Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мир Мафтун аз Ҷумъахон Сафаров узр пурсид. ВИДЕО


Мир Мафтун, овозхони тоҷиктабори Афғонистон
Мир Мафтун, овозхони тоҷиктабори Афғонистон

Ҷумъахон Сафаров, овозхони тоҷик Мири Мафтун, сарояндаи маъруфи Афғонистонро дар дуздии оҳанг ва сурудаш муттаҳам медонад.

Мири Мафтун, сарояндаи шинохтаи Афғонистон шаби 2-уми сентябр дар шабакаи аввали телевизиони ин кишвар дар ҳоле, ки аз дуздида шудани оҳангҳояш аз ҷониби сарояндаҳо сӯҳбат мекард, сурудеро ҳамчун суруди нави худ бо номи “Наргис, Наргис” тақдим кард. Ӯ қабл аз иҷрои суруд гуфт, ки ин оҳанги нави ӯст, ки бори аввал барои миллионҳо бинандаи шабакаи аввали телевизиони Афғонистон иҷро мекунад.

Як коршиноси мусиқӣ гуфт, дар ҳоле, ки овозхонҳои замони имрӯз аз ҳақи муаллиф сӯҳбат мекунанд, дар Шарқ ҳамоно анъанаи бозхонии оҳанги маъруф аз ҷониби чандин ҳунарманд амал мекунад ва фалсафааш ҳам ин аст, ки кадоме аз онҳо ин оҳангро беҳтар аз дигаҳо иҷро мекунад.

Ҷумъахон Сафаров, овозхони тоҷик
Ҷумъахон Сафаров, овозхони тоҷик

Ҷумъахон Сафаров, овозхони тоҷик рӯзи 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, суруде, ки Мири Мафтун ҳамчун моли худ сурудааст, ӯ ҳанӯз соли 1992 сароида буд. Ӯ гуфт: “Ин шеъри Хайрандеш аст. Ҳамон солҳо ба ин оҳанг баста будам ва дар маҳфилҳо месурудам. Дар фиттаҳои ҳамон замон низ сабт шуда буд.”

Бо ин вуҷуд, Ҷумъахон Сафаров мегӯяд, агар Мири Мафтун эътироф кунад, ки воқеан ин суруду оҳанг марбут ба ӯ аст, ҳеҷ шикояте нахоҳад кард.

"Дар тамоми кишварҳои дунё ҳуқуқи муаллиф ҳаст. Дар мо як андоза исбот кардани ҳуқуқи муаллифӣ мушкил аст. Ин мардак аллакай сурудро сабт кардааст. Дигар ба ӯ чӣ гуфта мешавад? Агар ҷое гӯяд, ки моли мо аст, дигар даъвое надорем".

Суруди “Наргис, Наргис” солҳои 1990-ум бо садои Ҷумъахон Сафаров дар телевизиони Тоҷикистон зиёд пахш мешуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суруд бо садои Ҷумъахон Сафаров дастрас нест. Танҳо дар як саҳифа дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ин сурудро, ки Мири Мафтун мехонад, беш аз 440 ҳазор нафар дар як ҳафта тамошо кардааст.

Мири Мафтун, сарояндаи тоҷиктабори Афғонистон рӯзи 18-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ин суруд моли Ҷумъахон Сафаров аст ва бинобар сабаби саросемагӣ дар сӯҳбати телевизионӣ натавонист аз муаллиф ном бубарад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз моли худ хондани оҳанг узр хост.

Ӯ гуфт, ки 14 соли пеш фиттаи Ҷумъахон Сафаровро дар Фаронса дӯсташ барояш тӯҳфа карда буд ва ин сурудро аз ҳамон шунида буд:

“Садои акаи Ҷумъаро дӯст дорам. Ин сурудро ҳам айни садои ӯ мехонам. Фиттаи ӯро 14 сол пеш аз Фаронса як дӯстам тӯҳфа карда буд. Дар шабакаи аввали телевизиони Афғонистон танҳо як қисми ин сурудро хондам ва гуфтам, ки шакли пурраашро дертар сабт мекунам. Шакли пурраашро, ки сабт кардам, ҳатман аз акаи Ҷумъа ном мебарам. Аз акаи ҷумъа хоҳиш дорам, ки нороҳат набошанд. Ба тозагӣ ин сурудро пурра сабт мекунам ва он ҷо ҳатман аз муаллиф ном мебарам”.

Зимнан, Мири Мафтун гуфт, ки сарояндаҳои зиёди Тоҷикистон сурудҳои ӯро бидуни бурдани номаш бозхонӣ мекунанд, вале ӯ боре эътироз накардааст.

Дар гузашта ҳам овозхонҳои тоҷик дар бораи бозхонӣ ва ё азхуд шудани таронаҳояшон аз ҷониби овозхонҳои кишварҳои форсизабон шикоят кардаанд. Вале дар посух бархе овозхонҳо мегӯянд, ки сӯиистифода аз оҳангҳои форсиву афғонӣ дар саҳнаи ҳунари тоҷик бидуни бурдани исми муаллифи он зиёд рух додааст ва ҳунармандони тоҷикро нашояд, ки аз ин чиз биранҷанд. Як коршиноси мусиқӣ гуфт, дар ҳоле, ки овозхонҳои замони имрӯз аз ҳақи муаллиф сӯҳбат мекунанд, дар Шарқ ҳамоно анъанаи бозхонии оҳанги маъруф аз ҷониби чандин ҳунарманд амал мекунад ва фалсафааш ҳам ин аст, ки кадоме аз онҳо ин оҳангро беҳтар аз дигарҳо иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG