҳҳо интиқод карда буд. Мавҷуд набудани рӯйхати парвандаҳои додгоҳӣ дар баъзе сомонаҳои додгоҳҳо ва нопурра будани маълумот дар бораи кори идораҳо аз камбудиҳое мебошанд, ки Омбудсмен бар онҳо таъкид кардааст.

Дар нишасти хабарии Додгоҳи вилояти Суғд низ ин масъала баррасӣ гардид. Масъулон гуфтанд, ки барои ислоҳи камбудӣ кор карда истодаанд.

Рӯзноманигорон дар суҳбат бо масъулони бахши алоқа ҳам аз фаъол набудани баъзе сомонаҳои расмӣ интиқод карданд.

Хирадманд Хурсандзода, намояндаи Хадамоти алоқа дар вилояти Суғд гуфт, «аксари вазорату идораҳо алакай сомонаҳои худашро доранд. Ҳукумати вилояти Суғд, Вазорати энергетикаву корҳои дохилӣ сомонаи фаъол доранд. Барои қабули муроҷиати электронии мардум корҳои техникӣ рафта истодааст».

Як нигоҳ ба сомонаҳои расмии идораҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки дар аксари онҳо иттилооти тоза нашр намешаванд ё маводҳое бознашр мегарданд, ки берун аз самти корашон аст. Барои мисол, дар сомонаи расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ бештар матлабҳои сомонаи президент ё вазорату идораҳо бознашр шудаанд. Мақомот, бахусус ҳукуматҳои маҳаллӣ мегӯянд, барои беҳтар кардани кори сомонаҳояшон нерӯи корӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба надоранд.

Фарзона Муродӣ
Фарзона Муродӣ

Фарзона Муродӣ, хабарнигор аз вилояти Суғд мегӯяд, фаъол набудани сомонаҳои расмӣ дар ин замон «бисёр нигаронкунанда аст”.

Ба назари Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ, мушкилӣ аст кам будани маош дар мақомоти маҳаллӣ аст. “Мутахассиси хубро бо маоши паст ҷалб карда намешавад. Барои ҳамин ҳазор кадри тайёру мутахассис дошта бошем ҳам, ҷалб карданаш камтар мушкил аст,”-афзуд ин таҳлилгар.

Интиқод аз кори сомонаҳои идораҳои давлатӣ дар ҳоле идома дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2011 ин ҷониб талош дорад Барномаи ҳукумати электрониро дар кишвар амалӣ созад. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи феълии сомонаҳои мақомоти давлатӣ, коршиносон расидан ба чунин ҳадафро дар солҳои наздик зери суол мегузоранд.

XS
SM
MD
LG