Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти зодаҳои Осиёи Марказӣ барои "тайёрӣ ба ҳамлаҳои террористӣ" дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятии Русия аз боздошти 7 нафар дар шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ хабар доданд.

ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – рӯзи 8 феврал хабар дод, ки маъмуронаш рӯзи 7 феврал дар шаҳри Екатеринбург дар минтақаи Урал 7 узви эҳтимолии созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи маркази робитаҳои ҷамъиятии ФСБ, ин гурӯҳи ҷиноӣ аз шаҳрвандони Русия ва зодагони Осиёи Марказӣ иборат буда, “узви созмони террористии байналмилалии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ” буданд ва ба анҷоми ҳамлаҳои террористии пурсарусадо бо истифода аз маводи таркандаи худсохт дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербурнг ва вилояти Свердловск омодагӣ мегирифтанд.”

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти хунсо кардани ин гурӯҳ як коргоҳи тавлиди маводи тарканда ҳам кашф шудааст.

Гуфта мешавад, раҳбарии ин “ҳафтгона”-ро як эмиссари “Давлати исломӣ”, ки аз қаламрави Туркия ба Русия омада буд, бар ӯҳда дошт. Аз манзилҳои боздоштшудаҳо маводи тарканда, детонаторҳо, силоҳи оташфишон, ашёи лозим барои сохтани маводи таркандаи худсохт ва адабиёти ифротӣ низ кашф ва мусодира кардаанд.

Алайҳи боздоштшудаҳо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Русия – моддаи 205 (амали террористӣ), 222 (гардиши ғайриқонунии аслиҳа) ва 222.1 (ҳифзи ғайриқонунии маводи тарканда) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи шарикони эҳтимолии онҳо идома доштааст.

Ба гуфтаи мақомоти ФСБ, аъзои ин гурӯҳ қасд доштаанд баъди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ба Сурия паноҳ бурда, ба сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” бипайванданд.

Ба ҳисоби мақомоти амниятии Русия, то имрӯз тақрибан 3000 шаҳрванди ин кишвар ва то 3000 нафари дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълон карданд, ки шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тақрибан 1000 нафар буда, то имрӯз 148 шаҳрванди ин кишвар дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки аксари тоҷикҳое, ки ба “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав дар Ховари Миёна пайвастаанд, дар Русия, ҳангоми таҳсил ваё муҳоҷирати корӣ ба ин ҷараёнҳои ифротӣ ҷалб шудаанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешону асирон ва пайравони мазҳабҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану зери хок кардани асиронаш ном баровардааст.

Фаъолияти ин созмон дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо ва дар Русияву Тоҷикистон манъ шудааст.

Кишварҳои ҷаҳон таҳти раҳбарии Амрико эътилоферо алайҳи “Давлати исломӣ” ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои ҷангҷӯёни онро дар Сурия бомбборон мекунад. Русия низ аз моҳи сентябри соли 2015 ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия шурӯъ кард, вале ин корро алоҳида аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико анҷом медиҳад. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҳадафи Русия бештар кӯмак ба ҳифзи режими президенти Сурия Башор Асад аст, ки аз муттаҳидони Маскав ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG