Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тафтиши рӯйдодҳои Хоруғ дар мулоқот бо Ш.Салимзода ва Р.Раҳимзода


Хоруғ. 21 май
Хоруғ. 21 май

Додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва собиқадорон ҷараёни тафтиши рӯйдодҳои моҳи май аз сӯи кумиссиюни муштаракро баррасӣ кардаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода тайи як сафаре серӯзаашон ба Хоруғ, ки рӯзи 2 июл ба поён расид, бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва собиқадорон ҷараёни кори кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи май дар маркази Бадахшонро баҳс кардаанд. Ин сафар дар пасманзари афзоиши норозигиҳо аз суръат ва тарзи кори ин кумиссиюн сурат гирифта, Салимзода ва Раҳимзода то рӯзи 2 июл дар Хоруғ будаанд.

Диловар Хосабеков - сардори дастгоҳи ҳукумати Хоруғ рӯзи 3 июл ба Озодӣ гуфт, Салимзода ва Раҳимзода дар маркази Бадахшон бо фаъолияти кори кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи май шинос шуда, бо аъзои ин кумиссиюн, собиқадорон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мулоқот карданд. Ба гуфтаи Хосабеков, намояндагони марказ фикру пешниҳодҳои собиқадорон ва намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятиро доир ба масоили иҷтимоиу иҷтисодии Бадахшон гӯш доданд.

Набот Додхудоева
Набот Додхудоева

Набот Додхудоева, раиси созмони ҷамъиятии «Мадад», ки дар мулоқоти рӯзи 1 июл бо додситони кулл ва вазири умури дохила ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мавзӯи аслӣ дар ин мулоқот марбут ба фаъолияти кумиссиюни муштарак оид ба таҳқиқи ҳодисаи моҳи майи Хоруғ буд.

«Дар ин мулоқот дар ҳузури додситони кулл ва вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати кумиссиюни муштарак суол дода шуд, ки чаро як ҳафта боз фаъолияте надоранд? Вале намояндагони кумиссиюн дар посух гуфтанд, ки ин иддао нодуруст аст ва кумиссиюн мураттаб кор карда истодааст ва дар ояндаи наздик тафтишотро ба анҷом хоҳад расонид,» - зикр кард хонум Додихудоева.

Ӯ афзуд, дар ин мулоқот бисёриҳо изҳор доштанд, ки ҳама дар Бадахшон мунтазири анҷоми ҳарчӣ зудтар ва мунсифонаи кори кумиссиюни муштарак мебошанд, то ин ки афроде, ки ҷомеъаи Хоруғро ноором карданд, ба ҷазо кашида шаванд. Бархе аз иштирокдорони ин мулоқот, хусусан собиқадорони Хоруғ дар мавриди роҳҳои рушди иқтисодии Бадахшон сӯҳбат карда, аз меҳмонони баландпоя хостаанд, то фикру пешниҳодҳои онҳоро ба ҳукумати марказӣ, бахусус ба самъи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд.

Аммо як рӯз баъд аз бозгашти Шерхон Салимзода ва Рамазон Раҳимзода аз Хоруғ намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон дар кумиссиюни муштарак бо пахши як изҳорот мустақаман ба раисиҷумҳури Тоҷикисон муроҷиат карданд, ки ба ҷараёни кори кумиссиюни муштараки таҳқиқи рӯйдодҳои Хоруғ дахолат кунад. Ин изҳорот зоҳиран аз он дарак медиҳад, ки ду фиристодаи Душанбе тайи се рӯзе ки дар Хоруғ буданд, натавонистаанд бо намояндагони эътирозгарон дар кумиссиюни муштарак дар мавриди ихтилофоти мавҷуда ба тавофуқ бирасанд.

Даъват аз Э.Раҳмон барои дахолат ба таҳқиқи рӯйдодҳои Хоруғ

Хоруғ. 21 май
Хоруғ. 21 май

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон дар кумиссиюни муштараки таҳқиқи рӯйдодҳои 21-24 майи Хоруғ дар як изҳорот, ки рӯзи 3 июл нашр шуд, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, то ба масъалаи таҳқиқи ин ҳаводис дахолат кунад. Аъзои кумиссиюни муштарак аз ҷониби эътирозгарон гуфтаанд, бо тарзи амали намояндагони давлат дар ин кумиссиюни таҳқиқотӣ “қатъиян” розӣ нестанд ва дар сурати идомаи чунин шеваи кор аз узвияти кумиссюни муштарак даст хоҳанд кашид. Зери ин изҳорот 8 узви кумиссиюни муштарак - Алим Шерзамонов - раҳбари бахши вилоятии ҳизби сотсиал-демократ, Фаромӯз Эргашов, Улфатхоним Мамадшоева, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Аёмбеков , ҳамчунин Муборакшоев М., Назаров Н., Мамадшоев Х.М. ва Бахтиёров Б. К. имзо кардаанд.

Алим Шерзамонов, яке аз муаллифони ин изҳорот рӯзи 3 июл ба Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки онҳо дар ҷараёни кори кумиссиюни ба зарурати пайдо кардану ба масъулият кашондани афроди гунаҳкор дар тирандозиҳо алайҳи тазоҳургарон пойфишорӣ доранд, талаби намояндагони давлат ба таъқиби онҳоест, ки дар сӯзондани биноҳои маъмурӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзҳои 21-24 май даст доштанд. Шерзамонов мегӯяд: “Сухан дар бораи 30-40 нафар ҷавононе меравад, ки бо талаби инҳо, бояд ба бозпурсӣ ҳозир шаванд. Вале масъалаи асосӣ, ба назари мо, на биноҳои сӯхта, балки одамонест ки кушта шуданд.”

Муаллифони изҳорот бар инанд, ки тафтишот якҷониба пеш рафта истодааст ва онҳо ба ҳайси намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ “қатъиян” ба ин розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, то даме ки гунаҳкорон дар куштори мардуми осоишта пайдо карда нашудаанд ва дар ҳоле ки ҳатто “дар ҷомиа тасаввуре ҳосил мешавад, ки касе гунаҳкорони куштори мардумро ба масъулият кашонданӣ нест,” кофтукоби гунакорони сӯхтор “мувофиқи мақсад намебошад.” Муаллифон намояндагони давлат дар кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғро ҳамчунин айбдор мекунанд, ки “бо ҳар роҳ гумонбарони погондорро мепӯшонанд ва барои ин аз шеваи шантаж ҳам кор мегиранд.” Онҳо ба ин далел, ки ягон узви музокирот аз тарафи давлат худро холис ва объективӣ нишон надод, ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кафили ҳуқуқи конститутсионии мардум муроҷиат кардаанд, то “ба ҳалли ҳарчӣ зудтари ин вазъи бӯҳронӣ, ки метавонад ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расонад, дахолат кунад.”

Шералӣ Хайруллоев
Шералӣ Хайруллоев

Кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ аз ҳисоби намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандӣ рӯзи 31 май дар натиҷаи музокироти фиристодаҳои баландпояи ҳукумат, бо шумули ёвари президент генерал Шералӣ Хайруллоев ва вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода бо намояндагони эътирозгарон таъсис ёфт. Ҳадаф аз таъсиси он тааҳқиқи беғаразона ва шаффофи нооромиҳои моҳи май дар маркази Бадахшон гуфта мешуд.

Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтибековро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд. Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд. ​

​Вилояти мухтори Бадахшон бо 220 000 аҳолиаш аз ҳалқаҳои заифи занҷири амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти ин вилоят генерал Абдулло Назаров нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ҳарду тараф шуд.

XS
SM
MD
LG