Фаъолони ҳифзи муҳити зист ягона роҳи наҷотро дар ҷангалзор кардани атрофи Душанбе медонанд.
Сабур Абдуллозода, мудири лабораторияи таҳқиқоти атмосферии Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи Академияи улуми Тоҷикистон, олудагии ҳавои Душанберо ногузир медонад. Зеро пажуҳиши онҳо собит кардааст, сол то сол шумораи тӯфонҳои чангу ғуборе, ки ба Тоҷикистон меоянд, меафзояд.
"Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тасмаи чангу ғубор ҷойгир аст. Агар шумо харитаи моҳвораро бинед, аз Африқои шимолӣ, аз Саҳрои Кабир, яъне Сахара сар карда, биёбонҳои арабӣ, Эрон ва Афғонистон то Тоҷикистон ва ин тараф Хитой, саҳрои Такламакан, то биёбони Гобии Муғулистон якчанд биёбонҳои бузург мавҷуд аст. Ҳамеша аз ин биёбонҳо чангу ғубор мехезад ва биёбоншавии бошиддат миқдори ин тӯфонҳоро зиёд кардааст,"-гуфт ӯ.
Озмоишгоҳе, ки Абдуллозода дар он кор мекунад, аз охири солҳои 80-уми қарни гузашта то кунун ҳамарӯза сифати ҳавои Душанберо чен мекунад. Таҳқиқи ахири онҳо то 48 элементи кимиёвии ҷадвали Менделеевро дар таркиби ҳавои Душанбе нишон додаст, ки аксарияти онҳо зарароваранд.
"Мо дар як таҷҳизоте, ки истеҳсоли Санкт-Петербург аст, спектрометрри рентгенофлоросентӣ аст, 11 элементро муайян мекунем, аз инҳо даҳтоаш элементҳои вазнин аст, боз арсенник аст, яъне мишяк, "марги муш" дар таркиби чангу ғуборе, ки мо нафас мекашем,"-мегӯяд Абдуллозода.
Соли 2022 пойгоҳи IQAir, қароргоҳаш дар Швейтсария, пойтахти Тоҷикистонро яке аз чаҳор шаҳри ҷаҳон номбар кард, ки ҳаво дар онҷо башиддат олуда аст. Ҳавои Душанбе дар нишондодҳои ин пойгоҳ то ҳол яке аз олудатаринҳо боқӣ мондааст. Аммо Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо баҳогузории ин созмон мувофиқ нест ва мегӯяд, маълумоти ин созмон танҳо сифати ҳаворо дар макони ҷойгиршавии пойгоҳ нишон медиҳад. Ба таҳлили мутахассисони ин ниҳод, сифати ҳавои пойтахт ба меъёри беҳдоштӣ мувофиқ аст.
Аз назари Сангинмурод, Самиев, сардори раёсати мониторинги муҳити зисти Онҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон соли ҷорӣ нисбати соли гузашта сифати ҳавои Душанбе 50 дарсад беҳтар аст.
"Ман метавонам гуфт, ки аз рӯи таҳлили мутахассисони мо соли гузашта зиёда аз 90 шабонарӯз ҳавои шаҳр ғуборолуд буд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2021 пешниҳод кард, ки бояд миқдори ғилзат ё консентратсияи зарачаҳои 2,5 микрона дар таркиби чанг дар кишварҳои дунё танҳо 5 микрограмм дар як метри мукааб бошад, ки айни замон 99% курраи замин ба ин мувофиқат намекунад,”- мегӯяд Самиев.
Самиев мегӯяд, ки ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ меъёри шабонарӯзиро 15 микрограмм муайян кардааст, аммо бештари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон меъёрро 35 микрограмм дар як метри мукааб қабул кардааст.
Пажуҳишгарон дар ин ду ниҳоди таҳқиқоти сифати ҳаво роҳи аз ҳама муассири ҷилаавгирӣ аз бадшавии ҳаворо зиёд кардани ҷангалзорҳо дар атрофи шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Душанбе медонанд. Фаъолони зистмуҳитӣ зиёд олуда шудани ҳавои пойтахтро боиси нигаронӣ медонанд ва боло бурдани маърифати экологии сокинонро барои камтар зарар дидан аз ҳавои олуда муҳим арзёбӣ мекунанд.
Зулфия Голубева, фаъоли зистмуҳитӣ, мегӯяд, ки медонад пешгирии ҳавои олуда хеле кори мушкил аст, аммо бисёр муҳим аст, ки аз тарафи мақомот одамонро огоҳ кунанд.
“Масалан вақте ки ҳавои чангу ғубор мешавад, одамоне, ки бемориҳои роҳҳои нафас доранд, одамоне, ки саломатиашон ба обу ҳаво ҳасос аст, ба одамоне, ки чунин ҳавои олуда ба онҳо хеле зарар мерасонад, онҳо бояд донанд, ки имрӯз бояд ниқоб пӯшанд, беҳтараш имрӯз аз хона набароянд ё тирезаҳояшонро накушоянд”,-пешниҳод мекунад ӯ.
Тоҷикистон барномаи миллии "Кишвари сабз"-ро қабул кардааст, ки бояд то соли 2037 ба кишвари сабз ва пойтахташ ба сарсабзтарин шаҳри минтақа табдил ёбад. Коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти "сабз", таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, зиёд кардани ҷангалзору дарахтзорҳо аз авлавиятҳои ин барномаи роҳбурдиянд. Тоҷикистон мехоҳад бо сарсабзтар кардани табиати кишвар то соли 2040 зиёда аз ду миллиард ниҳол шинонанд
Моҳи январи имсол, шаҳрдории Душанбе барои тозатар шудани ҳавои Душанбе эълон кард, ки "дар оянда тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бо автобусҳои барқӣ иваз хоҳад шуд" ва барномаи зиёд кардани дарахту ҷангалзорҳо дар дохил ва атрофи шаҳрро низ роҳандозӣ кард.
Тоҷикистон аз лиҳози партовҳои газҳои гулхонаӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон дар зинаи 135 қарор дорад, аммо тағйирёбии иқлим ва вуруди тӯфонҳои чангу ғубор экосистемаи онро дучори мушкилоти зиёд кардааст.
Гуфтугӯ