Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шумораи ҷангиёни ДОИШ дар Сурия ва Ироқ коҳиш ёфтааст"


ISIS Army Армия ИГИЛ
ISIS Army Армия ИГИЛ

Тибқи гузориши нави мақомоти Амрико, шумораи ҷанҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия коҳиш ёфта ва дар Либия рӯ ба афзоиш аст.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки бар пояи маълумоти истихборотӣ, шумораи ҷанҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия коҳиш пайдо карда ва дар Либия афзоиш ёфтааст.

Бар асоси арзёбиҳои истихборотӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 19 то 25 ҳазор нафар аз ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия ҳузур доранд. Пеш аз ин шумораи онҳо дар ҳар ду кишвар байни 20 то 31 ҳазор нафар тахмин зада мешуд. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, ҳудуди 6 ҳазор нафар аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Либия ҳастанд, дар ҳоле, пеш аз ин шумораи онҳо ҳудуди ду ҳазор нафар буд.

Ба гузориши Қасри Сафед, ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико, теъдоде аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аз байн бурда ва рафту омади онҳо ва низ ҷалби нерӯҳои навро барои ин гурӯҳ мушкилтар сохтааст.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Ернест гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф ва зарбаи нерӯҳои ироқӣ ва курд ба вазъи майдонӣ дар ҷанг бо нерӯҳои ин гурӯҳи тундрав таъсир расонидааст. Сухангӯи Кохи Сафед ҳамзамон ба таъсири ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба пойгоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар авохири моҳи сентябри оғоз карда буд, ишорае накардааст.

Сухангӯи Кохи Сафед ҳамзамон гуфт, ки эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико аз соли 2014 ба ин тараф беш аз 10 ҳазор бор мавқеъҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ҳадаф қарор додаааст, ки он монеи пайвастани бештари хориҷиҳо ба ин гурӯҳ дар қаламрави Сурия ва Ироқ шудааст. Ба гуфтаи вай, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳоло барои пур кардани ин холигоҳ, ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Гузориши истихборотии Амрико мегӯяд, ки шумораи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия аз 20 то 31 ҳазори соли 2014 ба 19 то 25 ҳазор коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ин гузориш мегӯяд, ки шумораи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар бархе аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Либия рӯ ба афзоиш аст ва ҳоло ҷангҷӯёни хориҷӣ бештар озими ин кишвар дар Шимоли Африқо мешаванд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо истифода аз холигоҳи қудрат дар Либия қаламрави зери нуфузи худро дар ин кишвар густариш дода ва шумораи ҷангиён дар ин кишвар аз 3,000 то 6,000 гуфта мешаванд, ки назар ба соли гузашта ду баробар бештар мебошад.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Пентагон вазъ дар Либияро низ аз наздик пайгирӣ мекунад ва ҳама гузинаҳо, аз ҷумла вокуниши низомӣ алайҳи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар он кишварро меомӯзад.

Вазири дифои Амрико гуфтааст, ки вай намехоҳад, ки Либияро ба монанди Ироқ ва Сурия бубинад, ки бинобар халои қудрат гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба пешравиҳо даст ёфт ва қаламрави зиёдеро аз соли 2014 ба ин тараф ба ихтиёри худ гирифт.

Амрико дар гузашта ба таври маҳдуд дар Либия иқдом карда буд. Моҳи ноябри гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ Абу Набил дар ин кишвар ба ҳалокат расид.

Гузориши мақомоти амрикоӣ дар мавриди коҳиши ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз ҳузури беш аз 1000 тан аз ҷавонони тоҷик дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар дод, ки дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд.

Мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 500 нафар тахмин мезаданд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот дониста ва гуфтаанд, кори онҳо бо Ироқу Сурия тамом намешавад.

Мақомоти тоҷик афзоиши шумораи тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 40 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.

28 майи соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро расман ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил намудааст. Дар пайи он Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ бо судури як фатво “Давлати исломӣ”-ро ҳаром ва иштироки тоҷикон дар “ҷиҳод”-ро гуноҳи кабира номид.

XS
SM
MD
LG