Диловар Хосабеков, раҳбари дастгоҳи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 28-уми май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки сӯҳбати ошкорои намояндагони аҳолии Бадахшон бо додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода, ки дар он ҳамчунин раиси Шӯрои адлияи кишвар Зафар Азизов низ ширкат дошт, дар фазои оштипазир ва тафоҳум сурат гирифта, ҳамаи нотиқон дар он ба ҳифзи оромию субот дар Бадахшон таъкид карданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ,додситони кулли Тоҷикистон дар робита ба нооромиҳои рӯзҳои 21-24 май дар Хоруғ гуфтааст, ки бояд сабабҳои аслии сар задани ин бӯҳрон ва муайян ва гунаҳкорони нооромиҳо ошкор шаванд. Бо ин ҳадаф, афзудааст, ҷаноби Салимзода, феълан гурӯҳи тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаҳоро идома медиҳад ва бо анҷоми кори он маълум хоҳад шуд, ки барои чӣ дар Хоруғ ва дар Ишкошим ноооромиҳо сар зада, кӣ ё киҳо таҳрикдиҳандаи онҳо будаанд.
Ҳамзамон, бархе аз фаъолони вилоят дар ин мулоқот гуфтаанд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба вижа шӯъбаҳои корҳои дохилии вилоят ба табодула ё ротатсияи кадрҳо зарурат доранд. Набот Додихудоева, раиси созмони ҷамъиятии «Мадина» дар Бадахшон, ки дар мулоқоти фаъолони вилоят бо Додситони кул Шерхон Салимзода ширкат дошт, бо назардошти ҳодисаи рузи 21-уми май, ки бар асари амалиёти Раёсати умури дохилии Хоруғ чанд шаҳрванд ва кормандони умури дохилӣ кушта ва захмӣ шуданд, пешинҳод кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ анҷом надиҳанд. Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки бинои Раёсати корҳои дохилӣ аз маркази Хоруғ ба канортар кӯчонда шавад ва барои кор дар ин ниҳоду шӯъбаҳои он афсарони ботаҷриба ва собиқадор ҷалб карда шавад.
Хонум Додихудоева афзуд, бисёриҳо дар пешниҳодҳои худ зикр карданд, ки сабаби сар задани нооромиҳо Бадахшон муносибат ва рафтори ғайрикасбии кормандони милиса ба шумор меояд ҳатман кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз санҷиши ҳирфаӣ гузаранд.
Ба қавли Набот Додихудоева, додситони кул Шерхон Салимзода гуфтааст, ки бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ сафар кардааст ва ҳамаи пешниҳодҳоро ӯ хоҳад расонд.
Раҳбари дастгоҳи ҳукумати вилояти Бадахшон Диловар Хосабеков мегӯяд, "аксари мардум дар пешниҳоду суханрониҳои худ таъкид ба оромию субот дар Бадахшон ва умуман дар Тоҷикистон мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳамагӣ ҷонибдори як зиндагии орому осудаанд.»
Вай афзуд, ки ҷараёни мулоқот бо додситони кул аз тарафи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва телевизони Хоруғ пурра сабт шуда, имкон дорад шоми имрӯз пахш шавад.
Мулоқоти фаъолони вилоят бо Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода беш аз дувуним соат идома кардааст ва ба гуфтаи мақомоти ҳукумати Бадахшон, дар ин мулоқот, ки дар бинои ҳукумати вилоят дар Хоруғ доир шуд, фаъолон, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, намояндагони созмонҳои шаҳрвандӣ ширкат карданд.
Як гурӯҳи сокинони Хоруғ аз рӯзи 21 май дар пайи ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 6 тани дигар дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ ба нишони эътироз биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони тирпарронии хунинро талаб карданд. Дар хушунатҳои баъдӣ боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд. Мақомот гуфтанд, ин тирпаронӣ дар пайи дастгир кардани як гурӯҳи гумонбарон дар муомилоти маводи мухаддир рух дода буд. Эътирозгарон рӯзҳои 21-22 -23 ва 24-уми май дар майдони назди ҳукумати вилоят гирди ҳам омада талаб карданд, ки ҳодисаи тирпаронӣ мунсифона баррасӣ шуда, муҷримони тирпаронӣ ба ҷазо кашида шаванд.
Рӯзи 27 май гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Ишкошим дар садкилометрии Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо талаби истеъфои сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даст ба эътироз задаанд. Эътирозгарон танҳо пас аз мулоқот бо муовини вазири умури дохилӣ Абдулло Навҷувонов, ки дар Хоруғ ба сар мебарад, пароканда шуданд.