Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мир Мафтун: "Ҷанг таронаро низ мекушад"


Мир Мафтун дар Душанбе
Мир Мафтун дар Душанбе

Мир Мафтун, ҳунарманди шинохтаи Афғонистон мегӯяд, аз гуруҳи Толибон ҳеҷ хатаре ба ҷони худ эҳсос намекунад.

То ним моҳи пеш Амрико бо гуруҳи Толибон барои сулҳ дар Афғонистон музокира мекард. Қарор буд, пас аз имзои созишномаи сулҳ ин гуруҳ ба ҳукумати Афғонистон бипайванданд. Бархе ҳунармандони Афғонистон аз он нигарон буданд, ки гуруҳи Толибон эҳтимолан ба сурудхонӣ дар ин кишвар иҷозат надиҳад. Ҳоло музокира бо ин гуруҳ қатъ шуда, ҷангҳо шадидтар шудаанд.

Мир Мафтун мегӯяд, барои ӯ муҳим гузоштани силоҳ дар замин, қатъи хунрезӣ, сулҳу оромӣ дар Афғонистон аст ва муҳим нест, ки кадом гуруҳ ба давлат мепайвандад.

Ӯ гуфт, ки бо даъвати соҳибкоре ба Тоҷикистон омадааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи сафараш ба Тоҷикистон ва вазъи сиёсии Афғонистон суол кард:

Мир Мафтун: Ман ба Олмон, Туркия даъват шуда будам, вале чун аз Тоҷикистон даъват гирифтам, зуд ба ин кишвар омадам, чун ошиқи ин кишвари зебо ҳастам. Зиёд мехостам, ки дар Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бирасам, вале натавонистам. Зиёда аз 10 рӯз шуд, ки дар Душанбе ҳастам. Ин кишварро дӯст медорам, чун бо тоҷикон робитаи хешу таборӣ дорам. Шаҳр назар ба чанд соли пеш тағйир кардааст, хело зебо шудааст. Маро як соҳибкоре даъват кард, дар тарабхонаи “Помир”-и шаҳри Душанбе суруд хондам. Чанд рӯз ҳаст, ки ин ҷо ҳастам. Дилам барои Афғонистон танг шуд, боз бармегардам.

Радиои Озодӣ: Барои як ҳунарманде, ки ҳамеша дар талоши шод кардани дили мардум аст, хабари таркишу қатлу куштор рӯи зиндагӣ ва кораш чӣ таъсир мегузорад?

Мир Мафтун: Бовар кунед, ки зиёд ранҷ мекашам, ки ҳар рӯз ҷангу куштор аст. Ҳар касе кушта мешавад ва садои инфиҷоре шунида мешавад, таронаҳои тозаэҷод аз зеҳнам фаромуш мешаванд. Ҷангу хун шеъру таронаро низ мекушад. Дар инфиҷоре, ки дар як арӯсӣ сурат гирифт, дӯстони ҳунармандам, аз шогирдони Олими Шариқӣ, аз шимоли Афғонистон буданд, ки ба шаҳодат расидаанд. Баъди ин ҳодиса ман ба як маҳфиле рафтам, ки наметавонистам тарона бихонам, фикр мекардам, ки ба мо низ ҳамла мекунанд ва то поёни арӯсӣ нигарон будам, фикр мекардам, ки мо низ кушта мешавем. Шунидани қатлу инфиҷор дар Афғонистон ба ҳолати равонӣ таъсир мегузорад.

Радиои Озодӣ: Музокироти Амрико бо Толибон барои сулҳ дар Афғонистон қатъ шуд. Оё хатар барои мардум бештар мешавад?

Мир Мафтун: Ман аз сиёсату ин чизҳо дур ҳастам, фикрам ба дуторам аст ва овозхонӣ. Ба давлату Толибон коре надорам. Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки роҳе пеша кардаанд, ки ба ғайри куштани мардуми бечора фоидае намеоранд. Дигарҳо осебе намебинанд, мардуми одӣ зери по мешаванд. Аз Худованд сулҳу амният ва оромиш мехоҳам, вале намедонам, ки чӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Моҳи оянда дар Афғонистон интихоботи президентӣ аст. Номзади мавриди назари шумо дар интихоботи Афғонистон кист?

