Даври дуввуми интихоботи президентӣ дар Молдова ду ҳафта баъд баргузор мешавад.
Барои соҳиб шудан ба курсии президентии Молдова 11 сиёсатмадор довталаб шуданд. Майя Санду ҷонибдори равобити наздик бо Ғарб ва пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аст. Рақиби асосии ӯ, собиқ додситони кулл Александр Стояногло бошад, аз ҳизби сотсиалистии пуштибонӣ мекунад. Игор Додон, роҳбари ин ҳизб ва раиси ҷумҳури пешини Молдова аз тарафдорони Русия аст. Худи Додон аз пешбарии номзадиаш даст кашид ва аз тарафдоронаш хост ба Стояногло раъйд диҳанд. Сотсиалистҳо натавонистанд дигар ҳизбҳоро ба тарафдории номзади худ моил кунанд.
Санду субҳи 21-уми октябр дар баёнияе гуфт, ки раъйдиҳӣ таҳти фишори "бесобиқа"-и "гурӯҳҳои ҷиноӣ" қарор гирифт, ки талош карданд "раванди демократиро халалдор кунанд.»
"Ман ба тарафдории Молдова овоз додам, ки дар сулҳ ва озодӣ рушд кунад. Ояндаеро месозем, ки Молдова сазовори он аст,"-гуфт Майя Санду баъди овоздиҳӣ.
Интихоботи президентӣ ва ҳамзамон назарпурсӣ (референдум) барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд. Баъди ҳисоб кардани қариб ҳамаи раъйҳо, 50,2 дарсади раъйдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва 49,8 дарсад мухолифи ин кор овоз доданд. Дар ҳамин ҳол, назарсанҷиҳое, ки пеш аз ҳамапурсӣ баргузор шуданд, нишон доданд, ки аксарияти возеҳи пурсидашудагон тарафдори пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.
Мисли Додон, Стояногло ҳам дар чандин ҳолат мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор дорад. Президенти собиқро дар коррупсия ва хиёнат ба давлат, додситони кулли собиқро дар коррупсия ва сӯиистифода аз қудрат гумонбар медонанд. Ҳарду барои ин парвандаҳо Сандуро гунаҳгор карда иттиҳомҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Санду инро рад мекунад.
Александр Стояногло, рақиби аслии Майя Санду райъдиҳӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро бойкот ё таҳрим кардааст.
Ӯ гуфт, ҳукумати Санду пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро бо интихоботи президентӣ дар як рӯз гузоштаанд ва мехоҳанд аз он сӯистифода кунанд.
"Ман ин мавқеи ҳукумати кунуниро, ки ҳеҷ рабте ба Иттиҳоди Аврупо надорад, дастгирӣ намекунам. Ин райъпурсӣ барои тағйир ба конститутсия аст. Аммо ман ҷонибдори ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо ҳастам,"-гуфт Стояногло.
Равобити Молдова бо Русия пас аз сари қудрат омадани Санду дар соли 2020 бадтар шуд. Ҳукумати ӯ, ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард ва Маскавро ба сарнагунии ҳукумати Молдова муттаҳма сохт.
Мақомоти Молдова мегӯянд, Русия талоши дахолат ба интихоботи Молдова ва ноором кардани ин кишварро кардааст. Чанд нафарро низ бо гумони ҳамкорӣ бо Русия ба хотири баргузории тазоҳуроти хушунтаомез боздошт кардаанд.
Русия дахолаташ дар умури Молдоваро рад мекунад, вал ҳукумати ин кишварро ба “русбадбинӣ” муттаҳам мекунад.
Молдова, яке аз 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ ҳаст, ки солҳост, барои ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо талош мекунад. Русия ошкору ниҳон ба ин мухолифат дорад.
Гуфтугӯ