Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Крис Аслан: Русия Осиёи Марказиро барои кишти пахта ишғол кард. ВИДЕО


Нависандаи англис Крис Аслан дар моҳи июни имсол китоби навашро бо номи "Кушодани гиреҳи "Роҳи абрешим" нашр кард.

Дар китоб рушди ҷаҳонии саноати нассоҷӣ сарчашмаи бадбахтии мардум, ишғоли давлатҳои минтақа ва фоҷеаи зистмуҳитии Осиёи Ҷанубиву Марказӣ номида мешавад. Муаллифи асар дар баробари “Роҳи абрешим” “Роҳи пахта” ва “Роҳи пашм”-ро низ ёд кардааст. Дар суҳбати вижа бо Радиои Озодӣ, ин сайёҳи собиқадор дар бораи китобаш ва се роҳи рушди нассоҷӣ, ки ба ақидаи ӯ минтақаро тағйир додаанд, тафсилот дод.

Крис Аслан: "Аксар мардум ҳадди ақал дар бораи “Роҳи абрешим” хабар доранд, ки тоҷирон минтақаҳои хатарноку дурдасти шабеҳи Бадахшон-кӯҳу биёбонҳоро тай намуда абрешими чиниро, ки моли серхаридор буд, то бозорҳои Баҳри Миёназамин мерасониданд. Барои мисол, дар бораи “Роҳи пахта”, ки Русия, Ҳиндустон ва Британияро ба ҳам овардааст, маълумоти зиёд надоранд. Дар китоб кӯшиш кардам нишон диҳам, ки эҳтимол яке аз сабабҳои мустамликадории Британия маҳз пахта аст."

Радиои Озодӣ: Вале ин робита - робитаи пахта бо мустамликадорӣ чист?

Крис Аслан: "Дар асрҳои миёна аврупоиҳо ошиқи зираворӣ ва атриёти шарқӣ буданд. Чормағзи ҳиндӣ, дорчин, қаламфур, ҳино ва дигар анвои атриёти хушбӯй дар Аврупо намерӯид ва мебоист аз қаламрави Индонезияи имрӯза ворид шавад. Мо чизи мавриди таваҷҷуҳи онҳоро надоштем ва маҷбур будем, ки аз Ҳиндустон пахта харида, бо тоҷирони индонезӣ барои дарёфти зиравориву атриёт мубодила кунем. Хуллас, бритониёиҳо арзиши баланди пахтаро дарк намуданд, ки ба фикрам, яке аз сабабҳои ба мустамлика табдил додани Ҳиндустон ва дар амал дарҳаму барҳам задани соҳаи пахтапарварии ин кишвар ҳам ҳамин аст."

Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:

"На абрешим, на пашм ва на пахта ба Осиёи Марказӣ хушбахтӣ наовардааст!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:31 0:00

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Аслан, пас нақши Русия дар бунёди “Роҳи пахта” аз чӣ иборат аст?

Крис Аслан: “Амали шабеҳи Британияву Ҳиндустон бо Русия ва Осиёи Марказӣ ба вуқуъ пайваст. Русия дид, ки чӣ гуна Британия аз ҳисоби ба мустамлика гирифтани Ҳиндустон сарват ба даст овард. Русҳо хостанд, ки худро ба он ҷо расонда, Ҳиндустонро тасарруф кунанд. Русия дар самти ҷануб ҳаракат кард ва Британия ба оҳистагӣ дар самти шимол ба ҷунбиш даромад. Мо ин давраи асри 19-ро “Бозии бузург”-и ду империяи абарқудрат - Русия ва Британия меномем. Осиёи Марказӣ дар маркази ин “бозӣ” қарор дошт. Дар ҳамин давра Русия фаҳмид, ки коштани пахта дар Осиёи Марказӣ имкон дорад. Бар илова, дар Иёлоти Муттаҳида, ки содиркунандаи асосии пахта дар ҷаҳон ба шумор мерафт, ҷанги шаҳвандӣ аланга гирифт ва содироти пахта комилан мутаваққиф шуд. Русия ба хулоса омад, ки Осиёи Марказиро ишғол карда, минтақаро ба макони кишти пахта табдил диҳад."

Радиои Озодӣ: Дар бораи "Роҳи пашм" чӣ гуфта метавонед. Ин истилоҳ аз куҷо пайдо шуд?

