Собиқ як зани зиндонӣ қиссаҳои паси милаҳои маҳбасро дар китобе ифшо кардааст. Ороста Ниёзӣ рӯзи 11 декабр гуфт, беш аз панҷ сол барои қаллобӣ дар зиндони занонаи шаҳри Норак нишаст ва сарнавиштҳои воқеиро бо чашмони худ диду шунид. "Ин китобро "Муҳаббат боз мегардад" номгузорӣ кардем. Асосан дар шакли назм навишта шуда, бо пешсухани шоири эрониасли амрикоӣ Масъуди Сипанд рӯи чоп омад", - афзуд ӯ.
Инсон сарнавиштро пешгӯӣ карда наметавонад ва як иштибоҳ ӯро то кунҷи зиндон хоҳад бурд.
Ин зани 32-сола мегӯяд, соли 2010 ба ҷурми қаллобӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Вай имсол "барои ахлоқи намуна доштан" пеш аз мӯҳлат раҳо гардидааст. Ороста Ниёзӣ мегӯяд, мисли ҳамаи зиндониён ҳукми додгоҳро ноодилона ва худро қурбонии макри дигарон мешуморад. Вале додгоҳ мегӯяд, ки Ороста на танҳо дуздӣ кард, балки "ба одами аз роҳаш баромада ҳамла кардааст, ки ин роҳзанӣ ҳисоб мешавад."
Ороста мегӯяд, аз ҷаҳони озод якбора ба чордевори сангин рафтан ӯро "шок" кард, вале ба ҷойи онки, ба қавли худаш, вақтро беҳуда гузаронад, ба навиштани саргузаштҳои воқеии ҳамроҳон пардохт. "Яке дар пайи талоши рӯзгузаронӣ, яке барои нодонӣ ва баъзе ҳам барои иштибоҳ зиндонӣ шуда буданд ва намешуд ҳамаи инро нодида гирифт", - афзуд ӯ.
Вале Ороста Ниёзӣ нахост дар бораи рӯзгори худаш дар зиндон сӯҳбат кунад. Танҳо гуфт, "зиндагӣ дар зиндон барои ман саҳифаи тозаро боз намуд. Пастиву баландиҳоро дидм. Бо сарнавишти нафароне ҳам ошно шудам, ки ҷурми сангине накардаанд, вале баҳои сангине мепардозанд. Ба фикрам, ҳамаи ин панде барои як зан аст."
Зиндонии собиқ гуфт, дар маҳбас бо нафароне ҳам ошно шуд, ки дар озодӣ орзуи суҳбати онҳоро дошт, аммо дасташ то онҳо намерасид. "Ин ҳам панди дигар аст. Инсон сарнавиштро пешгӯӣ карда наметавонад ва як иштибоҳ ӯро то кунҷи зиндон хоҳад бурд", - афзуд Ороста.
Ин ҳамсӯҳбати мо дар идома аз муносибати начандон хуби ҷомеаи муҳофизакори Тоҷикистон бо занони зиндонӣ ё собиқ зиндониҳо нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, "вақте як зан зиндонӣ мешавад, ҷомеа нисбат ба ӯ нигоҳи хуб надорад. Ҳатто хонаводааш ба ӯ назари хуб надоранд. Замоне агар за зиндон ҳам берун шуд, кам касе ҳаст, ки ӯро хуб қабул кунад. Касе нест, ки дасти ӯро бигирад."
Ороста дар ҷавоб ба суоли инки оё донишу савод ҳам метавонад барои як зан дар зиндон кумак кунад, гуфт, "аслан намехоҳам дар ин бора чизе гӯям, вале ҳаминро таъкид мекунам, ки ҳар куҷое пул ҳаст, онҷо мақоми одамӣ дигар аст. Ҳатто дар зиндон."
Ороста Ниёзӣ мегӯяд, баъди раҳоӣ аз зиндон ӯ барои зиндагии шоиста талош хоҳад кард. Вай то имрӯз китоби "Дарвозабони ғам", "Аз сафари гиристанҳо" ва "Панҷаи нарми шамол"-ро низ ба чоп расондааст ва мегӯяд, китобнависӣ аз шуғлҳои асосияш хоҳад буд.
Дар зиндони занонаи шаҳри Норак дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 зан нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомот гуфтанд, ки бархеи онҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар пайи ба иҷро даромадани қонуни нави афв озод шуда, ба назди пайвандони худ баргаштаанд. Тибқи қонуни афв, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод шуд, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида шуд.