Мир Мафтун: Номзади мавриди назари ман ва ҳунармандони дигар касе ҳаст, ки сулҳ биёрад ва хидмат кунад. Ҳаркасе бошад, барои мардум кор кунад.

Радиои Озодӣ: Нигарониҳое вуҷуд дорад, ки бо пайвастани Толибон ба давлат ҳунару ҳунармандӣ дар Афғонистон ба хатар рӯ ба рӯ мешавад. Шумо аз Толибон хатаре доред?

Мир Мафтун: Ман вақте, ки аз Бадахшони Афғонистон ба Файзобод ё Кобул меравам, ҷодаҳоеро мегузарам, ки Толибон ҳастанд, вале ба ман коре надоранд. Онҳо маро мебинанд ва ба ман коре надоранд, озод ҳастам. То ҳозир Толибон ба ман таҳдид накардаанд. Кадом гуруҳе ба давлат мепайвандад, силоҳ мегузорад, сулҳ мешавад, оромӣ мешавад, тарафдорӣ мекунам. Аммо дар Кобул зиндагӣ душвор аст. Дар Бадахшон бештар эҳсоси озодӣ ва оромӣ дорам.

Радиои Озодӣ: Бисёре аз ҳунармандони Афғонистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтанд. Чаро шумо дар Афғонистон мондед?

Мир Мафтун: Ростӣ, нақшае надорам, ки ватанамро тарк кунам. Агар ватанам осуда бошад, ором бошаду зиндагӣ осуда бошад, ҳеҷ гоҳ фикре надорам, ки ба ҷойи дигар равам. Агар ваъзият аз ин ҳам бад шавад, шояд маҷбур шавам, ки кишварро тарк кунам. Ҳоло низ ваъзият бад аст, вале солам ба ҷое расидааст. Дигар ҷое намехоҳам биравам. Мехоҳам, ки писарам дар хориҷ таҳсил кунаду осуда бошад. Дар Афғонистон ҳамсару хонаводаам аст, зодгоҳам ва тамоми умрам онҷо гузаштааст.

Радиои Озодӣ: Дар бештари маҳфилҳо шуморо бо ҷомаи зардӯзӣ мебинем. Чаро ба бар кардани онро хуш доред?

Мир Мафтун: Ин ҷома барои ман хело азиз аст, либоси асили тоҷикӣ аст. Панҷ соли пеш президенти муҳтарами Тоҷикистон дар як барномаи ҳунарӣ барои ман туҳфа додаанд. Медонам, ки либоси шоҳон аст ва хело дӯсташ медорам. Ин ҷома ба ман шинам аст, дар маҳфилҳои гуногун мепӯшам.

Радиои Озодӣ: Ду сол пеш суруди куҳнаи “Наргис- наргис”-и Ҷумъахон Сафаров, сарояндаи тоҷикро ҳамчун таронаи тозаэҷоди худ дар як барномаи телевизионӣ хондед.

Мир Мафтун: Ман Ҷумъахон Сафаровро дӯст медорам, таронаҳояшро зиёд гӯш мекунам. Имрӯзҳо дар суроғи ӯ ҳастам, мехоҳам ӯро аз наздик бубинам ва ҳамсуҳбат шавам. Аз тариқи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ӯ бахшиш пурсида будам, вале боз ӯро хоҳам дид. Дар 17 соли пеш дар Фаронса таронаи ӯро бозхонӣ кардам. Гуфта будам, таронаро сабт кунам, аз ӯ ном мебарам. Аммо якборе шуд, ки иштибоҳан аз ӯ ном набурдам, вале бахшиш пурсидам. Ба ҳунармандони тоҷик алоқамандии зиёд дорам, таронаҳояшонро мехонам ва ба дилам наздик ҳастанд.

XS
SM
MD
LG