Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сактаи қалбӣ аз гиребони хурду бузург гирифтааст


Имсол ҳудуди 300 сокини Хатлон дучори сактаи қалбӣ шудаанд. Пизишкон мегӯянд, бемории дил тамоюли ҷавоншавӣ дорад.

Бо ин вуҷуд, ки Замира Бекназарова ҳоло ҳамагӣ 25 сол дорад, аз дарди қалбаш шикоят мекунад. Замира медонад, бемори дил то охир табобат намешавад ва аз ин рӯ, мудом зери назорати пизишкони дилшинос қарор дорад.

Вай мегӯяд: "6 сол пеш дилам зада буд. Дақиқ намедонам, ки аз кадом ҳисоб буд, аммо бемории ҷоғар доштам, шояд аз ҳамин сабаб буд. Лекин фикр мекунам, ки касалии дил бисёртар аз ғам хӯрдан пайдо мешавад. Инро аз таҷрибаи худам мегӯям. Бисёр ҷавонон дар фикри пайдо кардани ҷойи кор мешаванд, шароити бади зиндагиашонро фикр мекунанд, аз ҳамин ҳисоб «дилзанак» мешаванд."

Нигаронии Замира аз вазъи саломатиаш ӯро барои омӯзиш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа овард, то маълумоти тиббӣ гирифта, муроқиби худ ва беморони дигар буда тавонад.

Ҷавоншавии бемории дилро мутахассисони Маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон низ тасдиқ намуда, аз афзоиши шумораи мубталоён изҳори нигаронӣ мекунанд. Имсол қариб 300 сокини Хатлон ба сактаи қабл гирифтор шуда, пизишкон натавонистанд, ҷони 20 нафар аз онҳоро наҷот бидиҳанд.

Иброҳим Мӯсоев
Иброҳим Мӯсоев
Иброҳим Мӯсоев, сарпизишки маркази бемориҳои дили Хатлон, мегӯяд, агар ҳам солҳои пеш асосан одамони болиғ аз синни 50 ба бемориҳои гуногуни дил гирифтор мешуданд, ҳоло ин беморӣ ҳатто дар наврасони 15-16-сола низ мушоҳида шудааст. Ба иддаои доктор Мӯсоев, афзоиши шумораи беморони дил дар кишварҳое, ки дар ҳоли гузариш ҳастанд, назири Тоҷикистон, амри табиӣ мебошад. Вай афзуд, афзоиши теъдоди беморон бавижа пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сабтином шудааст. Маҳз камбизоатӣ ва асабонияти зиёд инсонҳоро аллакай дар синну соли ҷавонӣ ба бемории дил, ҳатто сактаи дил мерасонидааст.

Ӯ гуфт: "Диле, ки сад дар сад солим аст, дар давоми аз 2 то 3 моҳ метавонад дар натиҷаи ин ки одам ниҳоят зиёд асабонӣ мешавад, стресс мегирад, ба ғам гирифтор мешавад, баландшавии сатҳи холестерин, пайдошавии буғумакҳои атеросклерозӣ дар дохили шараёнҳои дил, ба сактаи дил оварда мерасонад. Барои ҳамин ғам ҳам яке аз омилҳои ниҳоят хатарноки гирифторшавӣ ба бемориҳои дил мебошад. Олимони ҷаҳон ҳоло бемории дилро дар рӯйхати бемориҳое, ки инсон гирифтор мешавад, аз нигоҳи хатарнокӣ дар ҷойи аввал мегузоранд ва ҳамин стресс сабаби рақами аввали пайдошавии дарди дил хонда мешавад."

Омори расмӣ мегӯяд, ки то 20 дарсади гирифторони бемории дил мефавтанд. Танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 35 ҳазор сокини вилояти Хатлон аз дарди дил ба дармонгоҳҳо шикоят бурдаанд. Аз он миён қариб 10 ҳазор нафарашон дар дармонгоҳҳо бистарӣ карда шудаанд. Вале коршиносон мегӯянд, ин рақами дақиқи бозгӯкунандаи шумораи аслии беморони дил буда наметавонад.

Зариф Назифови 55-сола, сокини ноҳияи Бохтар, тоза аз дармонгоҳи бемориҳои дил фориғ шудааст. Вай мегӯяд, ҳар гоҳе ғарқи андешаи мушкилоти рӯзгор мешавад, фишор хӯрдани қалбашро эҳсос мекунад:
"Дилам бисёр дард мекунад. Агар барои чизе ғамгин шавам, дардаш шиддат мегирад. Лекин бо ин зиндагии имрӯза намешавад, ки ғам нахӯрӣ. Вақте дар беморхона будам, одамони бисёре ба кардиологҳо муроҷиат мекарданд. Фикр мекунам, ки беморони дил бисёр шудаанд солҳои охир. Ҳатто ҷавонон ҳам аз дилкасалӣ шикоят доранд."

Пизишкони дил мегӯянд, асабонияти зиёд, фишорбаландӣ, ҳаракати берун аз меъёри бадан, истеъмоли нодурусти ғизо аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории дил мебошад. Аммо Баҳодур Холбобоев, корманди дармонгоҳи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, болоравии синнусол ва шароити номусоиди зиндагӣ ҳам инсонро ба бемории дил мерасонад: "Падари ман, ки солманд аст, бемори дил мебошад. Доим зери назорати духтурон қарор дорад. Ҳоло аксари одамони солманд ба ҳамин беморӣ гирифторанд. Аз ҳисоби фишорбаланд, диабети қанд, стресс, мушкилоти рӯзгор ва мисли ин, одамон ба бемории дил дучор мешаванд. Инро пешгирӣ кардан мушкил аст. Аксари онҳое, ки бемори дил мешаванд, бояд то охири умр ба табобати дилашон машғул шаванд. Ин хеле муҳим аст."

Афзоиши шумораи беморони дил дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки дар ин минтақа норасоии шадиди пизишкони дилшинос мушоҳида мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар 12 шаҳру ноҳияи ҷанубии Тоҷикистон пизишкони дилшинос умуман сари кор нестанд ва беморони дил ночор барои табобат ба пизишкони бахшҳои дигар муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG