Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амният ва дифоъ гуфтааст, "он сенарияе дар майдон шуд ва он бозиҳое, ки дар шаҳри Хоруғ шуда гузашт, коргардонҳои асосии он дар шаҳри Душанбе мебошанд."
Ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки навори он аз сӯи яке аз шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ пахш шуда ва он ба дасти хабаргузории "Азия Плюс" расидааст, ба ин нуқта ишора намудааст. Оқои Хайруллоев дар ин навор мегӯяд, ки ӯ бо он афроди ба гуфтаи коргардонони ҳодисаҳо сӯҳбат кардааст, аммо аз онҳо номе набурд, ки онҳо кӣ ҳастанд.
Вай гуфт, "шахсоне ки бо проблемаи Бадахшон сару кор мегиранд, бисёриҳояшон ҳатто шаҳрванди Тоҷикистон нестанд ва дар Бадахшон на фарзанд доранд ва на хешу табору авлод ва агар ба ҳадафи сиёсиаш расида тавонад, агар тамоми Бадахшон нест шавад, вай парво надорад."
Вай афзуд, "лекин сад афсӯс ки мо мардум кӯҳистон гаправ ва содда ҳастем ва гапи ҳар шахсро бовар мекунем, чунки ҳис мекунем ҳама мисли мо ва шумост."
Шералӣ Хайруллоев зимни даъвати мардуми Бадахшон ба ҳушёри ва зиракии сиёсӣ, аз ноамнӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон сӯҳбат кард ва гуфт, ки ҳамакнун таҳдидҳои Толибон бештар шудааст. Ӯ афзуд, "мақсади асосӣ ин аст, ки давлатҳои абарқудрат моро ҷанг андохтанӣ ҳастанд ва онҳо тинҷии Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро намехоҳанд. Агар ҷангу ҷанҷолро мо худамон сар кунем, дар инҷо намояндагони Ҳаракати исломии Узбакистон, Толибон, Ал-қоида, Ансоруллоҳ пайдо мешаванд ва агар онҳо пайдо шуданд, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Миёна дар мегирад ва онҳо то Русия рафтанӣ ҳастанд."
Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтибековро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд.
Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.
Вилояти мухтори Бадахшон 220 000 аҳолӣ дошта, бо 64 200 километри мураббаъ қаламраваш, ки 45 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аз нигоҳи масоҳат бузургтарин вилояти ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин вилоят аксаран пайравони равияи исмоилияи мазҳаби шиа ба сар мебаранд. Дар қаламрави Бадахшон ягон корхонаи бузурги саноатӣ вуҷуд надорад ва аҳолиаш асосан аз ҳисоби кишоварзӣ ё муҳоҷират ба Русияву кишварҳои дигар рӯз мебарад.
Фақри саросарӣ дар Бадахшон ва мушкил будани таъмини ҳифозати марзҳояш ин минтақаи кӯҳистониро ба як масири қочоқи маводи мухаддир ва сангҳои қиматбаҳо табдил додааст. Нооромиҳои ахир дар Хоруғ низ дар пайи як амалиёти, ба гуфтаи пулис, боздошти қочоқбарон оғоз ёфт.
Бадахшон аз нигоҳи амниятӣ аз ҳалқаҳои заифи занҷири амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти ин вилоят генерал Абдулло Назаров нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ҳарду тараф шуд.