Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз чангу хокбориш дар Тоҷикистон ​​​​​​​


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинонро  аз ҳавои пурчангу хок огоҳ кардааст.

Ба навиштаи сомонаи кумита, пешбиниҳои вазъи обуҳаво дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои 11-13 сентябр ин аст, ки "бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст". Хокбориш аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш бисёр манотиқи Тоҷикистон бо боришоту селобҳои зиёде дастбагиребон буданд ва дар натиҷа, дастикам 21 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бархе ҷасади кушташудаҳои селҳои ахир то ҳол ҷустуҷӯ мешаванд.

Тағйириоти ҳаворо ба номусоидии иқлим рабт медиҳанд, ки натиҷаи торафт гармтар шудани ҳарорати сайёра мебошад.

XS
SM
MD
LG