Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, нерӯҳои содиқ ба ҳукумати Димишқ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷангии Русия мехоҳанд як минтақаи таҳти назорати мухолифин дар Ҳалабро муҳосира карда, ҳама роҳҳо барои интиқоли кӯмаки башарӣ аз туркия ба мардуми шаҳрро банданд. Дар Ҳалаб айни ҳол тақрибан 300 ҳазор нафар боқӣ мондаанд.
Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 6 феврал хабар дод, ки бар асари даргириҳо дар канори шаҳри Ратиён, воқеъ дар наздикиҳои Ҳалаб аз ду ҷониб дасти кам 120 нафар ба ҳалокат расиданд. Саманта Пауэр, намояндаи ИМА дар СММ теъдоди кушташудагонро “тақрибан 150 нафар” гуфт ва дар бораи ҳалокати се корманди Созмони Ҳилоли Аҳмари Сурия ҳам хабар дод.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои эронӣ рӯзи 6 феврал иттилоъ доданд, ки дар ҷангҳои Ҳалаб генерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Қаҷариён ҳамроҳ бо шаш шибҳанизомии Басиҷ ҳам кушта шудаанд. Хабаргузории Тасним навишт, ки шаш шибҳанизомии Басиҷ дар Сурия дар роҳи дифоъ аз муқаддасоти шиаҳо аз сӯи такфириҳо кушта шудаанд.
Хабаргузориҳои эронӣ мусаллаҳони "Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои сунниро “такфирӣ” ном мебаранд. Теҳрон ширкати низомиёнаш дар ҷангҳои Сурияро рад мекунад ва мегӯяд, ки фақат мушовирони низомӣ ва басиҷиҳоро ба Сурия мефиристад. Бо вуҷуди ин, шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта расонаҳои эронӣ дар бораи ҳалокати дасти кам сад “ихтиёри”-и эронӣ дар Сурия хабар додаанд. Миёни онҳо, аз ҷумла, Ҳусейн Ҳамадонӣ, яке аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳам буд.
Ҳаводиси Ҳалаб мавзӯи шурӯъи амалиёти заминӣ ба мубориза алайҳи гурӯҳи “Давати исломӣ” дар Сурияро ҳам доғ кард. Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби силомии Эрон Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ рӯзи 6 феврал изҳор намуд, ки Арабистони Саъудӣ ҷасорати ба Сурия фиристордани нерӯҳои пиёданизомашро надорад. Изҳороти генерали эрониро ахиран хабаргузории Форс нашр кард.
Гуфтаҳои Ҷаъфарӣ – вокуниш ба як баёнияи Ар-Риёз аст, ки ахииан эълом дошт, барои фиристодани нерӯҳои хушкигард алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” омода аст, аммо агар Эътилофи таҳти назорати ИМА аз ин гуна иқдом бигирад.
Идораи кӯмакҳои башарии СММ дар бораи афзоиши теъдоди мардуме хабар медиҳад, ки аз минтақаи даргириҳо фирор карда, худро ба марзҳои Туркия расонидаанд. Айни ҳол дар гузаргоҳи Боб-ул-Салом дар марзи Сурияву Туркия тақрибан 20 ҳазор нафар аз фирориён ҷамъ омадаанд, аз 5 то 10 ҳазор сокини шаҳри Азаз ҳам макони даргириҳоро тарк намудаанд, гуфтаанд масъулини ин ниҳоди Созмони Милал.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сиёсатшиносон ва таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шиддати набардҳо дар Ҳалаб шояд аз сар гирифтани музокироти сулҳ миёни Димишқ ва мухолифин дар шаҳри Женеваро ба мушкил мувоҷеҳ кунанд – ин гуфтушунидҳо барои се ҳафта мутваққиф шуда буданд. Меҳдӣ Озод Мадавӣ, таҳлилгари сиёсии муқими Олмон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯи дигар, як ҳадафи амалиёти густурда дар Ҳалаб талоши дарёфти имтиёзҳои бештар ва барги баранда аз сӯи ҳукумати Димишқ аст. Башор Асад баъд аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон ва афзоиши пуштибонии ҳукуматаш аз сӯи Русия бо қудрати бештар бо мухолифин вориди набардҳо шуд.
Пешрафҳои нерӯҳои ҳукумати Асад, ба вижа, дар Ҳалаб, ки дар чаҳор соли ахир бесобиқаанд, Димишқро дар мавқеи бартар қарор медиҳад, мегӯяд Меҳдӣ Озод Мадавӣ. Аз нигоҳи ӯ, бемайлии ҳукумати Башор Асад барои расидан ба тавофуқ дар шароити феълӣ ва, аз сӯи дигар, бемайлии Арабистони Саъудӣ ва Туркия барои додани имтиёзҳои бештар ба Эрону Русия боис шудааст, ки ҳарду тараф дар як нуқтаи “ҳосили ҷамъ - сифр” қарор бигиранд ва ҳадди аққал дар кӯтоҳмуддат дурнамои муҳиме барои расидан ба як созиш ба чашм намерасад.