Додгоҳи ноҳияи Железнодорски шаҳри Екатеринбурги Русия шоми 8 феврал 7 тани бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳои террористӣ боздоштшударо барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ин афрод, ки рӯзи 6 феврал дар Екатаринбург дар ҷараёни як амалиёти вижаи ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дастгир шуданд, ба ақидаи мақомоти амниятӣ, узви созмони тундрави “Давлати исломӣ” буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск тайёрӣ медиданд.
ФСБ дар иттилоияи расмиаш ин 7 боздоштшударо шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурда буд, вале расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки танҳо як нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрванди Русия, якеи дигар аз Туркия ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.
Хабаргузории Интерфакс хабар дод, ки раҳбарии ин гурӯҳро нафаре, ки аз Туркия омада буд, бар дӯш доштааст. Сомонаи 66.Ру, ки хабарнигораш дар додгоҳ ҳузур дошт, менависад, ки бархе аз боздоштшудаҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон дар Екатеринбург ҳамроҳ бо аҳли хонаводаҳояшон зиндагӣ мекарданд ва якеи онҳо аз ҷумла дар ширкати мусофиркашии “Везет”-и ин шаҳр ба ҳайси ронандаи такси кор мекардааст. Айбдоркунанда дар додгоҳ гуфтааст, ки аъзои ин гурӯҳ баъди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ қасди сафар ба Сурия ва пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро доштаанд. Аз як махфигоҳ, ки дар манзили яке аз боздоштшудаҳо ошкор шуд, маводи таркандаи тротил, норинҷакҳо, чанд туфангча, пул ва адабиёти ифротӣ низ ёфт шудааст.
Хабарнигори 66.Ру мегӯяд, худи боздоштшудаҳо дар толори додгоҳ ҳузур надоштанд ва танҳо сабти видеоии бозпурсии онҳо пахш шудааст. Ин сомона навори видеоии боздошти афроди гумонбар ба узвият дар “Давлати исломӣ”-ро низ нашр кардааст:
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Ура.Ру бо такя ба манобеи наздик ба ҷараёни тафтиши ин парванда навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ дар асл на ба “Давлати исломӣ” , балки ба “Ҷабҳат-ун-нусра” – як гурӯҳи дигари тундрави мухолифи ҳукумати кунунии Сурия иртибот доштаанд.
Ин сомона аз қавли манобеаш менависад, азбаски “террористҳо”-и ҷамъшуда дар Екатеринбург дар чунин аъмол тамриндида набуданд ва барои мисол, дар сохтани бомб мушкилӣ мекашиданд, раҳбарони онҳо аз тариқи Туркия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки собиқаи ҷанг дар Сурияро доштааст, ба кумаки ин гурӯҳ фиристодаанд. Вале ин бомбсоз дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дастгир шуда, нақшаи омодагиашон ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Маскаву Петербург ва вилояти Свердловскро ошкор кардааст.
Ба иддаои манобеи Ура.Ру, боздошти ин “ҳафтгона” барои асоси маълумоти мақомоти амниятии Тоҷикистон муяссар шудааст.
ФСБ рӯзи 8 феврал хабар дод, ки маъмуронаш дар шаҳри Екатеринбург 7 узви созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи маркази робитаҳои ҷамъиятии ФСБ, ин гурӯҳи ҷиноӣ аз шаҳрвандони Русия ва зодагони Осиёи Марказӣ иборат буда, “ узви созмони террористии байналмилалии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ” буданд ва ба анҷоми ҳамлаҳои террористии пурсарусадо бо истифода аз маводи таркандаи худсохт дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск омодагӣ мегирифтанд.”
Алайҳи боздоштшудаҳо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Русия – моддаи 205 (амали террористӣ), 222 (гардиши ғайриқонунии аслиҳа) ва 222.1 (ҳифзи ғайриқонунии маводи тарканда) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба ҳисоби мақомоти амниятии Русия, то имрӯз тақрибан 3000 шаҳрванди ин кишвар ва то 3000 нафари дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълон карданд, ки шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тақрибан 1000 нафар буда, то имрӯз 148 шаҳрванди ин кишвар дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки аксари тоҷикҳое, ки ба “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав дар Ховари Миёна пайвастаанд, дар Русия, ҳангоми таҳсил ваё муҳоҷирати корӣ ба ин ҷараёнҳои ифротӣ ҷалб шудаанд.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешону асирон ва пайравони мазҳабҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану зери хок кардани асиронаш ном баровардааст.
Фаъолияти ин созмон дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо ва дар Русияву Тоҷикистон манъ шудааст.
Кишварҳои ҷаҳон таҳти раҳбарии Амрико эътилоферо алайҳи “Давлати исломӣ” ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои ҷангҷӯёни онро дар Сурия бомбборон мекунад. Русия низ аз моҳи сентябри соли 2015 ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия шурӯъ кард, вале ин корро алоҳида аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико анҷом медиҳад. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҳадафи Русия бештар кӯмак ба ҳифзи режими президенти Сурия Башор Асад аст, ки аз муттаҳидони Маскав ба шумор меравад.