Хокбориш. Душанбе дар иҳотаи гарду ғубор. Сокинони пойтахти Тоҷикистон солҳои охир ҳарчи бештар шоҳиди чунин манзара мешаванд. "Хокбориш зуд-зуд рух медиҳад ва нофорам аст. Нафаскаширо мушкил мегардонад,” – мегӯяд Нигора Юсуфова, сокини пойтахт.
Дар ҳоле ки пизишкон нӯшидани оби зиёд ва пӯшидани ниқобро дар чунин шароит машварат медиҳанд, Нигора Юсуфова мегӯяд, “пӯшидани ниқоб ҳам муносиб нест, зеро ба нафаскашӣ халал мерасонад. Ин тавр зиндагӣ кардан душвор ва нороҳаткунанда шудааст.”
Ҳодисаҳои ба ин монанд, ба гуфтаи коршиносон, натиҷаи тағйири иқлим ба вуҷуд меоянд. Натанҳо дар Тоҷикистон, балки саросари Осиёи Марказӣ. Сокинон мегӯянд, ҷабри тағйиротро бештар онҳо мекашанд.
Ба қавли Мунира Хушқадамова аз Душанбе, “чанд сол боз аз беморӣ азоб мекашам. Дар чангу ғубор истода наметавонам. Сулфа азият медиҳад. Ба ман дорухат менависанд, табобат мегирам, каме худро беҳтар ҳис мекунам.”
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Файсал Сахирой дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе кор мекунад. Сари ҳар чанд вақт ба назди ӯ бемороне меоянд, ки гарду ғубори афзун онҳоро ба танг овардааст.
Ӯ гуфт: “Дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон бемории дилу шуш рӯ ба афзоиш аст. Чангу ғубор дар организм таъсири манфӣ дорад. Агар андозаи чангу ғубор баланд бошад, сабаби бемории роҳи болоии нафас мешавад. Агар андозаи чангу ғубор кам бошад, сабаби бемории роҳи поёнии нафас, бемории дил ва тамоми организим мегардад.”
Тоҷикистон дар шохис ё индекси покизагии ҳаво дар соли 2022 дар қатори даҳ кишвари аз ҳама олудатарини ҷаҳон ҷой гирифтааст.
Зебуннисо Муъминзода аз Маркази экологии Осиёи Марказӣ мегӯяд, агар дар даҳаи 90-ум дар Тоҷикистон соле ду-се бор тӯфони гарду ғубор мушоҳида мешуд, ҳоло то ба 35 маврид расидааст. Тӯфони чангу хок аз қитъаҳои хушкшудаи Баҳри Арал дар Узбекистон, даштҳои Қазоқистон ва Афғонистон мехезад.
"Вазидани бод бештар шудааст, бориши барфу борон камтар. Ҳамчунин омилҳои инсонӣ ба пайдо шудани хокбориш сабаб мегарданд. Яъне, буридани ҷангалҳо, обёрии нодуруст ва дар тамоми сол чарондани чорво дар саҳро," –гуфт хонум Муъминзода.
Шаҳри Душанбе ба гунаи дегдонест, ки аз се тараф дар иҳотаи кӯҳсор мондааст, вале хокбориш онҳоро аз назарҳо пинҳон мекунад. Биноҳои баланду навбунёдро ҳам.
Гуфтугӯ