Крис Аслан: "Дар тарафи муқобили қаторкӯҳи Тиён-Шон дар қаламрави вилояти Шинҷони Чин ҷасади беш аз сеҳазорсола ёфт шудааст, ки аз рӯйи намои антропологӣ ва либоси танашон зоҳиран аврупоӣ будаанд. Мардуми зиёди даштҳои бузург аз Украина то Қазоқистону минтақаи Сибири имрӯза барои иқомат мебоист аз пашм барои худ юрта месохтанд. Дар сардиҳои қаҳратуни минтақа танҳо манзили пашмӣ ҳаёти бошандагонро ҳифз мекард ва имкон медод, ки ҳангоми кӯчбандӣ юртаро бо худ бибаранд. Агар аз карбос ва ё намад манзил бунёд мекарданд, касе дар зимистон зинда намемонд. Хулоса, дар китобам се роҳи рушди нассоҷиро, ки боис ба тағйири кулли минтақа шудаанд, баррасӣ кардаам."

Радиои Озодӣ: Дар солҳои навадуми қарни гузашта муддате дар Тоҷикистон иқомат доштед...

Крис Аслан: “Бале, бале. Дар Хоруғ зиндагӣ доштам. Ҷойи бисёр хуб аст. Зиндагӣ дар онҷо осон нест. Баъзан ғизо намерасид, баъзан тарма роҳро мебаст. Бадахшон миёни ду кишвар - Тоҷикистон ва Афғонистон - тақсим аст. Мардуми ҳар ду тарафи марз аз як миллатанду пайрави як мазҳаб ҳастанд, вале мебинед, ки ҳаёти сокинони Бахашони Афғонистон хеле соддатар ва дар муоқиса бо БадахшониТоҷикистон анъанавӣ мондааст. Ман дар Бадахшон забони шуғнониро омӯхтам. Бадахшониҳо дар навбати худ бисёр хуб ба забони англисӣ суҳбат мекарданд. Ба фикрам мавҷудияти ҳарфи хоси монанд ба ҳарфҳои забони англисӣ барои мардуми Бадахшон омӯзиши ин забонро осон кардааст."

Радиои Озодӣ: Оё метавонед, ба забонҳои Бадахшон суҳбат кунед?

Крис Аслан: “Кӯшиш кардам, талаффузи дурусти калимаҳо ва ҳарфҳоро аз худ кунам. Мардум тааҷҷуб мекарданд, ки хориҷӣ забонҳои бадахшониро меомӯзад. Онҳо ба ман мегуфтанд, ки ба ту чӣ лозим аст? Истифодаи забони мо дар фурудгоҳ хотима меёбад. Мегуфтам, ин ҷо зиндагӣ дорам ва бояд забони мардуми маҳаллиро донам. Ҳатто бо як донишманди маҳаллӣ рӯйи таҳияи як китоби омӯзиши забонҳои Бадахшон барои хориҷиён кор кардам.”

Радиои Озодӣ: Ба забони узбекӣ ҳам суҳбат мекунед. Ин аз куҷост?

Крис Аслан: “Дар соли 1996 ба Узбекистон сафар карда, дар созмони хайриявии шведӣ бо номи “Мерсӣ” кор кардам. Забони узбекиро омӯхтам. Ҳамон вақт раиси шаҳри Хива шахси равшанфикре буд, ки мехост ватанаш ба макони зиёрати сайёҳони саросари дунё табдил ёбад. Дар бораи пайдоиши интернет низ маълумот дошт. Ӯ моро ба ҳамкорӣ даъват кард. Зимнан, дар Хива фаҳмидам, ки лаҳҷаи онҳо тамоман дигар асту замоне гӯиши онҳоро низ аз худ кардам. Аснои таҳияи “Роҳбалади сайёҳон” дар Хива кӯшиш кардам, ки дар рафъи бекории мардуми маҳаллӣ саҳм гирам. Дар Хива барои занони бекор корхонаи истеҳсоли гилем таъсис додем, ки дар таъмини рӯзгори даҳҳо оилаи маҳаллӣ кумак кард. Бо истифода аз дастхатҳои қадимӣ мо тавлиди гилеми асили узбекиро раҳандозӣ кардем. Ин таҷриба баъдан дар Бадахшон низ истифода шуд. Аслан ҳар гӯшаи Осиёи Марказиро ватан мешуморам ва ҳар гоҳе, ки имкони сафар ба он ҷо ҳаст, онро аз даст намедиҳам.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG