Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бемории ҷоғар


Сумани Ашур, як навраси 10-сола аз бемории варами ғадуд ё ба истилоҳ ҷоғар дард мекашад. Нишонаи ин беморӣ зоҳиран дар гулӯи ин наврас пайдост ва ҳангоми ҳавои ғуборолуд нафаскашиашро мушкил месозад.

Модари Суман хонум Гулчехра мегӯяд, Суман чаҳорумин фарзанди хонадон аст, ки гирифтори бемории ҷоғар шудааст. Ӯ мегӯяд:
«Борҳо ба пизишкон муроҷиат мекунам, дору менависанд. Ду се моҳ табобат мекунам, вале боз мебинам, ки ҳеҷ фоида нест. Ҳозир дигар ба беморхона ҳам намеравам, Худо худаш шифояшон диҳад».

Эмомалӣ Раҳмонов, директории маркази бемориҳои ғадуди даруна дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, агар шумораи наврасони гирифтории бемории ҷоғар дар соли гузашта 18 ҳазорро ташкил медод, феълан ин шумора ба 20 ҳазор баробар шудааст. Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, ҷоғар маразест, ки ба ташакули ҷисмонӣ ва рӯҳии наврасон халал мерасонад.

Ба қавли пизишкон, ҷоғар дар бадани инсон аз норасоии элементи кимиёвии йод пайдо мешавад. Дар Тоҷикистон йодро аслан бо намак, ки онро дар бештари хӯришҳо истифода мебаранд, омехта менамоянд. Аммо дар минтақаи Кӯлоб, ки конҳои бузурги намак, амсоли Хоҷамӯъмин ва Хоҷа-Сартез вуҷуд дорад, соҳибкорони маҳаллӣ бидуни истифодаи йод, намаки ин конҳоро ба аҳолӣ савдо менамоянд. Оқои Раҳмонов мегӯяд, афзоиши бемории ҷоғар маҳз ба ҳамин омил бастагӣ дорад.

Соле қабл, дар минтақаи Кӯлоб ҳафт тонна намакаи йодношуда боздошт шуда буд, ки аз ҷониби соҳибкорон дар бозорҳои минтақа ба савдо гузошта буданд. Намаки бидуни йод дар қиёс ба намаки йодшуда арзон аст ва афроди камбизоат бештар аз ин намак истифода мекунанд. Аммо дар маҷмӯъ, қимати намаки йодшуда низ чандон баланд набуда, арзонтарин маҳсулот дар бозор маҳсуб меёбад, ки ҳамагӣ чанд дирам қимат дорад.

Ба қавли пизишкон, аз ҳама бештар миёни навоҳии минтақаи Кӯлоб, сокинони ноҳияи Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор, ки дар акнофи кони намак ҷой доранд, ба ин беморӣ мубтало гаштаанд. Бар тибқи омор дар минтақаи Кӯлоб, таи якуним соли ахир худуди 30 ҳазор нафар гирифторони бемории ҷоғар қайди ном шуда аст.

Бо ҳисоби умумӣ ба қавли пизишкон феълан 30 дар сади наврасон дар минтақаи Кӯлоб бемории ҷоғар доранд.
XS
SM
MD
LG