Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Репортаж аз Марзич. Зиндагӣ баъди як моҳи сел (ВИДЕО)


Ҳанӯз як пули нимвайрона деҳаи Марзичро бо маркази ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон мепайвандад. Ин пул сӣ сол пеш сохта шуда, дар пайи сели аввали моҳи июли соли ҷорӣ зарари зиёд дид, вале то ҳол таъмиру бозсозӣ нашудааст.

Сокинон мегӯянд, дар рӯзи омадани сел пули Марзич се метр поёнтар аз сатҳи об қарор дошт ва натавонист, ки барои ба ҷои амнтар кӯчидани онҳо ёрӣ кунад. Мардум баъд аз ин ҳам тӯли чанд вақт лавозимоти рӯзгорашонро тавассути “қаиқҳо” гузарондаанд. Ҳоло оби рӯд ба пул мерасад ва сокинон бо нигаронӣ аз болои он мегузаранд.

Омадани сел барои Ойҷон Ҳасанова мусибати гарон буд, зеро шавҳари нафақахӯраш сактаи мағзӣ дошт ва ба болояш фарзандон набераҳоро ба ӯ гузошта дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Он шаб ҷойи фирор барои ин хонавода танҳо фарози куҳҳо буд. Султоналӣ Акбаров, шавҳари Ойҷон Ҳасанова, он шабро ба хотир оварда гуфт, “оилаам як илоҷ карда, маро ба хар бор кард ва ба болои куҳ баровард. Як моҳ то тамом шудани сел онҷо зиндагӣ кардем.”

Дар тӯли 4-5 моҳ дар ҳамон минтақа панҷ бор сел омадааст, вале ҳеҷ кас моро хабардор накард, то ҳадди ақалл як техникаро ба он тарафи пул гузаронем.
Рустам Назарзода

Ҳавлии ин хонавода дар селроҳа қарор дорад ва даҳҳо дарахти дар тӯли сӣ сол шинондаву парвардаашонро об бурдааст. Девори ҳавлӣ ва қисмате аз хонаашон низ тахриб гаштаанд. Ойҷон Ҳасанова мегӯяд, бо вуҷуди он ки зиёни зиёд дидаанд, касе аз ҳолашон напурсида, ба додашон ҳам намерасад.

"Шаби дароз хоб надорам, даҳҳо бор оби селроҳаро нигоҳ мекунам, ки ногаҳон об моро гирифта набарад," - мегӯяд ӯ.

Репортаж аз Марзич. Зиндагӣ баъди як моҳи сел
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Деҳаи Марзич, ки ҳамагӣ дар дурии 200 километр аз Душанбе қарор дорад, бо 300 аҳолиаш тӯли бештар аз як моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Сокинон ғизояшонро бо хар аз дурии 6 километр тавассути куҳҳо ва бо заврақҳо тавассути рӯд мекашонданд. Тақрибан 12 гектар замини кишт нобуд гардидаву даҳҳо манзилу нақлиёти мардум зери обу ярч мондаанд.

Элмурод Холмуродов, сокини 60-солаи Марзич, се нақлиёти шахсӣ ва ду таваққуфгоҳи нақлиёташро дар пайи омадани сел аз даст додааст. Танҳо ба ӯ муяссар гардидааст, ки аз зери ярч оҳанпораҳои нақлиёташро берун кашад. Ӯ гуфт, «намедонам, акнун ин заҳматҳои фарзандонамро кӣ бармегардонда бошад? Масъулони ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки агар Шумо нақлиётатонро суғурта мекардед, баъд мо зарарҳоятонро ҷуброн мекардем.»

Рустам Назарзода
Рустам Назарзода

Вале Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки дар бартараф кардани ин офати табиӣ низ иштирок кардааст, тахриб шудани хонаҳои сокинонро ба бемасъулиятии онҳо рабт дод. Ӯ гуфт, “дар тӯли 4-5 моҳ дар ҳамон минтақа 5 бор сел омадааст, вале ҳеҷ кас моро хабардор накард, ки ақаллан як техникаро ба он тарафи пул гузаронем. Он техникаҳое, ки мо бояд барои бартараф кардани хисорот бояд мегузаронидем, 30-40 тонна вазн дошт.”

Мардуми деҳаи Марзич баъди бештар аз як моҳ зери об мондани пул дубора аз болояш бо нақлиёти хеш маҷбур ҳастанд, ки гузаранд, вале сокинон мегӯянд, ҳоло ҳам хавфи сел вуҷуд дорад ва то омадани фасли сармо умед доранд, ки мақомот барояшон як пули дарозтар хоҳанд сохт.

Аксҳо аз бойгонӣ: Марзич дар чанги сели харобиовар

XS
SM
MD
LG