Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди зиндон: доғи маҳбас домани Мадинаро сар намедиҳад


Мадина бисту панҷ сол дорад ва дар Ҳисор зиндагӣ мекунад. Ҷое кор намекунад, зиндагии норӯшан дорад ва аллакай як дафъа дар зиндон ҳам нишастааст. Ин духтар, ки хост бо номи мустаор саргузаштҳои худро қисса кунад, худро қурбонии иштибоҳҳои худ меномад.

Мегӯяд, дар 20-солагӣ бо ҷавоне шинос шуда, бо ӯ робита барпо кард. Пас аз се моҳи ошноӣ Мадинаро бо 5 грамм бангдона боздошт карданд, ки ба гуфтаи ин духтар, моли дӯстписараш буд. Додгоҳ Мадинаро дар поймол шудани қонун гунаҳгор ва ба мӯҳлати 3,5 сол равонаи зиндон

Хатои ман ҳамин буд, ки мехостам як духтари хушбахт бошам, аз ин зиёд не

кард. Маводи мухаддири дӯстписари Мадина дар дохили сумкаи ӯ буд, ки ба даст афтод ва ҳаминтавр боздошту зиндонӣ шуд.

Мадина мегӯяд, зиндагии баъди зиндони ӯ аз назари азияту сахтиҳое, ки дорад, як зиндони дигарро мемонад: “Ман ягон маротиба даст ба маводи мухаддир назадаам. Фақат ошиқ шудам. Фикр кардам, ки бо дӯстписарам оила барпо мекунам. Ман аз дасти маводи мухаддири вай ба дасти милисаҳо афтодам. Ҳоло манро ҳеҷ кас қабул надорад. Бародарам намехоҳад, ки ман бо онҳо зиндагӣ кунам, пас аз озод шудан аз зиндон бародарам чанд бор лату кубам кард. Мефаҳмам. Ман нангу номуси онҳоро поймол кардам”.

Сӯҳбати видеоии Мадина бо Радиои Озодӣ базудӣ нашр мешавад

Мадина мегӯяд, баъди адои мӯҳлати ҷазо ба манзили падар ва бародар баргашт, маълум шуд дигар ба касе аз наздиконаш лозим нест. Мушкили пайдо кардани кору машғулият дигар дардисарест, ки ӯро дар чашми наздикон боз ҳам бадтар як инсони манфур мекунад: “Ҳама медонанд, ки ман зиндонӣ шудаам, гӯё ман нафареро кушта бошам ё ин ки барои дуздӣ маро дастгир кардаанд. Ҳоло дар Ҳисор нафаре маро ҳатто ба ҳайси фаррош ё ин ки пешхизмат ҳам ба кор гирифтан намехоҳад”.

Соли 2009 аз зиндони занонаи Норак занҳои зиёд бар асоси қонуни афв озод шуданд
Соли 2009 аз зиндони занонаи Норак занҳои зиёд бар асоси қонуни афв озод шуданд

Мадина мегӯяд, азбаски ҳунару касбе надорад, чанд дафъа талош кард дар ошхонаҳои сари роҳи ноҳияи Ҳисор ба ҳайси пешхидмату тамизкор кор кунад, вале ҳар дафъа баъди он ки ҳамсояву шиносҳо ба соҳибони ошхона дар бораи собиқ зиндонӣ будани ӯ хабар медиҳанд, аз кораш маҳрум мешавад.

Мадина аз бародараш шунидааст, ки дӯстписараш ба Русия фирор карда дигар ҳеҷ гоҳ аз ҳоли ӯ напурсид. Вай мегӯяд, як зиндагиву ояндаи норӯшане дорад, касе ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳад, дар ҳоле, ки дар синну соли ӯ дар Тоҷикистон духтарҳо маъмулан оила барпо карда соҳиби фарзанд мешаванд. Мадина мегӯяд, агар имкони аз нав шурӯъ кардани зиндагиро медошт, ҳеҷ гоҳ ошиқ намешуд. “Хатои ман ҳамин буд, ки мехостам як духтари хушбахт бошам, аз ин зиёд не”, мегӯяд Мадина, ки пайваста дар ҳолати асабонияту нигаронӣ қарор дорад.

