Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши гарду ғубор Тоҷикистонро хушку камоб мекунад?


Гарду ғубор дар Душанбе. Акс аз соли 2016
Гарду ғубор дар Душанбе. Акс аз соли 2016

Бештар шудани чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, агар пеши роҳи чангу ғубор ва таъсири онҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо гирифта нашавад, минтақа ба буҳронҳои экологӣ дучор мегардад.

Баъзе аз нигарониҳои Тоҷикистон дар ҳамоиши байнулмилалии "Таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳои Осиё ва Уқёнуси Ором" баён шуданд. Ба назари Ҷамшед Камолзода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, обшавии пиряхҳо офатҳои зиёдӣ табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ дар пай дорад.

"Солҳои 90-ум муҳаққиқон дар Тоҷикистон дар як сол ду-се дафъа тӯфонҳои чангу ғуборро сабт карда бошанд, дар солҳои 2023-2024 тӯфонҳои чангу ғубор дар ҳудуди кишвари мо то 35 маротиба сабт шуд. Ин чангу ғубор дар худ намак дорад, дигар зарраҳои металҳои вазнин дорад, ки метавонад ба обшавии пиряхҳо оварда расонад," -- гуфт ӯ рӯзи 26-уми сентябр.

Натиҷаи биёбоншавӣ ва муноқишаҳо?

Зиёда аз 60 дарсад пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳастанд ва босуръат об мешаванд. Як далели обшавии босуръат биёбоншавии минтақа, эҷоди тӯфонҳои чангу ғубор гуфта мешавад. Маркази байнулмилалии рушди мудирияти иттилоърасонӣ аз офатҳои табиӣ дар ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором омӯзиш ва пешгирии таъсири чангу ғуборро ба пиряхҳо муҳим медонад.

Мустафо Муҳаққиқ, ҳамоҳангсози аршади ин Марказ, бар ин аст, ки гарду ғубор боис ба тағйири шакл дар суръат, равиш ва андозаи пиряхҳо дорад, ки сабабгори омадани сел ва таъсироти кишоварзӣ мегардад: "Ҳамон тавре ки давлати Тоҷикистон имрӯз ишора кард, аз ҳудуди 14 ҳазор пиряхи табиие, ки Тоҷикистон дошт, ҳудуди 1000-то аз он комилан об шудааст. Бинобар ин ҳифзи пиряхҳои табиӣ худаш як мавзӯест ва дар канори ин таъсири гарду ғубор ба ин пиряхҳоро дорад."

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Газҳои гулхонаӣ, қобилияти инъикоси нурҳо аз сӯйи замин, радиатсияи мустақими офтоб ва аэрозолу чангу ғубор дар атмосфера аз омилҳои асосии коҳиши пардаи озонии замин ва дар натиҷа тағйирёбии иқлим номбар мешавад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ дар наздикии ҳавзаҳои ҷойгиршавии пиряхҳоро профессор Абдулҳамид Қаюмов, пиряхшиноси тоҷик, як сабаби дигари обшавии босуръати пиряхҳо донист.

"Роҳи аз ҳама хубтараш кам кардани биёбоншавӣ, яъне бунёди дарахтзорҳост. Инчунин муноқишаҳое, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд, чангу ғубор ва партовҳои дигарро дар фазо зиёд мекунанд. Биёбоншавие, ки дар ҷаҳон дида мешавад, ин албатта меъёри чангу ғуборро зиёд мекунад," -- мегӯяд профессор Қаюмов.

Тоҷикистон дар камарбанди биёбоншавие қарор дорад, ки аз биёбони Саҳрои Кабир оғоз мешавад ва ба василаи биёбониҳои араб ва Эрону Афғонистон то биёбонҳои Осиёи Марказӣ ва Чину Муғулистон мерасад.

Сабур Абдуллозода, мудири як лаборатория дар Пажуҳишгоҳи физика, мегӯяд, ин чангу ғуборҳо на танҳо ба пиряхҳо таъсир гузоштаанд, балки ҳавои шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла пойтахти Тоҷикистонро бисёр олуда кардаанд: "Ҷойҳое, ки ҷангалзор аст, борон 7 маротиба бештар аст. Ба мисли ҷангалзорҳои Русия, Австралия, Амазонка, Амрико, Осиёи Шарқӣ. Бубинед, дар ин кишварҳо агар то пешин офтоб бошад, баъди пешин борон меборад. Ҳаво тоза, сифати ҳаво хуб аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе нафасгиршавӣ аз ғубору пиряхҳоро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Яке аз далелҳои биёбоншавӣ ва афзоиши тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиёи Марказиро донишмандон дар нишасти Душанбе истифодаи аз ҳад зиёд ва ғайриоқилонаи зарфиятҳои обии минтақа барои бахши кишоварзӣ дар замони Шӯравӣ донистанд. Ба назари коршиносон, дар пайи хушкшавии баҳри Арал боду тӯфонҳо намаку чангу ғубори ин мавзеъро ба манбаъҳои обӣ ва барфу пиряхҳо парешон мекунанд.

Масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз 11 ҳазор километри мураббаъ аст, ки аз манбаъҳои асосии об барои мардум, киштзорҳо ва даштҳои ташналаби кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Тоҷикистон дар дарёҳое, ки аз оби ин пиряхҳо ҳосил мешаванд, нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург сохтааст ва тасмим дорад, ки барои ҳалли буҳрони энержӣ чанд нерӯгоҳи дигар бисозад.

Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ин барномаҳои Тоҷикистонро бо мушкил рӯбарӯ мекунанд. Аз сӯйи дигар обшавии босуръати пиряхҳо офатҳои табииро зиёд кардааст, ки солона беш аз 100 миллион доллар зиён меоранд. Барои пешгирӣ аз ин буҳрон Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода, аз СММ хост, соли 2025-ро соли ҳифзи пиряхҳо эълон кунад.

XS
SM
MD
LG