Дар оиладорӣ ҳам мардони зиндонӣ шонси беҳтар доранд

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, воқеан ҳам дар Тоҷикистон муносибат ба зиндониҳои собиқ якранг нест. Агар бархе мардони зиндонӣ ҳатто дар дохили маҳбас ҳам имкони барпо кардани оиларо доранд, духтарҳову занҳо аз ин назар хеле заъфпазиранд. Аксар аъзои ҷомеа зиндонӣ шудани як зан, бахусус духтари ҷавонро азх назари меъёрҳои ахлоқӣ маҳкум мекунад, ва на ҳама омода ҳастанд, ки дарди дили ин қишри занонро бишнаванду барояшон кӯмак кунанд.

Арӯсии марди тоҷик дар як зиндони Русия бо як ҳамватани худ
Арӯсии марди тоҷик дар як зиндони Русия бо як ҳамватани худ

Назира Холиқова, муовини сардори як идораи қайди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд: “Дар зиндонҳои ин кишвар дар 7 моҳи охир 81 санади ақди никоҳ дар маҳбусхонаҳо сабти ном шудааст. Мутаассифона ҳоло ин омори умумӣ мебошад, ва тақсимоти байни ҷинсӣ гузаронида нашудааст”. Вале ҷомеашиносон мегӯянд, ки аксари зиндониҳо оиладоршуда мардон мебошанд.

Як фаъоли ҷамъиятӣ, ки солиёни зиёд бо занҳои собиқи зиндонӣ кор ва барояшон кӯмаки равониву иҷтимоӣ кардааст, мегӯяд, бо ин ки аксари ин гурӯҳ занҳо мехоҳанд зиндагиро дубора аз варақи тоза шурӯъ кунанд, барояшон ҷомеа имкон намедиҳад, ки аз назари равониву зеҳнӣ аз доғи сангини “маҳбус” озод шаванд. Хешовадони наздик, ҳамсояҳо, дӯстону ҳамкорон баъди зиндон “собиқ” мешаванд ва дигар намехоҳанд бо чунин зане рафтуомад, ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ дошта бошанд. Фариштамоҳ Гулова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Нигоҳи нав” мегӯяд:

Мутаассифона, заноне, ки ҳабс шуда буданд, баъд аз мӯҳлати нишаст аз ҷойҳои махсус мебароянд, баъдан дар зиндагӣ мақоми худро пайдо намекунанд. Ҳама чиз вобаста аст аз ҷинояти содиршудаи зан. Ҳолатҳое ҳастанд, ки оилаҳо аз онҳо даст мекашанд – на танҳо шавҳар, балки падару модарон низ даст мекашанд. Ва намуди ҷиноят нақши бузургро дар зиндагии занҳои маҳбусшуда мебозад”.

Фариштамоҳ Гулова мегӯяд, ба ин қабил занон мушкили аслӣ барпо кардани оила мешавад.

Роҳбари “Нигоҳи нав” дар он назар аст: “Дар ҷомеаи мо тамғагузорӣ ба ҳама намуди занон одат шудааст. Барои мисол агар дер шавҳар кард - “Пирдухтар”, аз шавҳар ҷудо шуд - “Оилавайронкун”, ба шавҳар баромаду, шавҳараш мурд - “Касиф” мегӯянд. Мо бояд маданияти ҷамъиятамонро баланд бардорем. Гуфтанӣ нестам, ки зани одамкуштаро бояд қабул кард. Вале ба ӯ бояд шансе дода шавад, то ки дигар даст ба ҷиноят ё хатое назанад. Аммо занҳое ҳастанд, ки пас аз зиндон озод шуда иваз мешаванд. Барои барои ҳамоиши онҳо бо ҷомеа коре карда шавад”.

Дар зиндони шаҳри Норак, ки ҳамчун зиндони занона маъруф аст, ҳанӯз даҳ соли аксари зиндониҳо онҳое буданд, ки даст ба қочоқи маводи мухаддир задаанд. Ин гурӯҳи занҳо мегӯянд, аксаран ба хотири беҳбуди шароити иҷтимоии зинадагии худ даст ба ин кор мезананд. Феълан дар ин маҳбас 237 зан нигадорӣ мешавад ва ҳар яки онҳо бо умеди раҳо шудан аз зиндон рӯз мешуморанд. Мадина ҳам, ки барои рафтори намунавиаш бар асоси қонуни афв як сол пеш аз анҷоми мӯҳлат ба озодӣ баромад, мегӯяд, фикр мекард дар пушти деворҳои зиндон метавонад зиндагии беҳтаре шурӯъ кунад. Вале ҳанӯз натавонистааст роҳи худро пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG